Аснои бозгашт аз сафар ба ноҳияи Рашт (соли 2019) нависанда ва журналист Диловари Мирзо таклиф кард ба тамошои Боғи ботаникӣ-фарҳангии «Кӯҳсори Аҷам»-и кишваршинос, ходими илмии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Мирзошоҳи Акобир равем. Бо вуҷуди он ки фасли гармо ҳукм меронд, ростӣ, ману ҳамроҳонам Бахтиёри Ҳамдам (сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ») ва Ёқубҷон Абдуманнонзода (сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози») баъди каме истиҳола розигӣ додем. Аммо, вақте ба он ҷо рафтем, бемуҳобот, мафтуни зебоиҳо гардида, баргаштан бароямон бо осонӣ даст надод.
Мирзошоҳро дар боғ машғули кор пайдо кардем. Ӯ бо чеҳраи кушоду оғӯши боз моро пешвоз гирифт ва баъди вохӯриву пурсупоси маъмулӣ ҷониби бинои нотамоми осорхонаи «Кӯҳсори Аҷам» роҳнамоӣ кард. Он аз се ошёна иборат буда, корҳои асосии сохтмониаш, ки дохили боғ ва дар соҳили дарёи Сиёҳоб ҷо гирифтааст, ба анҷом расидаанд.
Маҳви тамошои бунёдкорию табиати зебои атроф боло мебаромадему касе хуши гапзанӣ надошт. Ҳама дар банди асорати табиати афсункор афтода будем. Ва бисёр хоҳиш доштем, ки аз таърихи бунёди осорхона маълумот пайдо намоем. Ба ошёнаи дуюм баромадему вориди толори калону барҳаво гаштем. Мирзошоҳ гӯё мақсади моро пай бурд, ки сукунатро халалдор карда, лаб ба гуфтор кушод.
- Ҳамааш соли 1981 оғоз ёфт. Падари бузургворам аз дунё даргузашт ва хостам аз сарулибосаш ёдгорӣ бигирам. Бароям кафши шикастаи чӯбини ӯ писанд буд…
Ёд дорам, вақте ки бачаи хурдсол будам, падарам рӯзҳои боронӣ онро мепӯшиду озодона роҳ мегашт. Баъдтар, замоне ки ба синни нахустини мактабӣ қадам гузоштам, ҳавасам омаду боре, баъди ба кор рафтани қиблагоҳ, хилват карда, кафши чӯбинро пӯшидам, вале роҳ гаштан бароям муяссар нашуд. Душвор буд по бардоштану қадам гузоштан. Тааҷҷубам афзуд, ки мардони калонсоли деҳа чӣ гуна бемалол бо чунин пойафзол чобуку устувор роҳ мераванд…
Кафшҳоро тоза карда, болои миз гузоштам ва ҳар гоҳе ки вориди дафтари корӣ шавам, чашмам ба онҳо меафтаду симои падар пеши рӯ меояд. Панду андарзҳояш дар лавҳи хотирам падид мегарданд.
Ва боре пурсишҳои зер дар сарам чарх зада, маро ором намегузоштанд: «Аз падар нишона дорам, вале чаро аз бобокалону ҳамдиёронам, ки мардони соҳибҳунару номдор буданд, чизе нест? Чаро аз таърихи зодгоҳам хуб огоҳӣ надорам? Чаро дар маҳале, ки ман зиндагӣ мекунам, осорхона вуҷуд надорад? Ё чаро дар китобҳои таърихии кишвар гузаштаи омӯзандаи сарзамини бобоии ман ва ҳунарҳои қадимаи сокинони онро кам таҷассум кардаанд?.. Билохира, ба қароре омадам, ки нигораҳои дар дасти мардумбударо ҷамъ меораму осорхонаи хурд, ки тавонад аз таърихи Рашт ҳикоя кунад, таъсис медиҳам. Ибтидо ба хонаи сокинони зодгоҳам — деҳаи Ҷафр рафтам. Баъд ба дигар деҳаҳои дуру наздик. Аксар одамон хоҳишамро рад накарданд ва нигораҳояшонро бароям туҳфа намуданд. Бархе пардохти қимати ашёи дар ихтиёрдоштаашонро талаб карданд. Он айём, ки ба касби агрономӣ машғул будам, маошамро низ ба харидани ашёҳои таърихӣ сарф кардам. Ҳатто буданд одамоне, ки ба ман менигаристанду механдиданд. Ҳамчунин, барои амалӣ гардонидани мақсад дари садҳо идораву ташкилоти давлативу ғайридавлатиро низ бо сад умед кӯфтам. Бо вакилону вазирон суҳбат кардам, ёрӣ хостам. Аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳатто маслиҳати муфиде бароям надоданд.
Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар корам хеле барор гирифт. Боғ бароям даромад овард ва онро ҳам ба харидани нигораҳо сарф кардам. Алҳол шумораи онҳо, ки дар порисаи падарӣ ҷойгиранд, ба 2800 адад расидааст. Баъдан, аз соли 2006 диққати сайёҳони дохиливу берунаро боғ ва осорхонаи шахсиам бештар ҷалб кард ва маро барои ширкат дар суҳбату машваратҳо ба давлатҳои гуногун даъват карданд. То кунун ба бисту ҳафт кишвари дунё сафари корӣ анҷом додаам. Ошноӣ бо таъриху табиати онҳо имконият фароҳам овард, ки нигоҳамро ба зиндагӣ ва дигаргуниҳои ҳаррӯзаи ҷаҳон тағйир диҳам ва ба умеди дигарон нашуда, ба дасту бозу ва донишу малака такя намоям. Писаронам низ мактаби миёнаро хатм карда, дар паҳлуям ба хотири ривоҷу равнақи кор заҳмат кашиданд. Ҳамин тариқ, соли 2010 тарҳи осорхонаи замонавиро омода ва ба сохтмони он шурӯъ кардем, ки даҳ сол мешавад идома дорад. Бовар дорам, ки баъд аз як ё ду соли дигар онро ба истифода хоҳем дод.
Дар ошёнаи сеюм толори мудаввар бо тарзи қадимаи суннатӣ сохта шуда, манораи бузург болои онро пӯшидааст ва оянда метавонад барои баргузории машварату суҳбатҳои рӯ ба рӯ истифода шавад. Лаҳзае ба дохили он чашм дӯхтем ва бо маслиҳати Мирзошоҳ поин фаромада, ҷониби нишемангоҳҳое, ки дар чанд ҷои боғ сохта шудаанд, равон шудем. Сипас, суҳбатро дар мавзӯи рушди соҳаи сайёҳӣ идома додем.
-Аслан, бояд донем, ки барои мардуми Рашт сайёҳӣ шуғли нав аст, -мегӯяд Мирзошоҳи Акобир. -Рӯ овардан ба он ва андешидани тадбирҳо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Соҳаест, ки барои кишвар, хоса барои мардуми кӯҳистон, дар сурати оқилона истифода бурдани имконоти мавҷуда, хеле сердаромад буда метавонад. Рушди он шароит фароҳам меорад, ки қисмати зиёди мардум аз мардикориву саргардонӣ наҷот ёфта, ҷои кори хубу даромади нағз пайдо намоянд. Зеро табиати Рашт нотакрор аст ва метавонад диққати ҳазорҳо нафар сайёҳро ҷалб кунад. Масалан, ба «Чилучорчашма»-и ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон рафтан мушкил нест. Дар он мавзеъ кӯл ҳасту чанд намуд моҳӣ, вале ҳазорон нафар барои тамошо мераванд. Яъне, таблиғгарон тавонистаанд онро хуб муаррифӣ намоянд.
Ман борҳо таъкид кардаам ва далели зиёд низ оварда метавонам, ки Рашт сарзамини кашфношудаи сайёҳист. Водиест, ки дар ҳама фасли сол сабзу хуррам аст. Дар он кӯҳҳои сарбафалак, гузаргоҳҳои баланду зебо ҳаст, ки аз бунёд то ба ҳол дар як ҳолат қарор доранд. Бовар кунед, мавзеъҳои дилкаше ҳам дорад, ки ҳатто мардуми маҳаллӣ ба он ҷойҳо то ҳол нарафтаанд. Ҷаҳонгардони мамлакатҳои Аврупову Амрико ва дигар қитъаҳои олам низ табиати зиндаро дӯст медоранд. Ҷое қадам гузоштан мехоҳанд, ки санг дар ҳолати аслӣ истодааст, дарахтон нобуридаанд, пойи одам ба он кам расида, ҳайвонот аз дидани инсон ба ҳайрат меафтад, растаниҳои гуногуну парандаҳои нодир дорад…
Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки дар бораи табиати Рашт сайёҳони хитойӣ, арабу рус ва олмонӣ асар навиштаанд, аммо муаррихону қаламбадастони бумӣ ҳанӯз коре накардаанд, ки мондагор бошад.
Боре ёддоштҳои лашкаркаши рус Я. Мелкумовро, ки «Туркистониҳо» ном дорад, мутолиа кардам. Ӯ соли 1921 ҳамроҳи Артишии сурх вориди шаҳраки Ғарм мегардад ва баъди чанд сол хотираҳояшро рӯйи коғаз меорад. Ҷое нигоштааст: «Қаротегин яке аз зеботарин районҳои Тоҷикистон мебошад. Шаҳрҳои Ғарм, Оби Гарм, Қалъаи Ҳоит ва Қалъаи лаби об дар даруни боғу роғ ғӯтида буданд. Дарахтони қарағоч бо шохҳои азими худ болои кӯчаҳои тангро мепӯшониданд. Атрофи чашмаҳои шаффофи обаш сардро чанорҳои садсола иҳота карда буданд. Бар замми ҳамаи ин, қуллаҳои сап-сафеди кӯҳҳо синаи осмони каб-кабудро шикофта буданд…»
Айни ҳол Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ шароиту имконият фароҳам меорад. Имтиёзи зиёд низ роҳандозӣ гардидааст. Аммо ҷалби бештари сайёҳон ба таваҷҷуҳи сокинони маҳал низ иртиботи қавӣ дорад. Инчунин, лозим аст, ки дар бораи табиати дилрабову афсунгари Рашт тадқиқоти илмӣ намоем, ба ҳар гӯшаи он сафар карда, расм кашему навор гирем… ва онҳоро пешкаши ҷаҳонгардони олам гардонем.
Дар Рашт мавзеъҳои тамошобобу диданӣ кам нестанд. Агар ба мавзеи Ҳоит равед, сокинони маҳаллӣ дар бораи дараи Шавр бо шавқу завқ сухан мегӯянд, ки он хеле васеъ ва дароз аст. Масоҳаташ то ағбаи Қароқушхона 30 километр буда, дар оғӯшаш деҳаҳои Эрғелӣ, Чев, Мангорик ва Шавр ҷойгиранд, ки баъди заминларзаи соли 1949 дигар касе дар он ҷойҳо зиндагӣ намекунад. Масофа аз саргаҳи дара то деҳаи охирин даҳ километр аст. Аммо роҳи мошингард надорад. Аз ин сабаб мардум натавонистанд боғҳои бобоӣ ва дарахтони худрӯйро бурида, табиаташро хароб кунанд. Манзараҳои зебову дилрабо дошта, дарё ва рӯдҳояш аз баландӣ ҷорӣ мешаванд. Ҳафтод сол аст, ки одамон аҳён-аҳён барои тамошо танҳо то охири дара мераванду халос, ки барои ташкил намудани мавзеи қабули сайёҳон созгор аст. Дарёи Оби сафедаш макони гулмоҳист. Фикр мекунам, чанд аспу ароба ва дигар воситаҳои саворӣ ташкил кардану дар ҷойҳои зеботарини он бунёди нишемангоҳҳо муҳим аст. Барои амалӣ намудани онҳо масъулинро фақат шавқу рағбат, ҳавсала ва кордонӣ лозим меояду бас.
Мирзошоҳ лаҳзае сукут меварзад ва бо навозиш танаи дарахтеро сила карда, андешамандона суханро идома медиҳад:
- Соли 2012 ба кишвари Перу ва Амрикои Ҷанубӣ сафар доштам. Ва дар кӯҳҳои баланди Андӣ парки бузургеро дидам, ки дар он барои рушди соҳаи картошкапарварӣ заҳмати зиёд кашида, 1200 навъи онро нигоҳ доштанд ва ифтихор мекунанд, ки ин маҳсулот аз диёри онҳо пайдо ва машҳур гаштааст. Инчунин, Ассотсиатсияи «Андес» таъсис додаанд, ки мақсади он ҳифзи генофонди картошкаи ёбоӣ мебошад. Ҳар сол ҳазорҳо нафар сайёҳ ба хотири дидани ватани картошка ба он ҷо мераванд ва ҳазорҳо доллар ба хазинаи мамлакат ворид мегардад. Дар натиҷа, ҳунарҳои мардумӣ рушд карда, сохтори сайёҳӣ хеле инкишоф ёфтааст. Ва он мавзеъро «Парки Лапапа» меноманд, ки ба забони тоҷикӣ «Парки картошка» тарҷума мешавад. Баъди бозгашт аз он ҷо ман ба хулоса омадам, ки ҳамон идеяро ба шакли дигар дар зодгоҳ ҷорӣ намоям. Зеро дарахтони зиёди мевадиҳанда мавҷуд ҳастанд, ки дар натиҷаи бепарвоии мардум қисмати зиёди онҳо аз байн рафта истодаанд. Бо ин мақсад, барои умри дубора бахшидан ба навъҳои гуногуни маҳаллӣ камари ҳиммат бастам ва беш аз 76 намуди себу нокро аз деҳаҳои дар баландкӯҳ, ки ҳоло он ҷо мардум зиндагӣ надоранд, оварда пайванд кардам. Ҳамин тариқ, бунёди парки себ дар дара оғоз ёфт. Дар баробари ба тартиб овардани дарахтони худрӯй сеюним ҳазор бех ниҳоли себу нок, бодом ва зардолу шинонидам. Алҳол ин мавзеъ на танҳо ба тамошогоҳ табдил шудааст, балки баъди ду-се соли дигар метавон аз дарахтони он ҳосили хуб ба даст овард. Ва агар хато накунам, парки себи деҳаи Ҷафр дуюмин дар ҷаҳони муосир аст. Алҳол мақсад дорем, ки ба воситаи он кишварро дар олам ба ҳайси ватани себ машҳур гардонем. Барои амалӣ гардидани ин кор далели зиёд дорем ва бовар дорам, ки оянда он шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунад ва боиси ташрифи садҳо тан олиму сайёҳ мегардад. Бисёр хуб мешуд, ки олимон, намояндагони мардум ва дигар масъулон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Инчунин, дар Ҷафр дарахти ноке ҳаст, ки мутахассисон умрашро сесаду сӣ сол муқаррар кардаанд. Олими маъруфи кишвари Куба, барандаи Ҷоизаи Нобел ҷаноби Питер, соле пеш меҳмон шуд ва ботааҷҷуб даври он чархиду гуфт, ки дарахти бузургу бенуқсонро дар олам бори аввал мебинад. Аз он низ ба боғ пайванд овардам, ки хеле нодир аст.
Боғи ботаникӣ-фарҳангӣ зиёд аст, вале «Кӯҳсори Аҷам», ки дар бағали кӯҳистон таъсис ёфтааст, шояд шахсии ягона дар олам аст. Дар он касе дастмузд намегирад, даромади зиёд надорад, аммо манфиаташ ба ҷомеа мерасад. Нашъунамои 56 навъи себи маҳаллӣ, 36 навъи муруту нок, 24 навъи зардолу ва дигар намуди дарахтони босамари он боду ҳавои атрофро дигаргун кардаанд ва таҷрибаи зиёди илмӣ низ дар он гузаронида шудааст. Инро ба он хотир мегӯям, ки чанд сол қабл як тан аз олимони Италия аз боғ дидан кард ва пурсид, ки дар он чанд навъи себ аст. Чун шунид, ки 56 навъ, ангушти ҳайрат газиду таҳсин хонд. Сипас, гуфт, ки дар Италия 18 навъ себ боқӣ мондааст.
Хуллас, агар олимони намоёни кишвар табиати диёрро пурра омӯхта, асарҳои ҷолибу хонданӣ нависанд, гумони ғолиб бар он аст, ки натиҷаи заҳмати онҳо барои рушди сайёҳӣ дар минтақа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид ва итминони комил дорам, ки ояндаи наздик ҳазорон нафар барои дидани манзараҳои водии Рашт меоянд.
Суҳбат хеле тӯл кашид. Касе майли дил кандан аз он надошт. Тифоқо, нафаре аз ҳамроҳон ба соати даст нигарист ва китф дарҳам кашид. Мазмун ин ки: дер кардем.
Ноилоҷ хайрухуш ва ба роҳ баромада, то расидан ба шаҳри Душанбе дидаву шунидаҳоро радду бадал кардем. Ва аз он ки чанд соат вақтро ҳамроҳи Мирзошоҳи ватандӯсту заҳматкаш, ободкору созанда сипарӣ намудем, хеле шод будем.
Самариддин АСОЗОДА, «Садои мардум»