аз рӯи сенарияи «бархӯрди тамаддунҳо»-и Самуэл Ҳантингтон
Оянданигарии илмї (футурология) яке аз самтњои муњими тањќиќоти фалсафї ва байнисоњавї мебошад, ки бо номњои гуногун, аз он љумла «тадќиќоти стратегї», «банаќшагирї», «сиёсатгузорї» (policy research) ва «омўзиши масъалањои рушд» (development research) мавриди истифода њастанд. Оянданигарии илмї бояд муњимтарин равандњои муосири љомеа ва љањонро омўзад ва ба наќша гирад. «Ба наќша гирифтан» на фаќат ба маънои аз назари илмї оянданигарї кардани самти тањаввули равандњо, балки махсусан аз назари ратсионалї ва сиёсї идорапазир кардани онњо мебошад. Аз љумлаи чунин равандњо ташаккули љањонбинии илмї, њувияти миллї, дунявият, сиёсишавии дин ва ѓайра мебошанд.
24 декабри соли 2014 рўзномаи «Љумњурият» (шумораи № 252 (22557) маќолаи илмии доктори илмњои сиёсатшиносї С. Ятимовро бо унвони «Назарияи эњтимолияти равандњои муосир» аз чоп баровард. Ин маќола барои такмил додани асосњои назариявї ва методологии оянданигарии илмї маводи арзишманд мебошад. Муаллифи маќола вазифаи ояндашиносиро аз он иборат медонад, ки равандњои наву мухталифи љомеа, аз он љумла ташаккули давлатдории навин, таљрибаи таърихї ва мушкилоти эњёи анъанањои пешин, заминасозии стратегияи рушд ва ташаккули низоми љадиди байналмилалиро омўхта, роњњои идорапазир кардани онњоро муайян намояд. Барои ин, сиёсатшиноси тољик, ки ба амалисозї ва банаќшагирии сиёсати миллї низ сарукор дорад, методи «эњтимолият ва ояндабинии илмї»-ро пешнињод мекунад. Тибќи ин метод, равандњои муњими љањони муосир омўхта шуда, дар асоси он алтернативањои рушд ва банаќшагирї тањия карда мешаванд.
С. Ятимов дуруст таъкид мекунад, ки дар ҷаҳони муосир ягон ҳодиса худ аз худ ва бе тарҳрезии пешакӣ сурат намегирад. «Мусаллам аст, ки субъектҳои сиёсӣ, махсусан берунӣ, ҳамон алтернативаҳоро коркард, омода ва роҳандозӣ мекунанд, ки ба амалишавии манфиатҳои онҳо муосидат менамоянд. Дар чунин сурат, метавонад манфиатҳои миллати тоҷик ба назар гирифта нашавад». Донистани чунин воқеият ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи ҷойгоҳи давлати миллии худ дар байни субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ андеша ва чорасозӣ кунем. Аз ин рӯ, вазифаи муҳими муассисаҳои илмии кишвар таҳқиқи илмии моҳияти субъектҳо ва объектҳои сиёсӣ, мақсад ва роҳу воситаҳои амалӣ кардани нақшаҳо ва алтернативаҳои субъектҳои сиёсӣ мебошад. Онҳое, ки моҳияти чунин нақшаҳо ва алтернативаҳоро сарфаҳм намераванд, бечунучаро ба объекти таъсирпазир ва таҳаммулгарои муносибатҳои байналмилалӣ табдил меёбанд. Маҳз ба ҳамин хотир, бо дасти худи зиёиён афсонаҳое чун «фалсафаи шаҳодат» ва «ҳикмати таҳаммул» эҷод ва ба авом талқин карда мешаванд.
Равшанфикрон вазифадоранд, ки моҳияти моделу алтернативаҳои геополитикиро шинохта, дар таркиби онҳо ҷойгоҳи манфиатҳои миллии Тоҷикистонро пайдо кунанд. Ба ҳамин хотир, ин ҷо сенарияи «бархӯрди тамаддунҳо»-ро нақду баррасӣ мекунем, ки аз тарафи сиёсатшиноси амрикоӣ Самуэл Ҳантингтон пешниҳод гардидааст. Тибқи ин сенария, конфликт (муноқиша) моҳияти куллии таърихи инсоният ҳисобида мешавад. Тавре ки Ҳантингтон дар оғози асари худ мегӯяд: «Агар дар гузаштаи дуру наздик давлатҳои шоҳӣ ва миллӣ бо ҳам дар набард буданд, дар ояндаи наздик динҳо ё худ тамаддунҳое бо ҳам меҷанганд, ки динмеҳвар ҳастанд. Ҳатто агар ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ҳам шурӯъ шавад, он дар байни ин гуна тамаддунҳо рух хоҳад дод».
