Ҳамасола дар арафаи иди бошукӯҳи Рӯзи Модар мо- мардон, фарзандон бо ширинзабонӣ ва навиштани дилнишинтарин сухан ба модарони мушфиқу ғамхорамон арҷ мегузорем ва садоқату муҳаббати хешро иброз менамоем.
Албатта, меҳру шафқати модар нисбат ба фарзанд беандоза аст ва ба ҳаддест, ки сухан дар ифодаи он ва қалам дар тавсифи он оҷизӣ мекашад. Банда дар умри худ модарони нисбат ба фарзандон басо меҳрубонро хеле зиёд дидаам, вале ҳазорон афсӯс, худ дар овони тифлӣ аз меҳру шафқат ва навозишу меҳрубониҳои модар бенасиб гаштаам. Модарам хеле ҷавон, дар синни 28-солагӣ бар асари беморӣ дунёро падруд гуфтааст. Тақдир бевафоӣ карду риштаи умраш бармаҳал канда шуда, тамоми орзуҳояшро абадан ҳамроҳаш зери хок бурд.
Дар навозишу меҳрубонӣ ба фарзанд ҷойи модарро ҳеҷ каси дигар гирифта наметавонад ва шоир дуруст мегӯяд, ки:
Модар дигар асту меҳри модар дигар аст,
Дар меҳр уқоби чӯҷапарвар дигар аст.
Фикр мекунам ин ҳақиқати бебаҳс аст ва аз ин суханони шоир дида, нуктае ширинтару баҷотар баён намудан маҳол аст. Вале банда дар ин ҷо мехоҳам таваҷҷуҳи хонандагон-фарзандонро ба як мавзӯи муҳим ва ҳам ҷолиб, ки баъзан дар арафаи Рӯзи Модар мо- фарзандон фаромӯш месозем, ҷалб намоям. Манзури банда ин ҷо баён намудани муносибати модарандар бо фарзандони ятими хонавода аст, ки ӯ бояд ҷойи модари фарзандонро гирад.
Мусаллам аст, ки ин мавзӯъ чандон саҳлу сода набуда, хеле мураккабу пурихтилоф аст, ки ба таҳқиқоти ҷиддиву муфассали мутахассисону соҳибназарон ниёз дорад. Борҳо кӯшиш кардам, дар робита ба ин аз муносибати модарандарам бо ману бародаронам, ки се нафар аз меҳру шафқати модар маҳрум шуда будем, хотироте рӯйи коғаз биёрам. Ҳоло мехоҳам дар мисоли модарандари худ перомуни ин мавзӯъ андешаҳоямро баён намоям.
Дар арафаи Рӯзи Модар касе аз модарандар ёде намекунад. Шояд ин аз он сабаб аст, ки модарандар ҳеҷ гоҳ ҷойи модарро гирифта наметавонад ва аз тарафи дигар, аксарияти мардум нисбат ба модарандар назари нек надоранд ва маъмулан дар адабиёти ҷаҳон тимсоли асосан манфӣ арзёбӣ гардидааст.
Алорағми ин тасаввурот мехоҳам аз як модарандаре ёд кунам, ки аз модари воқеӣ ҳеҷ камӣ надошт. Банда модарандари худ- Раҳимова Муслимаро дар назар дорам, ки бо амри тақдир ӯ ба ман ва се додарам модарандар шуд. Зане буд хеле ҳалиму меҳрубон ва нармгуфтор. Ҳарчанд саводи казоӣ надошт, вале аз баду неки зиндагӣ хуб огоҳ буд. Мо- фарзандон ба ӯ «апа» гуфта, муроҷиат мекардем.
Апаи Муслима то замони модарандари мо шудан дар деҳаи худамон иқомат мекард ва шавҳар дошт. Бо сабаби безуриётӣ шавҳараш аз ӯ ҷудо шуд.
Падарам шавҳари аввали апаи Муслима ва хешу табори наздикашро мешинохт, чунки дар як бригадаи пахтакорӣ кор мекарданд. Ҳамчунин падарам медонист, ки апаи Муслима бефарзанд аст ва аз ӯ дигар фарзанд ба дунё намеояд. Вале ба ин нигоҳ накарда, бо ӯ издивоҷ кард. Бо дарназардошти он ки Муслима бефарзанд асту моро чун фарзанди хеш нигоҳубин хоҳад кард.
