Фаъолияти корӣ ва тадқиқотии олими фарзона устод Алиқул Девонақулов аз муаллимӣ оғоз ёфтааст. Ӯ ду сол дар мактаби ҳафтсолаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритуз муаллими забон ва адабиёти тоҷик буд. Шавқи такмили ихтисос солҳои 1950-1951 Алиқули ҷавонро ба Институти муаллимтайёркунии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко овард. Пас аз хатми институт (солҳои 1951-1954) дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён ва Бешканд аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Дар ин ҳангом ба омӯзиши таърихи водии доманфарохи Қубодиён, шахсиятҳои маҳбубу маъруфи он, топонимикаи номҳои кишвар машғул шуда, мақолаҳо чоп мекард.
Омӯзгори ҷавон А.Девонақулов бо илмҳои азбарнамуда ҳеҷ қаноат намекард, мехост боз бештар донаду омӯзад. Аз ин рӯ, соли 1954 ба Душанбе баргашта, факултети забон ва адабиёти тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро соли 1959 бо дипломи аъло хатм намуда, аз рӯйи тақсимот ба шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристонида шуд. Ӯ аввал ҳамчун лаборанти калон (1959-60), баъд ба сифати ходими хурди илмӣ (1960-70), иҷрокунандаи вазифаи ходими илмӣ (1970-72), ходими илмӣ (1972-92), ходими калони илмӣ (1992-2008), ходими пешбари илмӣ (2009) шуда кор кард. Соли 1968 дар мавзуи «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус «Қобуснома» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият ва хидматҳои А.Девонақуловро ба назар гирифта, ӯро аз соли 1972 барои дуруст ба роҳ мондани нашри осори фалсафаю ҳуқуқ дар шуъбаи фалсафа мудири сектори нашри осор таъин намуданд. Ӯ дар давоми 20 соли фаъолияташ дар ин вазифа осори бисёр донишмандони асримиёнагиро таҳияву тадвин ва ба нашр омода намуд. Ҳаваси корҳои илмию эҷодӣ, таҳияю тадвини осори намояндагони илму адабиёт ва фарҳанги форсии тоҷикӣ баъди чанде ӯро ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ овард. 18 сол, аз соли 1992 то охири умр, дар ҳамин институт ҳамчун ходими калони илмӣ (1992), ходими пешбари илм (2009), мудири шуъбаи нашри осори илмӣ (1993-1998), мудири шуъбаи таҳқиқ ва нашри осор (1998-2006), мушовири мудири шуъбаи таҳқиқ ва нашри осори илмӣ (2006) фаъолият кардааст.
Устод «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковусро ба нашр расонид. «Вис ва Ромин»-и Фахриддини Гургонӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ (ҷилдҳои 7, 8, 9), «Куллиёт»-и Абӯалӣ ибни Сино (ҷилдҳои 1, 2, 3), «Китоб-ут-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмад махдуми Дониш (дар ду ҷилд), «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Осори мунтахаб»-и Закариёи Розӣ, «Куллиёт»-и Носири Хусрав (29 асар), дигар асарҳоро ба монанди инҳо ба нашр омода ва мақолаю асарҳои арзанда эҷод кардааст. Баъзе навиштаҳои А.Девонақулов дар бораи осори Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Абурайҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш ва ҳоказо ба мисли рисолаҳои алоҳида аҳамият доранд.
Ба муносибати 85-солагии ин олими фидойӣ, ки соли 2013 баргузор мегардад, «Баргузидаи мақолот»-и ӯ дар ду ҷилд (яке чоп шуд) пурра нашр хоҳад шуд. Мақолаҳои алоҳида (беш аз 200) ва рисолаҳои илмии «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус («Қобуснома», 1968)» ва «Асрори номҳои кишвар» (1989) аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ҷолибу беназиранд.
А.Девонақулов ҳамчун адабиётшиносу муҳаққиқи матн миёни аҳли илм маъруф аст.