Ин оянданигарии сиёсатшинос ва тарроҳи геополитикии Амрико илмӣ нест, тақлиди пайғамбарона, яъне моделсозии ғайриилмӣ ва зиддиинсонӣ мебошад. Моделе, ки ӯ пешниҳод мекунад, аз тарафи абарқудратҳо чун сенария, манзара, ҷаҳоннигарӣ ва ояндасозии матлуб қабул гардида, амалишавии он ҳаддалимкон ба роҳ монда мешавад. Ҷаҳоннигарӣ ва ояндасозии Ҳантингтон на фақат ғайриилмӣ, балки махсусан дингароёна, истисногарона, евромарказӣ ва ҳатто нажодпарастона аст. Ин мавқеи зиддиинсонӣ дар таърифи ӯ аз мафҳуми «тамаддун» зоҳир мегардад: «A civilization is thus the highest cultural grouping of people and the broadest level of cultural identity people have short of that which distinguishes humans from other species. It is defined both by common objective elements, such as language, history, religion, customs, institutions, and by the subjective self-identification of people» («Ҳамин гуна, тамаддун гурӯҳсозии фарҳангии аз ҳама бартари мардум ва дараҷаи аз ҳама густардаи ҳувияти фарҳангӣ мебошад, ки мардум ба онҳо мувофиқанд ва одамонро аз дигар намудҳо фарқ мегузоранд. Он ҳам бо унсурҳои муштараки объективӣ, чун забон, таърих, дин, расму ойинҳо, ниҳодҳо ва ҳам бо худмуайянкунии субъективии мардум муайян карда мешавад.») (Clash of civilizations. саҳ. 24).
Дар ин ду ҷумла камаш се лаҳзаи ошкорои истисногарона, аз он ҷумла нажодпарастӣ дар нисбати мардумони ғайриғарбӣ, дида мешавад:
1) Истифода аз сифатҳои «highest» («аз ҳама бартар») ва «broadest» (аз ҳама густарда). Яъне, тамаддун сарҳади ниҳоӣ («highest», «broadest») барои муайян кардани ҳудуди фарҳангӣ ва ҳувияти мардум мебошад. Чун С.Ҳантингтон ба мавҷудияти 7-8 тамаддун дар рӯи Замин таъкид мекунад, пас ӯ дар назар дорад, ки намояндагони ягон тамаддун наметавонанд ба сарҳади фарҳангӣ ва ҳувиятии дигар тамаддунҳо ворид шаванд. Масалан, чинӣ ё мусулмон ҳеҷ гоҳ ба тамаддуни православии славянӣ ё масеҳияти ғарбӣ ворид шуда наметавонад. Ё баръакс.
2) Мавриди дигар, ки аз он бӯйи нажодпарастии асрҳои XIX- XX меояд, вожаи «species» («намуд») мебошад, ки аслан истилоҳи илми биология ва ҳатто зоология аст. Маънои он «намуди ҳайвон» аст. Дар адабиёти пасофашистии асри XX ҳама гуна нажодҳо ва қавму миллатҳо чун як намуди воҳид шинохта шудааст. Мисле, ки ҳайвонотро ба хазандаву паранда ва ғайра ва боз ҳам хазандаву парандаро ба намудҳои дохилӣ ҷудо мекунанд, мардумони нажодҳои гуногунро дигар ба намудҳои нажодӣ ҷудо намекарданд. Кӯшиш карда мешуд, ки умумиятҳо ҷуста ва пайдо карда шаванд. Аммо бархӯрди манфиатҳои гурӯҳӣ ва системавӣ дар даҳсолаҳои охир боз боиси эҳё шудани ақидаҳои нажодпарастӣ гардид. Акнун мафҳумҳои дар назар некхоҳона, вале дар асл хатарноке, чун «diversity» («гуногунрангӣ», «танаввуъ») ва «species» дар расонаҳо ва ҳатто баъзе адабиёти сиёсишуда пайдо гардиданд. Аз моҳияти ҷумла зоҳиран чунин метавон хулоса кард, ки С. Ҳантингтон «одамон» («humans»)-ро аз «намудҳо» («species»), яъне ҳайвонот ҷудо кардааст. Аммо чун ба мазмуни ҷумла дақиқтар назар кунем ва онро мантиқан ба ҷумлаи баъдӣ қиёс намоем, маълум мешавад, ки гап сари танҳо мардумон меравад, ки ба «намудҳои» гуногун тааллуқ доранд ва аз ин рӯ, тамаддунҳои гуногун сохтаанд. Аз ҳамин ҷо ба адабиёти илмӣ мафҳумҳое чун «гуногунрангии фарҳангӣ», «плюрализми ҳақиқатҳо» дохил шудаанд. Тадриҷан ин консепсияи геополитикӣ категорияҳои эпистемологии илмҳои муосирро ташаккул медиҳад, ки хилофи талаботи илмӣ аст.