Ҳамин тавр, бо амри тақдир, апаи Муслима завҷаи падарамон-модарандари мо шуд. Дар хотир дорам, ки ибтидо хеле бо тарсу ҳарос ба ӯ менигаристем. Тадриҷан, бо ҳамдигар унс гирифтем. Ман, ки писари 11-12- сола будам, бисёр чизҳоро мефаҳмидам. Зиндагии беш аз яксолаи бемодарӣ маро то ҳадде корозмуда карда буд ва аз уҳдаи бисёр корҳои рӯзгор, аз қабили таомпазӣ, рӯбучини хона, нигоҳубини бародаронам, тоза кардани оғилу хӯрок додани гову мол ва ғайра ба хубӣ мебаромадам. Бинобар ин, баъди дарсҳо ман дар ҳама корҳои рӯзгор ба модарандарам кумак мерасондам. Апаи Муслима аз нахустин рӯзҳои ба хонаи мо омаданаш бо ману додаронам бо меҳрубонӣ ва меҳру муҳаббати модарона муносибат мекард. Баъди чанд муддат ӯ аз падарам дархост намуд, то додари хурдиамро, ки як хеши модариам аз ноҳияи Данғара барои парасторӣ бурда буд, ба хонаамон баргардонад. Вақте ки падарам додари хурдиамро овард, ҳолаш хуб набуд, лоғар шуда, мӯйи сараш дароз ва ранҷур буд. Ин лаҳзаҳо дар хотирам хуб нақш бастааст. Акнун зиндагии мо тадриҷан ба як маҷрои муайян ворид мешуд. То омадани апаи Муслима вазъи таҳсили ман дар мактаб каме душвор буд, бо сабаби анҷом додани корҳои хона аз дарсҳо дер мемондам ё маҷбур будам, ки аз мактаб барвақттар баромада равам. Аз ин аҳвол директори мактаб ҳам огаҳӣ дошт ва бо хоҳиши падарам ба ман баъзе гузаштҳо мекард. Акнун баъди омадани модарандарам ман мунтазам ба дарсҳо иштирок мекардам.
Апаи Муслима моро модарвор нигоҳубин ва навозиш мекард. Ҳатто дар ҳолатҳои сар задани ин ё он рафтори ноҷои кӯдакона ё беодобонаи мо падарам ҷанҷол бардошта, адабамонро доданӣ мешуд, вале апаи Муслима дарҳол ба пуштибонии мо бархоста, падарамро ором мекард.
Маъмулан падарон ҳамеша дар пайи фароҳам овардани ризқу рӯзӣ бештар аз хона берун ҳастанд. Падари ман низ, ки аз пешаи деҳқонӣ рӯзӣ пайдо мекард, аз саҳар то шом дар саҳро заҳмат мекашид ва мо аҳли хонавода танҳо шабона баъди аз кор омадан ӯро медидем. Дар ин лаҳзаҳо апаи Муслима низ метавонист бо дуруштӣ дар пеши падар аз рафтору кирдори мо шиква намуда, ӯро ба сари мо бишӯронад. Вале ӯ ҳеҷ гоҳ ин корро намекард, баръакс, дар ҳузури падар ҳамеша моро пуштибонӣ ва ҳимоят менамуд.
Муслима- апа тамоми ҳастии хешро ба мо бахшида буд ва мисли фарзандони худ мепарварид. Шояд эҳсоси модариаш, ки дар замири ҳар як зан нуҳуфтааст, пурра бедор шуда буд ва ӯ моро дар канораш гирифта, мисли фарзандони аз батни худаш тавлидкарда калон мекард. Мо низ ӯро дӯст медоштем, эҳтиром мекардем ва хусусан, банда ҳамеша ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меовардам ва кӯшиш мекардам, ки ӯро ҳаргиз наранҷонам.
Рӯзҳову моҳҳо ва солҳо турнавор сипарӣ шуданд ва ман мактаби миёнаро хатм кардам. Соли 1979 донишҷӯи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) гардидам ва хурсандиамро ҳадду канор набуд. Акнун ман аз пайи таҳсил будам ва ҳар боре ки хумори дидори хонавода ва хешу ақрабо мегирифт, фурсат ёфта, хабаргирӣ мерафтам. Дар ин лаҳзаҳо медидам, ки апаи Муслима бештар аз ҳама шод мегардид ва бароям лазизтарин ғизоҳоро тайёр мекард. Он солҳо воқеан донишҷӯи мактаби олӣ хеле боқадру соҳибэҳтиром ва ҳар як бошандаи деҳот ба ӯ бо ҳаваси зиёд менигарист ва азизи ҳар хонадон буд.
