Садама дар Неругоҳи барқӣ-атомии «Чернобил», воқеъ дар Ҷумҳурии Украина, ки 26 апрели соли 1986 рух дод, бузургтарин фоҷиаи инсонии қарни ХХ дониста шудааст.
Дар бартарафсозии оқибатҳои он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Ба ин макони офатзада 5000 нафар шаҳрванд (сарбозони эҳтиётӣ), 1000 нафар ҷавонони ба сафи Артиши Шӯравӣ даъватшуда (наваскарон) ва шахсони дигар аз идораву корхонаҳои гуногуни кишвар сафарбар шуданд.
Садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии «Чернобил» ҷони садҳо нафарро рабуда, ҳазорҳо нафарро маъюб сохт. Мутаассифона, бар асари таъсири нурҳои радиатсионӣ беш аз 500 нафар ҳамватанон низ ҷон аз даст доданд. Айни ҳол 1860 нафар дар қайд буда, 1410 нафарашон маъюб ва беш аз 260 оила бесаробон мондаанд, ки онҳо ба ғамхории Давлату Ҳукумати кишвар фарогиранд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишварро дар самти таъмини зиндагии шоистаи иштирокчиёну маъюбон ва оилаҳои бесаробонмондаи бартарафсозандагони садамаи НБА «Чернобил» пайваста эҳсос намуда, шарики ҳамешагии амалисозии сиёсати инсонпарваронаю башардӯстонаашон боқӣ мемонад.
Созмони Милали Муттаҳид қарори ҳамоиши дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус 1 июни соли 2001 бахшида ба 15-солагии «Ёдбуди шаҳидони садамаи НБА «Чернобил» қабулнамудаи сарони кишварҳои ИДМ-ро ба назар гирифта, 26 апрелро «Рӯзи байналмилалии ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ» эълон намуд, ки он ҳар сол дар кишвар таҷлил карда мешавад.
Соли 2021 аз садамаи фоҷиабори НБА «Чернобил» 35 сол сипарӣ гардид ва мутобиқи тақвим аз рӯи нақша рӯзи 26 апрел дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати ин санаи таърихӣ чорабиниҳо баргузор шуданд. Ҳоло, ки дар шаҳри Душанбе чандин майдон ва муҷассамаҳои диққатҷалбкунандаи таърихӣ сохта шудаанд, хуб мебуд, «Муҷассамаи шаҳидони садамаи НБА «Чернобил» низ бунёд гардад. Зеро ҳар сол дар кишварҳои ИДМ иштирокдорони он дар назди муҷассамаи шаҳидони НБА «Чернобил» рӯзи ёдбуди шаҳидони садамаи фоҷиаборро таҷлил менамоянд. Агар барои бартарафсозандагони тоҷикистонӣ низ чунин макон муҳайё мегашт, кори шоиставу савоб мешуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»