3) Лаҳзаи сеюме, ки нажодпарастии классикӣ ва то андозае фашистии Ҳантингтонро ошкор мекунад, дар ҷумлаи дуюм нуҳуфтааст. Ӯ забон, таърих, дин, одатҳо, ниҳодҳо ва ҳатто худмуайянкунии субъективиро фарқиятҳои тамаддунӣ меҳисобад. Дар ҳоле ки ин иддаои тарроҳи геополитикӣ асоси илмӣ надорад, он омилҳои таърихӣ ва иҷтимоиро дар шакл гирифтани ин унсурҳои фарҳангӣ сарфи назар кардааст, ки мавриди баҳси дигар аст.
Назари Самуэл Ҳантингтон ғайриилмӣ аст. Балки сарчашмаҳое, ки дар сохтани консепсияи «бархӯрди тамаддунҳо» истифода мебарад, ҳатто дуюмдараҷа нестанд, балки аҳамияти сеюмдараҷа ҳам надоранд. Аслан аз доираи имконияти як нафар берун аст, ки ҳамаи равандҳо ва ҳодисаҳои ҷаҳонро омӯзад ва дар асоси онҳо ояндасозии илмӣ кунад. Албатта, ин метавонад кори як гурӯҳ, ниҳод ё як муассисаи бузурги таҳқиқотӣ бошад. Аммо як чиз мусаллам аст, ки дар «тахтаи бузурги шоҳмот»-и бозиҳои геополитикие, ки Збигнев Бжезинский АврОсиёро дар назар дорад («Великая шахматная доска: господство Америки и его геостратегические императивы». – Москва: АСТ, 2014), сенарияи Ҳантингтон мавриди баррасӣ ва ҳатто то андозае пазиришу истифода гардидааст. Махсусан шахсҳо ва миллатҳое ба ин дом меафтанд, ки худ фаъол нестанд, тақдирпараст ҳастанд ва ба назарияи тавтиа бовар доранд.
Чун ҳавсалаи баҳси ҳамаи паҳлуҳои сенарияи «бархӯрди тамаддунҳо»-ро дар ин мақолаи кӯтоҳ надорем, фақат ба падидаи сиёсишавии дин аз зовияи ин сенария таваҷҷуҳ мекунем. Аксарияти олимон ва коршиносони ватанӣ ва хориҷии Тоҷикистон, инчунин минтақаи Осиёи Марказӣ, ба ин назаранд, ки иддаои «ифротгароии динӣ» воқеият надорад, балки он баҳонае аст, ки ҳукуматдорон барои тақвияти режимҳои худкомаи худ истифода мебаранд. Яъне, бо баҳонаи «ифротгароӣ», «терроризм» ва монанди инҳо мухолифони худро дар зери фишори равонӣ, ҷисмонӣ, маъмурӣ ва кайфарӣ қарор медиҳанд. Бешубҳа, ин назари коршиносон ҷой дорад.
Аммо рад кардан, ки ифротгароии динӣ вуҷуд надорад, афсонаест, ки худи коршиносон бофтаанд, то андозае ба сенарияи «бархӯрди тамаддунҳо» мувофиқат мекунад. Ин сенария манфиатдор аст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ инқилобҳои рангаи исломӣ ба вуқӯъ пайванданд ва тамаддуни исломи туркӣ тасаллут пайдо кунад. Он гоҳ исломи туркӣ, ки фарогири фарҳанг ва ҳувияти туркӣ аст, сарҳадҳои таърихии худро аз ҳисоби Федератсияи Россия низ барқарор мекунад. Ин сенариясозии Ҳантингтон ба хотири он аст, ки тамаддуни Ғарб тавассути исломи усмонӣ ба минтақа ворид шавад ва бо тамаддунҳои конфутсиании Хитой ва православии Рус ба бархӯрд рӯ ба рӯ гардад, то хатари асосӣ, яъне, иттиҳоди се тамаддун – Исломӣ, Конфутсианӣ ва Православиро, пешгирӣ кунад.
