Афсона ё воқеият?

Моҳипарварӣ дар «Мирзочӯли тоҷик»

№44 (4464) 09.04.2022

Коллаж 2Моҳипарварӣ аз соҳаҳоест, ки дар кишвар рушд карда истодааст. Ба ин раванд дар чанд соли охир имтиёзҳои андозии муайянкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ такон бахшид.

Дар деҳаи Ҷавонии шаҳраки «Меҳнатобод»-и ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд соҳибкори инфиродӣ Олимҷон Саидов дар 9,79 гектар замини санглох хоҷагии моҳипарварӣ ташкил кард. Соҳибкор ҳавзҳои моҳипарвариро дар асоси тавсияҳои олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мутахассисони КВД «Моҳии Тоҷикистон» бо усули муосир бунёд намуд.

Ӯ зимни суҳбат гуфт, ки дар сохтани ҳавзҳои моҳипарварӣ аз таҷрибаи соҳибкорони Ӯзбекистон низ истифода кардааст. Айни замон бо масоҳати умумии 1,20 га дар чор ҳавз 11 ҳазор моҳӣ парвариш мешавад. Бинобар гарм будани ҳаво ва камбуди об чуқурии ҳавзҳо то 5 метр аст. Ин амал имкон фароҳам овардааст, ки оби зеризаминӣ бидуни истифодаи насос дар ҳавз ҷамъ шавад. Инчунин, хоҷагӣ аз канал об гирифта, дар баробари ин, бо сохтани чоҳҳои амудӣ оби зеризаминӣ низ баровардааст.

Мудири шуъбаи моҳипарварӣ ва харгӯшпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Акрам Ҳоҷиев бо чунин тарз сохтани ҳавзҳоро дар иқлими нисбатан гарм муфид арзёбӣ кард. Ба гуфти ӯ, моҳӣ дар қисмати болоии ҳавз бо хӯрок таъмин шуда, ҳангоми гармӣ ба зери он, ки нисбатан салқин аст, мефарояд. Аз ин рӯ, он беталаф парвариш меёбад.

Охири соли 2020 соҳибкори инфиродӣ Олимҷон Саидов аз ҳисоби «Барномаи маҷмӯавии соҳаи чорводорӣ барои солҳои 2018-2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6000 дона моҳичаи ­навъи амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ дастрас намуд. Ӯ зикр кард, ки парвариши моҳиҳо хуб ба роҳ монда шуда, айни замон як қисмаш аз 800 то 1200 грамм вазн гирифтааст. Бино ба гуфти Олимҷон Саидов, дар сурати хуб нигоҳубин кардан як моҳӣ дар як сол то як килограмм вазн мегирад. Дар муддати ду сол то 3 килограмм мешавад, ки аз нигоҳи иқтисодӣ муфид аст.

Ҳавзҳои моҳипарварии Олимҷон Саидов таҷрибаи нахустин дар «Мирзочӯли тоҷик» ба ҳисоб меравад.

Соҳибкор мегӯяд, айни замон барои нигоҳубини моҳиҳо як нафар машғул буда, дар мавсими моҳигирӣ имкон ҳаст то 10 кас бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин шаванд.

Номбурда ният дорад, ки давра ба давра дар 9,79 гектар замин ҳавзҳои моҳипарварӣ бунёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор шавад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»