Солҳои охир Алиқул Девонақулов ба баргардонӣ ва таҳияи матнҳои тиббӣ сарукор дошт. Осори тиббии Абӯалӣ ибни Сино, Фахриддини Розӣ, Закариёи Розӣ ва дигар намояндагони ин соҳаро барои хонандагон баргардон мекард. Мехост, ки дар баробари ғизои дурусти адабию илмӣ ва фарҳангӣ барояшон тану ҷони дуруст низ ҳадя намояд.
Устод донишманди пуркору заковатманд буда, таърихи адабиёт, илму фарҳанги форсии тоҷикиро аз оғоз — чанд ҳазор сол муқаддам бо асотиру ривоят ва хосиятҳои адабӣ фаро мегирифтанд. Ҷустуҷӯ, муҳаббат ба забону адабиёт, илму фарҳанги ниёгон доштааш ӯро то вопасин лаҳзаҳои умр ҳамеша бо кору андеша ва мулоҳиза бо матну мақола ва рисолаҳои илмию адабӣ фаъол нигоҳ медошт. Махсусан, баъди нашри китоби «Асрори номҳои кишвар» (адади нашр 25 000) устод ҳамчун як ситораи дурахшоне дар осмони илми тоҷик арзи вуҷуд намуд.
Устод ба асарҳои илмию адабӣ ҳусни назокат меафзуд. Эҷодиёти ӯ аз Рӯдакӣ то Турсунзодаро фаро гирифтааст. Дар бораи адибону олимоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Аҳмад махдуми Дониш, Муҳаммад Ассори Табрезӣ, Шоҳии Сабзаворӣ, Фахриддини Гургонӣ, Насируддини Тӯсӣ, Низомулмулки Тӯсӣ, Ҳоҷӣ Юсуфи Ҳайатӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Абӯалии Мискавайҳ, Фахриддини Розӣ, Закариёи Розӣ ва дигарон асарҳои тозаи хонданбоб навиштааст. Ҳусни қалами устод А.Девонақуловро талмеҳоти нақд аз «Авасто», таърихи куҳани адабӣ, осори қадимии «Худойнома», «Дарахти Осурик»-у «Ёдгори Зарирон», намунаҳои адабиёти шифоҳӣ, нақлу ривояту афсона, асотир ва ҳоказо баланд мебардорад.
А.Девонақулов барои арзишманд шудани сухани нақд, хонову ҷолиб гардидани осор аз пайвандҳои адабии русӣ, ҳинду араб, турку хитойӣ васеъ истифода бурда, аз самараҳои ҳамкории олимони Эрону донишмандони Афғонистон, Ҳинду Покистон, Россия, тарҷумаҳои осори форсии тоҷикӣ ва дигар халқҳои дунё, аз бурдубохт, барору нобарорӣ, андешаҳои олимони барҷастаи дунё ёдовар мешуд. Ин марди заковатманд дар байни мутахассисон ҳамчун матншиноси собиқадор шуҳрат дошт. Нозукиҳои матншиносиро барои ҳамкорону ходимони ҷавони илмӣ омӯхта, онҳоро ба ин кори пурзаҳмат омода ва ҳавасманд менамуд.
Устод Девонақулов то охирин рӯзҳои умр ҳамроҳи С. Раҳимзода матни илмӣ-оммавии китоби бузургҳаҷми «Иксири аъзам»-ро хонда, қайдҳо намуда, бо муқаддима ва луғату тавзеҳот дар 60 ҷузъи таълиф таҳия менамуд.
Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир таҳқиқи осори хаттии халқи тоҷикро дар солҳои 2006-2010 дар 69 ҷузъи таълиф ба нақша дароварда, силсилакитобҳо таҳия кардан хост, ки бахши таҳияи матни илмӣ-интиқодӣ, оммавӣ, сарчашмаҳои хаттӣ, таърихию фарҳангиро А. Девонақулов роҳбарӣ менамуд.
Устод Алиқул Девонақулов дар зиндагии худ корҳои азиму наҷиберо анҷом додааст, ки шоистаи таҳсин мебошанд. Дар роҳ сархаму хомӯш, орому бетафовут мегашт, вале дар шинохти миллати тоҷик, баррасии илму адаби гузаштагонамон пурталоштарин корманди вақт ба шумор мерафт.
Шоҳзамон РАҲМОНОВ, Профессор