Ахиран, Радиои «Озодӣ» ду мусоҳибае бо мутахассисон дар мавриди ифротгароии динӣ анҷом дод. Тавре дар мусоҳибаи охир олими тоҷикшиноси англис – Ҷон Ҳезершоу гуфт: «Даъвои «ифротгароии динӣ» афсона аст, ки аз сӯи ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ истифода бурда мешавад». Аммо савол ин аст, ки оё бо иваз кардани ҳукуматҳо бо роҳи инқилобу ҷанг мушкилии худкомагӣ ҳалли худро меёбад? Баҳори араб мушкилоти кишварҳои арабиро боз ҳам печидатар кард. Дар мусоҳибаи пештари худ Радиои «Озодӣ» бо муҳаққиқи олмонӣ Софи Роше гуфт, ки таваҷҷуҳи саросарии муҳоҷирони тоҷик ба дин ва махсусан шаклҳои бунёдгароии он вазъи номуайян ва мушкили онҳо дар кишвари Русия аст («Роше: «Муҳоҷирони тоҷик дар Русия мазҳабӣ мешаванд» // www.ozodi.org/media/video/26667543.html).
Усули таҳқиқот ва ё ҳадди ақал гузоришу мусоҳибаҳои расонаии Ҳезершоу солҳои охир сиёсӣ шудааст. Аммо усули омӯзиши Софи Роше классикӣ, яъне бо истифода аз методҳои сифатӣ ва консепсияҳои муосири илмӣ аст. Ӯ дар байни муҳоҷирон таҳқиқ карда, пасон ба хулоса расидааст, ки муҳоҷиронро намешавад бо «ифротгароии динӣ» гунаҳкор кард, зеро гурӯҳҳои ифротгарое ҳастанд, ки муҳоҷиронро ба худ ҷалб мекунанд.
Зоҳиран мавқеи Ҳезершоу ва дигар коршиносони сиёсӣ ҳам ба сенарияи Самуэл Ҳантингтон ва ҳам даъвоҳои мухолифони динии Тоҷикистон (аз ҷумла ҲНИТ) мувофиқат мекунад. Чунин ба назар мерасад, ки як пули иртиботӣ ё худ методологӣ дар байни исломи сиёсӣ ва сенарияи «бархӯрди тамаддунҳо» мавҷуд мебошад. Нуктаи дигари қобили мулоҳиза дар мусоҳибаи Ҳезершоу дар робита ба Давлати исломии Ироқу Шом аст, ки онро хатари ҷиддӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ донистааст. Савол ин аст, ки чаро коршиносон дар байни ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии динӣ фарқ мегузоранд, вале умумияти онҳоро ба таври қатъӣ рад мекунанд? Гап сари он аст, ки Давлати исломии Ироқу Шом, Ал-қоида, Толибон ва Боко Ҳарам аз зери идораи сенариясозони абарқудратҳо берун баромадаанд, аз ин рӯ, «хатарнок»-анд. Аммо дигар ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар хатти онҳо раҳсипор мебошанд, бинобар ҳамин, онҳоро зарур меҳисобанд ва ҳатто аз назари идеологӣ ва амалӣ ҳимоят ҳам мекунанд.
Сиёсишавии динҳо, мавҷудият ва идорапазирии ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ба принсипи куллии сенарияи С. Ҳантингтон мутобиқат мекунад, ки моҳияти онро сиёсишавии тамаддунҳои динмеҳвар ташкил медиҳад. Ба ин хотир, дар расонаҳо ва адабиёти дуюмдараҷаи илмӣ ҳувиятсозиҳои бегонаи минтақавӣ аз рӯи сенарияи «шуури тамаддунӣ»-и Ҳантингтон матраҳ гардидааст, ки яке аз онҳо ҳувияти «ҷаҳони исломӣ» мебошад. Тоҷикистонро хоставу нохоста ва хилофи стандартҳои қабулшуда ба ин «ҷаҳони исломӣ» ворид мекунанд, ки модели ягонаи тамаддунсозии «исломи туркӣ» хоҳад дошт.
Дар радифи мутахассисони хориҷӣ, коршиносони ватанӣ, ба шумули Меҳмоншо Шарифзода, Парвиз Муллоҷонов, Рашид Ғанӣ Абдулло ва баъзе кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ба амалишавии ин сенария, яъне сиёсишавии дини ислом дар Тоҷикистон ва ҳувиятсозию тамаддунофаринии исломӣ мусоидат мекунанд. Пеш аз ҳама, онҳо ҳама гуна «иттиҳомот»-е, ки ҳизбу ҳаракатҳои диниро ифротӣ ва хатарнок меноманд, аз ҷиҳати назариявӣ ва идеологӣ рад мекунанд. Гузоришҳои солонаи Департаменти давлатии ИМА ва як қатор созмонҳои байналмилалии «ҳомии ҳуқуқи башар» бо меъёри «озодии виҷдон» мавҷудияти исломи сиёсиро асоснок карданӣ мешаванд. Аммо онҳо ин меъёрро нодуруст шарҳ медиҳанд ва ё воқеияти кишвари исломиро дарк намекунанд.
Бояд гуфт, ки «озодии виҷдон» ба маънои ихтиёри фардии инсон барои эътиқоди динӣ мебошад. Тибқи ҳамин меъёри демократӣ, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки эътиқоди фардии худро ба дигарон, ҳатто ба зану фарзандонаш, таҳмил кунад. Мутаассифона, ҷаҳони Ғарб бо мо муомилаи «стандарти духӯра»- ро ба кор мебарад: ин меъёрро барои худ пазируфтааст ва бо истифода аз тамоми василаҳои мақбулу номақбул пеши роҳи сиёсишавии динро мегирад, вале дар ин ҷо сиёсишавии динро ҳимоя ва пуштибонӣ мекунад.
Албатта, ин муомила моҳияти худро дорад, ки С. Ятимов дар мақолаи худ шинохти онро муҳимтарин василаи дарки рафтори духӯраи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ мешуморад. Моҳияти сиёсисозии дини ислом ва дар шакли ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ вориди майдони мубориза гардидани рӯҳониён бояд кашф ва ба ҷомеа ошкор гардад. Аммо «Гумроҳӣ ва ғофилии объектҳои одӣ – иҷрокунандаҳои амалҳои экстремистӣ ва террористӣ маҳз дар он аст, ки то ҳол ҷамъият аз уҳдаи фаҳмонидани хусусияти инструменталӣ доштани истифодаи онҳо дар баробари мақсадҳои ғаразноки «моҳиятсозон» набаромадааст. Субъектҳо ҳам фурсати фикр кардан дар атрофи суоли «барои чӣ?»-ро ба объектҳои мавриди таъсирашон намедиҳанд. Аниқтараш «моҳиятсозони» дараҷаҳои гуногун дар шуурнок гаштани чунин афрод ҳаргиз манфиатдор нестанд» («Назарияи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ», саҳ. 2).
Бешубҳа, сиёсишавии дин, ки яке аз хатарҳои асосии ҷаҳони муосир мебошад, аз сенарияи «бархӯрди тамаддунҳо» сарчашма мегирад. Барои «намуди ғайриғарбӣ» арзишҳои дигар вуҷуд дорад, ки Ғарб низ бояд онҳоро тақвият диҳад. Дар ин робита, сенарияи Ҳантингтон муомилаи нажодпарастонаи худро чунин изҳор мекунад: «…дар муқоиса ба хусусиятҳо ва фарқиятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, хусусиятҳо ва фарқиятҳои фарҳангӣ камтар омезишпазиранд ва аз ин рӯ, камтар ба ҳам меоянд ва дар ҳамдигар таҳлил мешаванд» («…cultural characteristics and differences are less mutable and hence less easily compromised and resolved than political and economic ones») (27).
Воқеияти имрӯзаи мо хилофи даъвое аст, ки сенарияпардозони ғарбӣ пешкаш мекунанд. Воқеият ин аст, ки солҳои охир оилаҳо, мактабҳо, масҷидҳо, мадрасаҳо, донишгоҳҳо, расонаҳо, кӯчаву бозорҳо, дӯконҳои дискфурӯшӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайраро ба марказҳои тарғиби эътиқоди фардии худ табдил додем. Ҳамон тавре ки дар давраи шӯравӣ атеизмро тарғиб ва таҳмил мекарданд. Чаро ин сенарияпардозон атеизми шӯравиро идеология меноманд, вале исломи сиёсиро не? Дар ҳоле ки ҳар ду хилофи принсипҳои дунявият, плюрализм ва озодии виҷдон мебошанд. Дар вазъияти мо усули озодии виҷдон талаб мекунад, ки Ҳукумат аксуламал нишон диҳад, яъне марказҳои тарғиботӣ ва сафарбаркуниро бубандад, аз он ҷумла ба масҷид рафтани кӯдакону наврасонро маҳдуд кунад, чунки аз назари равоншиносӣ зеҳнияти инсон маҳз дар синну соли балоғат осебпазиртар аст. Дар айни замон, ҳукуматҳо бояд ба ислоҳоти ҷиддии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ машғул шаванд, вагарна роҳи муборизаи идеологӣ бо сиёсишавии дин самаранок нахоҳад шуд. Ва ҳатто натиҷаҳои мудҳиштар ба бор оварда метавонад.
Чуноне ки коршиносон ва ҳомиёни «ҳуқуқи башар» меъёр ва усули «озодии виҷдон»-ро фаромӯш кардаанд, мавҷудияти ифротгароиро низ нодида мегиранд. Ва ё усулҳо ва имкониятҳои таҳқиқоти дурусти илмиро надоранд? На, чунин нест. Дар асл онҳо хеле муҷаҳҳаз ҳастанд ва таҳқиқотҳои фаровони илмӣ ҳам мегузаронанд. Фақат дарёфтҳои илмии худро расонаӣ намекунанд ва бо доираҳои илмӣ, коршиносӣ ва идории Тоҷикистон дар миён намегузоранд. Ё ҳарос доранд, ки барои ин дарёфтҳо онҳоро «ҷосус» эълон мекунанд (дар сурате ки аз ин гуна шаффофият ва ошкорбаёнӣ истиқбол шавад) ва ё манфиатҳои бузургтаре ҳастанд, ки онҳоро пинҳон нигоҳ медоранд? Дар ин ҷо ҳисоби мақолаҳо ва китобҳое, ки асосан ба англисӣ чоп мешаванд (масалан, аз тариқи маҷаллаи «Central Asian Survey»), ҷудост. Ин гуна мақолаҳо ва китобҳо то андозае илмӣ ҳастанд ва бештар барои сохтану нигоҳ доштани обрӯю эътибори илмӣ ва коршиносии муаллифон хизмат мекунанд. Тасмимгирандаҳое, ки мехоҳанд дар минтақа бо истифода аз сенарияҳо ва моделҳои рушд ояндасозӣ кунанд, аз қувваи зеҳнии ин олимон истифода мебаранд.
Дар чорчӯбаи методологии ин олимон як мафҳум ва ё биниши куллие вуҷуд дорад, ки сарҳадҳои муайяни кориашонро месозад. Ин биниш «biased» (субъективӣ, яктарафа, нохолисона) номида мешавад. Вақте ки як назария ё консепсияи нави шинохти объект пешниҳод шуд ва агар пешниҳодгар олими «варзида» ва пешоҳанг набошад, он бо ҳамин мафҳуми «biased» тамға зада мешавад. Ин пешниҳод дигар ба доираи илмӣ ва коршиносӣ ворид карда намешавад. Махсусан конференсияҳои илмӣ бо ҳамин мақсад истифода бурда мешаванд. Чунин механизми сарҳадсозӣ (boundary-making mechanism) намегузорад, ки олимон ва коршиносони ҷамъшуда мустақил шаванд, дар ҳоле ки бинишҳо ва консепсияҳои мустақили таҳқиқотӣ ва таҳлилиро аз байн мебаранд.
Ҳамин гуна, баҳси «ифротгароӣ» дар байни олимон «biased» ё худ масхара ва табу аст. Гӯё бо чунин мафҳумҳо муайян кардани объектҳои омӯзиш дур шудан аз ҳақиқати илмист. Дар як суҳбати хосае, ки бо як нафар таҳлилгари сиёсӣ доштам, ӯ ҳақиқати Давлати исломии Ироқу Шомро қабул надорад, чун даҳшатафканиҳои ин гурӯҳро дар рагу пӯст ва махсусан гардани худ таҷриба накардааст. Дар ҳоле ки ӯ роҳбари як маҷмӯаи расонаии Тоҷикистон аст, ахбори телевизионӣ ва интернетиро оид ба Давлати исломии Ироқу Шом иллюзияе беш намедонад. Чунин фиреби назарро олимону коршиносон бо нисбиятгароии ҳақиқат собит карданӣ мешаванд. Ба назари онҳо ҳақиқат худ аз худ дар объекти мушоҳида ва таъсир вуҷуд надорад, балки он маҳсули муносибати имтиёздор ва қудратталабонаи субъект дар нисбати объект аст. Аз ин рӯ, ҳақиқат фардӣ, субъективӣ, қудратмеҳвар ва дар кул нисбӣ аст. Чунин таърифи ҳақиқат на барои шинохтан, балки барои нашинохтани объекти мушоҳидаи мо аст. Аз ин нуқтаи назар, ифротгароӣ вуҷуд надорад, балки даъвоҳои мо дар бораи он субъективӣ, яктарафа, нохолисона ва вобаста ба манфиатҳои маҳдуд («biased») ҳастанд.
