Якуми сентябри соли равон мактаби рақами 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор ба номи рӯзноманигори маъруфи тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шодравон Акбаралӣ Сатторов (Акбари Саттор) номгузорӣ шуд. Қарор дар бораи ба номи Акбаралӣ Сатторов гузоштани мактаби мазкур дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор қабул шуда буд.
Дар маросими номгузорӣ, ки ба Рӯзи дониш рост омад, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ҳамсабақон, ҳамкорон, ҳамдеҳагон ва наздикону пайвандони рӯзноманигори варзида ҳузур доштанд ва хотираҳои некашонро баён карда, аз хизмати арзандаи ӯ дар матбуоти муосири тоҷик ёдрас шуданд.
Зикр гардид, ки Акбаралӣ Сатторов, барҳақ, яке аз бунёдгузорони матбуоти хусусии даврони навини Тоҷикистон ба шумор меравад. Оғози замони соҳибистиқлолӣ, ҳангоме ки дар кишвар ҳанӯз алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нагаштаву иқтисодиёт хароб ва рӯзномаҳо ба гоҳнома табдил шуда буданд, бо таъсиси рӯзномаҳои «Дайджест-пресс» ва «Чархи гардун», «Авиценна» ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ халои иттилоотиро пур кард ва мардумро дубора ба рӯзномахонӣ ҷалб намуд. Иттиҳодияи эҷодии «Чархи гардун»-и Акбаралӣ Сатторов ғайр аз ин нашрияҳо, ҳамчунин, ҳафтаномаҳои «Вечерний Душанбе», «Аладдин» ва «Марду зан»-ро низ фаро мегирифт.
Номбурда пас аз хатми мактаби миёнаи №25-и зодгоҳаш соли 1982 ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуд. Соли 1987 таҳсилро дар факултети журналистикаи Университети давлатии Ленинград ба номи А. А. Жданов идома дода, онро соли 1990 хатм намуд. Аз моҳи август то ноябри соли 1990 ба ҳайси мухбири махсуси рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва аз моҳи ноябри 1990 то ноябри 1994 ба ҳайси мудири шуъбаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ ва ҳуқуқи рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият намуд. Гузориш, новелла, очерку мусоҳиба ва мақолаҳояш дар 7 нашрияи хориҷӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, қазоқӣ ва чинӣ нашр шудаанд. Ӯ, инчунин, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Шурои миллии муқовимат зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи 14 маҷаллаву рӯзномаҳои кишвар, узви ҳайати шурои илмию таҳририи «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва узви шурои коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон буд. Бо медали «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ордени «Ҷасорат»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 17 медали Россия ва ИДМ қадрдонӣ шудааст.
Тавре ҳозирин зикр намуданд, Акбаралӣ Сатторов аввалин раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон сарварии созмони рӯзноманигоронро ба зимма гирифта, журналистони тоҷикро гирди ҳам овард ва рисолати ба зиммаи роҳбари созмони ҷамъиятӣ гузошташударо сарбаландона иҷро кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳаштуми сентябри соли 2015 дар маҳфили ёдбуди Акбари Саттор рӯзноманигорон пешниҳод карда буданд, ки барои поси хотири марҳум Акбари Саттор мактаби деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор ба номи ӯ гузошта шавад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»