Ёд дорам, ки солҳои донишҷӯиам пироҳани мардонаи хориҷӣ хеле камёфту бозоргир буду нархи гарон ҳам дошт. Дар ҳамсоягии мо ҳисобчии колхоз зиндагӣ мекард ва вақтҳои рухсатиаш ба ҷумҳуриҳои дигар барои истироҳат мерафт. Ӯ ҳангоми бозгашт аз ин куртаҳо оварда, пинҳонӣ мефурӯхт, зеро дар он айём чунин амалҳо қатъиян мамнӯъ буд. Муслима- апа аз ҳамон ҳамсояамон барои ман як пироҳани хориҷӣ харидорӣ намуд. Аз он ки падарам аз ин кораш изҳори норозигӣ карда буд, фаҳмидам, ки апаам бе маслиҳати падарам бо ихтиёри худаш ба ман ин пироҳанро харидааст.
Соли 1980 ман издивоҷ кардам ва дар ҳама корҳои омодагӣ ва баргузории тамоми ин маъракаҳо апаи Муслима пешкору пешдаст буд. Ногуфта намонад, ки Муслима-апа дар пухтупаз, маъракаороӣ ҳам хеле чаққону боҳунар буд.
Баъди як соли зиндагии оилавӣ фарзанди нахустини мо ба дунё омад. Шодиву нишоти апаи Муслимаро ҳадду канор набуд. Ҳатто дар ибтидо чунин ба назар мерасид, ки гӯё ин тифлакро худи ӯ ба дунё оварда бошад, ба замин намегузошт ва ҳамеша дар пайи нигоҳубини кӯдак буд. Дар оғӯши нозпарвари модару бибиаш ин тифл калон мешуд, сухан гуфтан ва қадамзанӣ ёд мегирифт. Модарандарам ба ин кӯдак ба андозае меҳру дилбастагӣ дошт, ки ҳам ҳангоми кору бори хона, ҳам дар хонаи ҳамсояҳо ва ҳам дар тӯю маъракаҳо ӯро ҳамеша ҳамроҳ мегирифт. Ҳарчанд ин амалҳои апаам то ҳадде зиёдаравӣ ҳисоб мешуд, вале бо дарназардошти он ки дилаш аз бефарзандӣ дардманд буд, барои он ки хотирашро озурда насозем, хомӯширо ихтиёр мекардем.
Ҳамин тавр, ҳар ду бародари хурдиро ҳам хонадор намудем. Акнун дар ҳавлӣ чор оила ва се келин бо ҳам тифоқ зиндагӣ доштем. Баъди гузашти солҳо, акнун дарк мекунам, ки Муслима- апа то чӣ андоза зани бамулоҳизаю ботадбир будааст, ки тавонистааст аз уҳдаи сарварию роҳбарии чунин хонавода барояд.
Соли 1986 бо мақсади идомаи таҳсил ман кори муаллимии мактаби миёнаро тарк карда, аз деҳа ба шаҳри Душанбе омадам ва мушкилоти дигар бандаро даступогир шуд. Аҳли оила дар деҳа ва фарзандон аз тарбияи падар дур. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо мададгори ману аҳли байтам ҳамоно модарандарам Муслима- апа буд. Як давра, аҳли байтамро ба Душанбе овардам ва чанд моҳ зиндагӣ кардем. Муслима- апа, ки бо фарзандони ман хеле унс гирифта буд, боре ба хабаргирӣ омада, чанд рӯзе бо мо монд. Ӯ дилшикаста гашта буду осори беморӣ дар вуҷудаш эҳсос мегашт. Завҷаамро бо зориву тавалло розӣ кунонд, ки ба деҳа баргардад. Хотири Муслима- апа зӯрӣ кард ва ман ҳам ноилоҷ розӣ шудам. Соли 1987 ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба кор гузаштам ва имконияти хабаргирии аҳли байт ва хонавода бештар гашт ва ҳар ҳафта ба дидорбинӣ мерафтам. Беморӣ ӯро хастаю лоғар карда буд. Ҳарчанд маслиҳат кардем, ки барои муолиҷа ба Душанбе барем, ҳеҷ розӣ намешуд ва ҳамин хел бемориаш идома дошт. Алҳол, хаёлан ба он солҳо баргашта, як андеша оромам намегузорад. Агар Муслима- апа ҳамон давра метавонист як ятими куллеро ба фарзандӣ мехонд, ин қадар дилшикаставу ноумед намешуд ва бо ин барвақтӣ аз байни мо намерафт. Имрӯз ҳам ин мушкилот ҷой дорад. Даҳҳо ва садҳо модарони танҳою бефарзанд дар орзуи онанд, ки ятимеро фарзанд хонда, тамоми ҳастиашонро ба ӯ бахшида, ташнагии бефарзандиро шикананд. Аз ҷониби дигар, он ятимони кулле, ки аз оғӯши гарми модар, навозишҳои модарона бенасиб мондаанд, дар муҳити оилавӣ тарбия меёфтанд. Албатта, давлат дар ҳаққи ятимону бепарасторон ҳамеша ғамхорӣ мекунад. Вале тарбия дар муҳити оилавӣ эҳсоси бекасию бесоҳибиро зуд дур намуда, ҳолати рӯҳиву равонии онҳоро солим мегардонад. Аз ҷониби дигар, ин кумаки амалӣ ва дастгирии ҷиддии давлат дар сиёсати иҷтимоӣ мегардид.
Дар Паёми имсолаашон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд, ва дар ин иртибот мақомоти қонунгузори кишвар масъалаи ҳуқуқии содагардонии фарзандхониро ҳал мекард, кори савоб мешуд.
Соли 1988 маро барои коромӯзӣ ва таҳсил ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) фиристоданд ва охири ҳамон сол ба аспирантура дохил шудам. Акнун бемории Муслима- апа боз ҳам вазнинтар шуда буд ва худаш ҳам маъюсона мегуфт: «Оқибати кори ман маълум аст». Соли 1989 ӯ бистарӣ шуд. Ҳама дорую дармоне, ки духтурҳо мефармуданд, мекардем. Ҳар сари ҳафта ба аёдаташ мерафтам. Дар ин лаҳзаҳо ӯ хеле миннатдорӣ изҳор карда, аз ман розӣ буданашро иброз медошт. Боре назди бистари бемориаш нишаста будам, ки канда-канда аз таҳти дил маро дуо карда, суханони зеринро ба забон овард:
«Писарам, илоҳо Худо умрата дароз кунад, хока гирӣ, зар гардад. Мани бефарзанд дили дардманде доштам, вале шумо ба ҷароҳати дилам марҳам шудед, маро аз модарони фарзанддор дида, беҳтар ҳурмату эҳтиром кардед, бемордорӣ кардед. Худо, баракат ёбед!»
Ин охирин дидори мо будааст. 19 апрели соли 1990 ба ман хабар доданд, ки Муслима- апаам аз олам гузаштанд. Ӯро аҳли деҳа, хешу табор аз дуру наздик ба манзили охират гусел намудем. Худованд равонашро шод ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Ҳамин гуна як одами нексириште буд модарандари ман Муслима-апа. Имрӯзҳо фарзандони калонии ман, ки худ аллакай падару модар шудаанд, аз бибиашон ҳамеша бо некӣ ёд мекунанд.
Дер боз мехостам дар бораи ин инсони поксиришт, ки ман ва бародаронамро модарвор ба оғӯш гирифта, меҳру шафқаташро дареғ надошта, то охири умр тарбиятгару роҳнамоямон буд, чанд сухани нек рӯйи коғаз оварам. Вақте ки қалам ба даст мегирифтам, ашкам беихтиёр мерехт ва аз ҳаяҷон чизе навишта наметавонистам. Инак, имсол дар арафаи Рӯзи Модар ва Соли оила тавонистам чанд сухани неку зикри хайр дар бораи апаи меҳрубонам бинависам, то ин ки як зарра ҳам бошад, қарзи фарзандиамро дар назди хотираи тобнокаш адо карда бошам.
Абдулҳаким РОЗИҚЗОДА, доктори илми таърих, генерал-майор