Баръакси ин эпистемология (ҳақиқатшиносӣ)-и низоми геополитикӣ, ифротгароӣ дар шаклҳои гуногуни зуҳури он дар ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд дорад. Барои шинохти куллӣ ва системавии ин падида зарур аст, ки ифротгароиро таъриф диҳем ва шаклу зинаҳои зуҳури онро тасниф созем. Дар равоншиносии иҷтимоии муосир (Дэвид Майерс, Социальная психология. – 7-е изд. – СПб.: Питер, 2014. – 800 с.) мафҳуми куллии «агрессия» вуҷуд дорад, ки шаклҳо ва зинаҳои гуногуни зуҳур дорад, аз он ҷумла:
1) зӯроварӣ (violence)
2) бунёдгароӣ (fundamentalism)
3) ифротгароӣ (extremism)
4) тундгароӣ (radicalism) ва
5) даҳшатафканӣ (terrorism).
Аниқтараш, ин таснифотро мо ворид кардем ва аз рӯи ин табақабандӣ ҳар кадоми онро таъриф медиҳем.
Агрессия муносибати номуносиби як инсон ва ё гурӯҳ дар нисбати инсон ва ё гурӯҳи дигар мебошад, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ ба тарафи муқобил зарари ҷисмонӣ ва равонӣ, моддӣ ва маънавӣ мерасонад. Ҳақорату дашном, таҳқиру туҳмат, таҳдид, такфир ва қатлу куштор намудҳои гуногуни агрессия ба шумор мераванд.
Зӯроварӣ рафторҳои агрессивие мебошад, ки одатан аз тарафи зӯр дар нисбати заиф (масалан, волидон нисбати фарзандон, мард нисбати зан, ҳукумат нисбати одамони алоҳида ва ғайра) сурат мегирад. Махсусан дар оила фарзандон бештар мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд ва ҳамчунин аксарияти ҳукуматҳои ҷаҳон аз методи шиканҷа истифода мебаранд. Аллакай дар оила усули зӯроварӣ дар зеҳни кӯдакон тасаввуротеро нақш мегузорад, ки роҳи ҳалли мушкилотро дар муштзӯрӣ мебинанд. Шиканҷа ҳам ҳамчунин.
Вақте кӯдак ва дигар қишрҳои ҷомеа ба хулоса расиданд, ки роҳи ҳалли мушкилот зӯроварӣ аст, онҳо фундаменталист мешаванд. Ин назарро равоншиноси дигар Катлин Тайлор (http://www.digitaljournal.com/article/ 351347#ixzz30a3NGziE) тасдиқ мекунад. Фундаментализм ҷустуҷӯйи ҳақиқатҳои мутлақ мебошад. Аз ин рӯ, ҷӯянда дар аксарияти маврид ҷаҳонбинии динӣ касб мекунад, чунки танҳо динҳо дорои ҳақиқатҳо ва ё худ аҳкоми мутлақ ҳастанд. Илм чунин хосиятро доро нест, балки он ҳақиқатро нисбӣ – вобаста ба шароити замонию маконӣ ва вобаста ба хусусиятҳои субъективӣ медонад.
Чун шахсон ва гурӯҳҳои бунёдгаро силсилаи муайяни ҳақиқатҳои мутлақро ба даст оварданд ва ба воситаи онҳо ҷаҳони ботинии худро сохтанд, акнун зарурати бознигарӣ ва азнавсозии ҷаҳони беруна пеш меояд. Дар марҳилаи аввал онҳо дар мавқеи дифоӣ қарор мегиранд, ки дар шакли ифротгароӣ (экстремизм) намудор мегардад. Онҳо ҳақиқатҳои мутлақи худро аз ҳама гуна ҳақиқатҳои дигар, аз он ҷумла мазҳабҳо ва динҳои ғайр ва махсусан ҷаҳонбинии илмӣ ҳимоя мекунанд. Дар ин марҳила одамон бештар дар бораи «бозгашт ба асл», дину мазҳаби аслӣ ва хатарҳо мегӯянд, вале ҳанӯз ба ҳуҷум нагузаштаанд.
Дар марҳилаи минбаъда ифротгароён тундгаро (радикал) мешаванд ва ба ҳуҷум мегузаранд. Ҷиҳод намунаи тундгароӣ мебошад, ки ин шабу рӯз аз тарафи Давлати исломии Ироқу Шом, Толибон, Боко Ҳарам ва ғайра амалӣ мешавад.
