Бисту ҳафтуми январи соли равон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран бо рӯзноманигорон вохӯрӣ намуда, доир ба корҳои анҷомдода дар соли 2021 ва нақшаҳо барои соли 2022 маълумот дод.
Сафир соли гузаштаро соли бобарор дар равобити байнидавлатии Тоҷикистону Фаронса арзёбӣ карда, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро (12-14 октябри соли 2021) ба давлати Фаронса яке аз рӯйдодҳои фараҳбахш номид. Ҳамчунин, зикр кард, ки зимни сафар президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса, Раиси Сенат, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар мансабдорони баландпояи давлати Фаронса мулоқот намуда, масоили мубрами ҳар ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эмануел Макрон дар маросими ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки дар осорхонаи «Гиме» ба роҳ монда шуд, иштирок намуданд. Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур давоми се моҳ амал кард.
Мишел Тарран, зимни эълони нақшаҳои корӣ барои соли 2022 гуфт, ки имсол аз барқарории робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Фаронса 30 сол пур мешавад, аз ин рӯ, дар доираи он шуруъ аз моҳи март чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»