Мо хидматгузори мардумем

№83 (3068) 04.07.2013

бояд ин вазифаи хешро холисона иҷро кунем

 Тавре аз таҳлилу омӯзиш ва суҳбатҳо бармеояд, бо вуҷуди он ки аксари одамон нашрияҳоро намехонанд ва бисёр масъулон низ намехоҳанд вақти зиёди худро ба ин кор сарф кунанд, вале мардум ба сухани журналист эътимод дорад. Бесабаб онҳо ба идораи рӯзномаю ҳафтаномаҳо муроҷиат намекунанд, то гиреҳи баъзе аз ин муаммоҳоро кушоянд ва мушкилоти хешро ҳал намоянд. Зиндагӣ душвориҳо дорад, бинобар ин дар ҳаёт маслиҳату машварат, ёрӣ расонидан ба якдигар, роҳбару масъули дигарон будан роиҷ аст. Ба назди мо одамони касбу кор ва синну солашон гуногун меоянд. Онҳо аз беадолатиҳои баъзе масъулону мутасаддиён ё шаҳрвандон шикоят мекунанд, роҳи ҳалли мушкилоташонро меҷӯянд, нисбати фаъолияти шахси масъул ва ё роҳбаре арзи миннатдорӣ ва ё изҳори норизоӣ менамоянд, ба дигарон маслиҳату насиҳатро пешниҳод мекунанд.

… Марди миёнасоле вориди ҳуҷраи корӣ гардид. Аз қомати хамида, риши расида ва чеҳраи маҳзуну барвақт пиргаштааш маълум буд, ки бо мушкилие рӯ ба рӯ аст. Оромона салом дода, ба курсии рӯ ба рӯямон нишаст ва ҷузвдони худро кушода, ба сухан даромад:

-Бародарон, ман қариб тамоми идораҳоро гаштам, ана ин ҳуҷҷатҳо гувоҳанд, вале дар ҳеҷ куҷо ба додам нарасиданд. Умеди охиринам газета аст…

Чунин мисолҳо хеле зиёданд. Вақте ин гуна муроҷиат ва арзу додҳоро ба риштаи таҳлил мекашед, ба чунин хулоса меоед, ки ҳамаи ин аз масъулиятношиносӣ ва ё бепарвоии ягон масъуле оғоз ёфтааст. Бисёр масъалаҳое ҳастанд, ки онҳоро метавон дар дохили ин ё он идорае, ки он нафари додхоҳ фаъолият мекунад, хоҷагӣ, деҳот, шаҳрак ва ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияе, ки ин шахс дар онҳудуд истиқомат мекунад, бо умед муроҷиат кардааст, ӯро нашунида ва ёрӣ нарасонидаанд. Ё баръакс, ба ҳалли масъала муносибати рӯякӣ кардаанд, ки шаҳрванд қонеъ нашудааст ё аз хунукназарии баъзе масъулон паси пардаи фаромӯшӣ мондааст. Ин боиси он гардидааст, ки ин нафар аз ин идора ба идораи дигар саргардон шуда, то ба мақомоти марбутаи сатҳи ҷумҳурӣ  муроҷиат мекунад.  Дар чунин ҳолат нашрия ҳам дигар ҳеҷ коре карда наметавонад, зеро вақте номаи доди мардумро чоп карда ва ё нусхаи онро ба идораи дахлдор мефиристед, аксар вақт масъуле худро сафеду додхоҳро гунаҳкор мекунад. Фаъолияти журналист ҳам ҳадду андозаи хешро дорад. Чунончӣ, дар моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», аз ҷумла омадааст, ки воситаҳои ахбори омма ва журналист ҳуқуқ надоранд маълумоти тафтишоти пешакиро бе иҷозати хаттии прокурор, муфатиш ё шахсе, ки тафтиш мебарад, ошкор намоянд, дар ахборашон натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рӯйи он қарор эътибори қонунӣ пайдо накардааст, мавриди муҳокима қарор диҳанд.

Бинобар ин, мо то ҳадди имкон кӯшиш мекунем, рисолати хешро ба ҷо орем ва ба ҳалли мушкилоти мардум мусоидат намоем.

Давоми шаш моҳи авали соли ҷорӣ илова ба хабару гузориш ва мақолаю мусоҳибаҳое, ки аз номи хабарнигорони минтақавиамон мерасанд, ҳамчунин аз номи шаҳрвандон 127 мактуби хаттӣ ворид гардид. Онҳо иборатанд аз шарҳи рӯйдодҳои ин ё он шаҳру ноҳия ва деҳот, тавсифи гӯшаҳои зебоманзари диёр, арзи миннатдорӣ ва арзу матлаб оид ба мушкилоти зиндагӣ ва ғайра. Аксарияти ин номаҳо ба шакли хабар, мақола, андеша, пешниҳод, дархост ва ғайра ба табъ расиданд, танҳо 30 мавод, бинобар сабабҳои гуногун, ба монанди сари вақт нарасидан ба идораи рӯзнома, рӯйдоду чорабиние, ки рӯзнома аллакай дар ин бора мавод нашр кардааст, саҳеҳу эътимодбахш  набудани баъзе далелу рақамҳо ва ғайра ба нашр тавсия нашудаанд, қисмати дигари ин номаҳо барои интишор омода гардидааст.

