Прокуратураи ноҳияи Хуросон мақолаи «Мошини моро оташ заданд. Зарарро кӣ ҷуброн менамояд?»-ро, ки 29-уми январи соли 2024, №14 (4784) дар нашрияи «Садои мардум» чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки оид ба масъалаи зикршуда аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Хуросон санҷиш гузаронида шуд.
Аз натиҷаи баррасии санҷиш маълум гардид, ки ҳодисаи мазкур 21-уми майи соли 2022, тахминан соати 110 дар нақлиёти сабукрави шахсии тамғаи «Мерседес-Бенс», соли бароришаш 2000-ум, рангаш сафед, рақами қайди давлатиаш «TJ 19-92 СА 01» мансуб ба шаҳрванд Амонӣ Қаюмов, сокини ноҳияи Хуросон, Ҷамоати шаҳраки Обикиик, кӯчаи Х. Муродов ба амал омада, аз тарафи муфаттиши шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон Муслиҳиддин Ҳамроев санҷиш гузаронида ва аз тарафи сармутахассиси ШИТ СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Маҳмадҷонзода хулосаи умумӣ дода шудааст.
Дар рафти азназаргузаронӣ ва иловатан мавриди пурсиш қарор додани шахсони холис ва натиҷаи ташхиси далелҳои аз ҷойи ҳодиса пешниҳодгардида ва ҳам аз натиҷаи хулосаи умумии додашуда маълум гардид, ки қасдан оташ задан аз эҳтимол дур буда, расиш дар ноқилҳои барқии компютери автомашина боиси ин ҳодиса гардидааст.
А. САЙИДАМИР,
прокурори ноҳияи Хуросон, мушовири адлияи дараҷаи 2