- Ҷони оча, натарс, қадам бинеҳ, ман дар паҳлуят ҳастам, — аммо ман аз тарси он, ки меафтам, аз ҷоям намеҷунбидам. — Амирҷон, натарс, тай-тай…, по-по…, — аз ташвиқи модарам руҳ гирифта чанд қадам бардоштам. Роҳ гаштани маро дида модарам ба шавқ омад ва боз маро ташвиқ намуд:
- Ана, бинед, Амирҷони ман худаш раҳ гашт, бачаи ман калон шудааст, паҳлавон шудааст…
Ман, ки писарбачаи лоғару назарногире будам, ҳамин тариқ, бо мадади модарам роҳгардон шудам. Аммо як панди модарам, ки он замон гуфта буд, ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳад: «Писарам, имрӯз аз зуд-зуд афтодан наҳарос, лек дар оянда талош кун, ки аз баландиҳо наафтӣ»…
Барои модарам ба дунё овардани ҳашт фарзанд ва ҳифзу нигаҳдории онҳо дар солҳои шастуми қарни гузашта, дар шароити душвори деҳот кори саҳлу осон набуд. Бо музди меҳнати ночизи падар, ки аз субҳи солеҳон то як поси шаб ба кори саҳро банд буд, рӯзамон базӯр мегузашт. Ҳар чӣ ки меёфтем, якҷоя қисмат мекардему баъзан нимсеру нимгурусна хоб мерафтем.
Модарам аз гандуми дар осиёб ордшуда нон мепухт. Мо, бародарон, барои нонпазӣ аз саҳро хасу хошок, янтоқу газу бия ва аз сангоб ҳезум меовардем ва онҳоро барои фасли сармо захира менамудем. Баъзан барфу борони доимӣ сӯзишвории гирдовардаи моро тар мекард ва модарам бо азоб алови оташдонро дармегиронд.
Қиблагоҳам ҳар сол нияти сохтани анбори нигаҳдории сӯзишвориро мекард, вале шояд аз нодорӣ буд, ки онро амалӣ карда наметавонист. Баъзан аз надоштани чунин анбор модарам шиква мекард, вале падарам мегуфт:
- Тахтаю шифер набошад, бинои ҳезумхонаро бо чӣ созам, то соли дигар сабр кун!
Модарам ҳар гоҳ нон мепухт, ду фатир барои фардо мегузошт. Мо — бародарон пинҳонӣ нонҳоро ба бистари хоб бурда мехӯрдем. Модарам барои ин кор моро сарзаниш мекарду ҷазо медод. Ба хонаи хобамон даромада, бо химчаи хордор ба рӯи кӯрпаҳоямон сахт-сахт мезад. Ба назар чунин мерасид, ки кӯрпаҳои куҳнаю фарсуда бо зарби химчаи хордор лахт-лахт шуда, пахтаҳои даруни онҳо фурӯ мерезанд. Мо, ки аз чӯби хордори модар мурданивор метарсидем, сарҳоямонро аз даруни кӯрпа берун намеовардем. Вақте модарам мерафт, ба хӯрдани нони бомазаи танӯрӣ идома медодем…
Бо чунин рӯзгоре модарам барои соҳибмаърифат, боадолат, қаноатпеша, хоксору хайрхоҳ тарбия кардани мо талош меварзиданд. Он кас дар мактабе нахонда буданд. Дар замони тифлӣ ҳамроҳи хоҳарашон аз волидайн ятим монда, дар хонаи хешовандон ба воя расидаанд. Модарам бо як куртаю рӯймоли рангзадаю обшуста қаноат карда, хеле одӣ мегаштанд. Он кас аз камбизоатӣ дар мактаби деҳа ба фаррошӣ пардохтанд. Модарам латтаю анҷоми фаршпоккуниро, бинобар шароит набудан, дар оби хунук шуста, аз субҳ то шом роҳраву синфхонаҳои мактабро тоза мекард. Ин ҳолати модарамро дида, азоби руҳӣ мекашидам, безобита мегаштам ва аз муаллим иҷозат пурсида, ба модарам ёрӣ мерасонидам. Ин кори маро дида шарикдарсонам гоҳе масхараам мекарданд. Ҳатто ҳамсабақам Маърифат боре гуфт:
- Амирҷон, шарм намедорӣ, ки духтар барин рӯзи дароз фарш мешӯӣ?
- Чаро шарм дорам, магар ба модар мадад кардан айб аст? — посух додам ба ӯ. Маърифат сурх шуда, аз ман бахшиш пурсид.
Ман дар мактаб ва хона ба корҳои модари беморам дасти ёрӣ дароз мекардам. Намегузоштам, ки аз ҳад зиёд кор кунад.
Ба кор даромадани модарам ҳам рӯзи моро беҳ накард, ташвиши рӯзгорамон зиёдтар шуду кам не, вале мо дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехондем, шабҳои дароз ба мутолиаи асарҳои бадеию таълимӣ машғул мешудем. Раҳнамоиҳою таъкидҳои модар барои мо — фарзандонаш чун қонуни нонавишта таъсир дошт ва омӯзгоре ба волидайнамон аз одобу дониш, ахлоқу маърифати мо шикоят намекард.
Ранҷу машаққатҳои модари ғамгусорамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш сохта наметавонам. Як лаҳза орому қарор надошт, аз субҳи содиқ то як поси шаб ташвиш мекашид. Мо – ҷигаргӯшаҳояш, ки калон шуда, «қанот бароварда», чун кабӯтарон ба ҳар самт парвоз карда рафтем, бо дуою фотеҳааш ба воя расидем, ӯ ҳатто ҷони худро аз мо дареғ намедошт…
Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст, нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва меҳру навозиши ӯ ба камол расидаем, сабақи одамият омӯхтаем»…
Он субҳро ҳаргиз фаромӯш карда наметавонам. Хабари марги модар гунгу кӯру карам кард. Аз алами ҷудоӣ зор-зор гиристам. Донистам, ки одамӣ рӯзе дунёи фониро тарк месозад ва аз ӯ танҳо хотира мемонад…
Осуда бихоб, модар! Руҳат шоду манзили охиратат обод бод!
Шариф ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»