Барои тақвияти ин нукта чанд мисол меорем. Аз ҷумла ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» номаи шикоятии шаҳрванд Қумрӣ Асророва ворид гардид, ки онро мо барои баррасӣ ва санҷиш ба мухбири махсуси рӯзнома дар вилояти Суғд  Ҳусейни Назрулло фиристодем. Натиҷаи омӯзишу санҷиши ваҷҳҳои ин номаи  шаҳрванд, ки муноқишаҳои оилавист, таҳти унвони «Кӣ ҳақ аст?» (аз 19 апрели соли 2013 №48)  дар рӯзнома  чоп  шуд. «Модари даъвогар Қумрӣ Асророва ба ҳар идора ва мақомоти гуногун шикоят бурда, собиқ домоди худ ва падару модари ӯро гунаҳкор меҳисобад. Бешубҳа, шикоят бурдан ҳуқуқи шаҳрвандии ҳар шахс аст ва қонун онро истисно намекунад. Ба ҳама гуна даъво ва арзу шикоят танҳо суд баҳои ҳуқуқӣ дода, ҳақро аз ноҳақ муайян мекунад. Ин нуқтаро соҳиби даъво низ бояд донад»-зикр ёфтааст дар хулосаи хабарнигор.

Мисоли дигар, мактуби сокини шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ Исуф Раҷабов, ки дар гӯшаи «Навиштам номае» зери унвони «Фиреби апа аз хона маҳрумам намуд» («Садои мардум» аз 12 феврали соли 2013 №18) чоп шуд, ки онро барои баррасӣ ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ирсол намудем. Ҷавобҳои номаи шаҳрванд аз номи муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Н. Исҳоқов («Садои мардум» аз 6 майи соли 2013 №54) ва аз номи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъ Р. Латипов («Садои мардум» аз 6 майи соли 2013 №54) чоп шудаанд. Ҳамзамон номаи сокинони деҳоти «Зарҳалол»- и шаҳри Истаравшан таҳти унвони «Умед дорем, ки арзи моро мешунаванд» (аз 12 феврали соли 2013 №18) дар гӯшаи «Навиштам номае…»  чоп шудааст, ки онро барои баррасӣ ва омӯзиш ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудем. Ҷавоби номаи сокинони деҳоти мазкур аз номи директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» Н. У. Шокиров («Садои мардум» аз 3 июни соли 2013 № 66) ба нашр расид.

Баъзе номаҳоро бо сабабҳои гуногун мо наметавонем мавриди истифода қарор диҳем. Масалан, мақолаи сардори шуъбаи дезинфексияи ҶДММ «Фавз»  Неъмон Юсупов «Хомӯшакҳо», бинобар он ки дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» чоп шудааст, дар мақолаи муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯрообод Раҳмонхӯҷа Мирзоев зери унвони «Нақши падару модар дар тарбияи фарзанд» ҷавобгӯйи талаботи рӯзнома нест, муаллифи мақолаи «Вакили гумном ё ҷанговари ақибгоҳ» М. Зикиров аз ноҳияи Муъминобод натавонистааст симои қаҳрамонашро кушояд, маводи ба идораи рӯзнома ирсолкардаи аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон С. Шомалангов ва С. Шералиев бо номи «Марди хирад» тарҷумаиҳолӣ буда, фикрҳо ба таври умумӣ баён шудаанд. Чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Масъалаи дигаре, ки таъкиди он зарур аст, ин муносибати шахсони масъул ба навиштаҳои воситаҳои ахбори омма мебошад, ки қаблан ишора кардем.  Дар ин робита зикр кардан бамаврид аст, ки рӯзномаи «Садои мардум» дар доираи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №622 аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»  корҳои муайянеро анҷом медиҳад. Давоми шаш моҳи аввали соли 2013 дар рӯзнома ҷамъ 77 адад маводи таҳлилӣ, проблемавӣ ва танқидӣ ба нашр расид. Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии муқаррароти фармони зикргардида, бояд масъулон рӯзномаҳоро варақ зада, дар робита ба масъалаҳои ба онҳо вобаста вокуниш нишон диҳанд. Илова бар ин, дар робита ба баъзе маводҳо ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо ташаббуси идораи рӯзнома мактубҳо ирсол гардид, ки адади чунин номаҳо дар шаш моҳи авали соли ҷорӣ 12-то буд. Танҳо ба 6 нома ҷавоб омад. Дар ин давра аз Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» ҷавобҳо нарасиданд.

Боиси хушист, ки баъзе вазорату идораҳо ба маводҳои танқидию таҳлилӣ ва номаҳои арзу доди шаҳрвандон, ки дар рӯзнома чоп мешавад, сарфи назар аз он, ки ба онҳо мактуб ирсол мегардад ё не,  вокуниш нишон медиҳанд. Масалан, муовини раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон М.С. Қаландарова ба мақолаи таҳлилии роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Кабиров «Фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар соли 2012 пурмаҳсул буд» ( аз 25 январи соли 2013 №12-13) ва мақолаи проблемавии  хабарнигорамон Ҳ. Назрулло «Кӣ ҳақ аст?» (аз 19 апрели соли 2013 №48) вокуниш нишон дод ва ҳар дуи ин ҷавоб ба табъ расид. Вобаста ба номаи шикоятии сокини ноҳияи Фархор Ҳасан Абдураҳимов, раиси ноҳияи Фархор Қ. Каримов ба идораи рӯзнома ҷавоб ирсол кард ва он дар таърихи 11 майи соли 2013 №56 ба нашр расид.

Хуб мебуд дигар масъулони вазоратҳо, муассисаю ташкилот аз номбурдагон ибрат мегирифтанд, вақт ҷудо карда рӯзномаҳоро мутолиа ва ҳамроҳ бо журналистон дар ҳалли мушкилот ва масоили ҷомеа ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти қонунгузор, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон саъю талош менамуданд, зеро таъкид мекунем, мо хидматгузори мардумем ва бояд вазифаи хешро холисона иҷро намоем.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита

бо ҷомеаи рӯзномаи  «Садои мардум»