Моро табрик мегӯянд

№ 01.01.2021

IMG_20210104_163357Рӯзномаи «Садои мардум» дар тӯли фаъолияти сисола дар мавриди арзёбӣ ва бохабарсозии хонандагон аз рӯйдодҳову навгониҳо кори шоистаро анҷом додааст. Он ҳамчун нашрияи парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инъикоси масъалаҳо ва ҳамкориҳои байнипарламентии кишварҳо фаъол мебошад.

Сисолагии рӯзномаи «Садои мардум»-ро ба кормандони он муборакбод гуфта, ба онҳо муваффақиятҳои бештар мехоҳам.

Имрон ҲАЙДАР,

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

СафирАзбаски аз таъсиси рӯзномаи «Садои мардум» 30 сол сипарӣ шуд, мехоҳам кормандони онро бо ин ҷашни таърихӣ муборакбод гӯям. Ҳамчун рукни чоруми ҷомеаи демократӣ матбуот ва расонаҳо дар ҷараёни огоҳии шаҳрвандон аз навгонию рӯйдодҳо нақши муҳим доранд.

Ба аҳли эҷоди нашрия хушиҳои зиндагиро таманно намуда, умедворам, ки «Садои мардум» минбаъд низ дар рушди Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он рисолатро фаъолона иҷро мекунад.

Вираҷ СИНГҲ,

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳури Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Луай ИсоБо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва эҳтироми хоса табрикоти худро ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди фаъолияти рӯзномаи «Садои мардум», ки инъикосгари ҳаёти маъмулӣ, расмӣ ва сатҳи байналмилалии Тоҷикистон аст, иброз медорам.

Бешак, матбуоти даврӣ ба сифати ангезаи ташаккул, муҳаррик ва набзи ҷомеа баромад мекунад. Ман аз мавќеи устувори Тоҷикистон, Президент, Ҳукумат ва мардуми тоҷик бобати ҳалли одилонаи масъалаи Фаластин сидқан ташаккур баён менамоям.

Ба Шумо барои ташреҳи далелҳо, иҷрои рисолати касбӣ, талош барои таҳкими сулҳ, адолат ва баробарӣ муваффаќият хоҳонам. Адолат ва сулҳ масъалаи муҳим ва рӯзмарра аст, ки бояд дар ҳама давлати дунё ҳукмфармо бошад. 30-солагии рӯзномаи «Садои мардум»-ро табрик гуфта, дар фаъолияти эҷодии кормандони он пешрафту шукуфоии бештар орзумандам.

 доктор Луай ИСО,

Сафири фавқулода ва мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон