Ба хотири рушди соҳаи саноат, ҷалби мустақими сармояи дохилию хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор аз соли 2008 дар мамлакат панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ – «Панҷ», «Суғд», «Данғара», «Ишкошим» ва «Кӯлоб» таъсис ёфт.
Дар МОИ-и «Панҷ», ки соли 2008 дар масоҳати 401,6 гектар таъсис ёфтааст, то ба имрӯз 16 субъект ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора аллакай 8 ададаш ба фаъолият шурӯъ кардааст ва самти фаъолият, истеҳсол ва хизматрасониашон муайян мебошад.
Сардори маъмурияти ин минтақа Ҳасан Маҳмадаминов дар робита ба фаъолияти МОИ чунин изҳори андеша намуд: — Дар ин ҷо кор аз сифр оғоз шуд. Аз ибтидои фаъолият 15 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид ва барои бунёди инфрасохтори зарурӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 7 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар маҷмӯъ, то ин замон дар 130 гектар инфрасохтор бунёд ёфтааст.
МОИ «Панҷ» аз ду сектор иборат мебошад. Сектори якум 186 гектарро дар бар мегирад ва барои ҳамлу нақл, савдо, содирот, воридот, молия ва ҷорӣ намудани инноватсия пешбинӣ шудааст. Фаъолияти сектори дуюм дар 215,6 гектар барои рушди соҳаи саноат равона шудааст.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 900 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва 76 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Айни ҳол ду ширкати калон аз Афғонистон, ду ширкати калони чинӣ, ширкати муштараки тоҷикию беларусию қазоқистонию чинӣ, ширкати муштараки тоҷикию эронӣ дар минтақа фаъолияти густурда доранд. Дар баробари ширкатҳои хориҷӣ ширкатҳои ватанӣ низ хуб фаъолият мекунанд. Ба ин ширкати ватании «Фон — Дарё» -и соҳибкор Шоҳназар Абдуллоев мисол шуда метавонад. Самти фаъолияти он коркарди нефт, истеҳсоли маҳсулоти нефтӣ, биоэтанол ва иқтидори коркардаш 20 ҳазор тонна нефт мебошад.
Корхонаи дигар ширкати соҳибкори ватанӣ Асрор Рофиев — «Ансор групп» аст, ки ба истеҳсоли ғӯлачаҳои ҷуворимакка машғул аст ва бо харҷи 100 ҳазор доллар сохта шуда, соле то 100 тонна ҷувориро коркард мекунад. Маҳсулоти ин ширкат дар вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фурӯхта мешавад.
Ширкати «Буроқ», ки ба сармоягузорони афғон тааллуқ дорад, ба истеҳсоли равғани офтобпараст аз ашёи хоми маҳаллӣ ва хориҷӣ машғул аст. Корхона иқтидори коркарди ду ҳазор тонна равған дар як солро доро мебошад. Маҳсулоти он ба давлатҳои Афғонистону Покистон содирот мешавад.
Ширкати покистонии «RA Internаtional» истеҳсоли рахти хоб, ҷилди болишту ҷойпӯшро ба роҳ мондааст ва имкон дорад то 360 ҳазор маҷмӯи рахти хоб истеҳсол намояд.
Коргоҳи «Танус», ки бо масрафи 700 ҳазор доллари ИМА бунёд шудааст, дар як сол имкони истеҳсоли 500 ҳазор ҷуфт пойафзолро дорад. Пойафзолҳои истеҳсолкардаи ин коргоҳ бо тамғаи «Танус» дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла, Афғонистон, Покистон, Шри – Ланка, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ба харидорон пешкаш мегардад.
Намояндагони Ассотсиатсияи соҳибкорони Чин дар МОИ «Панҷ» бо номи «Нури Сомониён» корхонаеро бунёд карда истодаанд, ки барои истеҳсоли аккамулятор, панелҳои офтобӣ ва зарфҳои пластикӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло як қисмати корхона ба фаъолият оғоз ва 120 панели офтобӣ истеҳсол кардааст. Лозим ба ёдоварист, ки корхона дар давоми 5 сол бо харҷи 3 миллион доллари ИМА сохта мешавад.
Ҳамсуҳбатам сабаби суст рушд кардани МОИ «Панҷ»-ро дар қиёс ба дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ба ноамнии вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон алоқаманд донист. Ӯ гуфт, ки дар давоми сол сармоягузорони зиёд аз минтақа дидан карда, имкониятҳои онро омӯхтанд, аммо бинобар наздик ба хати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир будан дудила шуданд. — Умед дорем, ки бо муътадил шудани вазъ дар Афғонистон соҳибкорони хориҷӣ ба МОИ «Панҷ» бештар сармоягузорӣ мекунанд, — гуфт Ҳ. Маҳмадаминов.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»