- чунин буд шиори ҷавонони шуҷои Ҳисор, ки дар рӯзи аввали даъват ихтиёран ба хизмат сафарбар шуданд
Аз 1 октябри соли 2020, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» (аз 2 сентябри соли 2020, №1605) даъвати шаҳрвандон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар арафаи мавсими даъвати тирамоҳӣ зиёда аз 120 ҷавони шуҷои шаҳри Ҳисор барои ба ҷо овардани хизмат дар сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ муроҷиат карданд ва хоҳиши онҳо пазируфта шуд.
1 октябри соли равон дар ҷамъомади тантанавии «Рӯзи даъватшаванда», ки дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳр доир гардид, ба беш аз 40 даъватшуда, ки чанде қабл аз курси ронандагӣ гузашта буданд, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ супурда шуд. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Ҳисор, Шарифҷон Ҷумъазода масъулини Комиссариати ҳарбии шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайни даъватшудагон дар ин ҷамъомади зикршуда иштирок ва суханронӣ намуданд.
Комиссари ҳарбии шаҳри Ҳисор, полковник Носирҷон Неъматзода гуфт, ки сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар бомуваффақият оғоз ёфт. Даҳҳо ҷавони шуҷоу далер бо қалби пур аз меҳру муҳаббат ба Ватан хоҳиши ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанро кардаанд. Ин ташаббуси онҳо шоистаи таҳсин ва ибрат аст. Мо аз ҷониби худ барои онҳо тамоми шароитро муҳайё мекунем.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода рафтори ҷавонони ихтиёран ба хизмат рафтаистодаро ҷавонмардона арзёбӣ ва ба онҳо дар муҳофизати Ватани азизамон комёбӣ орзу кард. Собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони ҷавонон ва падару модарони даъватшавандагон дар ҳаққи фарзандон дуои нек ва ба онҳо роҳи сафед орзу намуданд.
Боиси зикр аст, ки дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ, баргузор намудани вохӯриву суҳбатҳо оид ба хизмати ҳарбӣ ва чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ боиси дилгармӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мегардад. Дар шаҳри Ҳисор бо иқдоми Шарифҷон Ҷумъазода ва дастгирии раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот чунин чорабиниҳо дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳр ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи ҳамин гуна чорабиниҳост, ки сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ сол то сол афзуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»