Даҳшатафканӣ шакли беназири зуҳури радикализм мебошад, ки собиқаи таърихӣ надорад. Рабоиши ҳавопаймоҳо, қатли ом, тезобпошӣ ба чеҳраи занҳо, куштори кӯдакон дар мактабҳои ИМА ва ахиран дар шаҳри Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон намунаҳои ин шакли тундгароӣ мебошанд.
Бо назардошти воқеияте, ки хоси ҳамаи мардумон ва тамаддунҳо мебошад, «biased» гуфтани агрессия, аз он ҷумла ифротгароӣ (дифоъ аз догмаҳо ва ё ҳақиқатҳои мутлақи динӣ ва дунявӣ) ва онро афсонаву баҳона донистан худ ғайриилмӣ аст. Намунаҳои ифротгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон на фақат ангуштшумор, балки бешуморанд. Дар пешорӯи Соли нав, ки барои тоҷикон бештар арзиши дунявӣ дорад, яке аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик ҷашн ва ҳатто табрик кардани онро ба масеҳиён аз тарафи мусулмон ҳамчун «ташбеҳ» ва «қатъан ҷоиз нест» фатво дод. Ин ҷо «қатъан» сифати ифротгароӣ, яъне мутлақсозии ҳақиқат мебошад. Ҳамин гуна фатво дар мавриди Ҷашни миллии Наврӯз баҳори соли 2014 содир шуда буд. Бисёре аз фатвоҳо эътиқодҳои фардии рӯҳониёнро ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии одамон таҳмил мекунанд. Ин тасдиқи он аст, ки имрӯз фатво ба механизми фаъоли ифротгароӣ табдил ёфтааст. Ҷонишини раиси ҲНИТ – Сайфуллозода дар ҳафтаномаи «Наҷот» (16 декабри соли 2014) як гурӯҳ олимони тоҷикро, ки мавқеи дунявӣ доранд, ба «Фронти халқӣ» ташбеҳ дод, ки ба хотири эҳё кардани хотираи ҷанги шаҳрвандӣ, дар пайи он нафрати як қисми аҳолӣ аз ин гурӯҳи «ҷанганда» ва бо ин заминасозии ҷанг кардан мебошад. Барои як кас ё гурӯҳро ҷазо додан образи бадро ба он нисбат медиҳанд. Шоире низ шеъри сиёсие навишта буд, ки аз «ғазаби халқ» огоҳӣ медод. Суиистифодаи пешвоёну идеологҳои исломи сиёсӣ аз мафҳумҳои ифротгароёнае чун «неоатеистон», «доғдоркунандагони чеҳраи миллат», «намояндагони ҷаҳонбинии ҷумшудӣ» ва ғайра ба ҳамин мақсад равона гардидааст.
Бо вуҷуди ин, пешвоёну идеологҳои хориҷии исломи сиёсӣ воқеияти ифротгароии диниро намебинанд. Онҳо ё саводи забонӣ надоранд ва ё ба андозае танбалу коҳил ва бемасъулият ба тақдири мардум ҳастанд, ки ақаллан ба шабакаҳои иҷтимоие, аз қабили гурӯҳҳои фейсбукӣ чун «Тарбияи имонӣ» ва форумҳои Радиои «Озодӣ», сомонаҳои «Озодагон» ва «Тоҷнюс» ворид шаванд ва бубинанд, ки чӣ гуна як гурӯҳро бо номи «файласуф», «неоатеист» таҳқиру таҳдид ва такфир мекунанд. Чӣ расад ба марказҳои доғ ва дастгоҳҳои тунди таблиғоти ифротгароёнаи динӣ, аз он ҷумла дискҳо, филмҳо ва китобҳои ифротӣ. Чӣ расад ба ҲНИТ, ки ба ҷиҳод ва инқилоб даъват мекунад, гурӯҳҳои терористии «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳамос», исломи сиёсӣ ва пантуркизми Туркияро тарғиб мекунад, ҷаҳони ғайриисломиро куфр мегӯяд ва дар фатвои худ занро таҳқир мекунад.
Беихтиёр бардошти мантиқӣ аз ин падидаҳо аз он иборат аст, ки барои миллате, ки моҳияти зуҳуроти ҷаҳони муосирро дарк намекунад, сенарияи Самуэл Ҳантингтон дар минтақа қадам ба қадам ва аз роҳи исломи туркӣ пиёда мешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки абарқудратҳо ҳамагӣ як сенария доранд. Онҳо чандин сенарияҳое таҳия кардаанд, ки барои ба объект шакли дилхоҳ додан якдигарро иваз карда метавонанд.
Ҳафиз Бобоёров, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон