Мушоҳида

Муҷассамаи зангзада ба кӣ лозим аст?

№95 (3732) 10.08.2017

DSC_0041Крани сохтмонӣ. Созанда ва пурқудрат. Солҳои зиёд аст, ки дар як ҷой истодааст, намеҷунбад, занг задааст. Онро барои бунёди бинои баландошёнаи зебое ин ҷо гузошта буданд ва сохтмони бино бояд асри гузашта анҷом меёфт. Лек ҳатто оғоз нагардид. Пасон, сохтмон фаромӯш шуд ва шояд онро ҳам фаромӯш карданд, ки интизор ва омодаи кор буд…

Ҳама дидаем ин таҳамтанро. Ба қудрату тавоноияш қоилем. Дасту пойи оҳанӣ дорад. Гарчанд ҳоло рангпарида асту занги зиндагӣ ба сару рӯяш нишаста ва касе нимнигоҳе сӯяш намеафканад, ғурур аз даст намедиҳад. Бовиқор, бо сари баланд истодааст.

Мусаллам аст, ки бо ин неруву тавоноӣ дар бунёди иншооти зиёде саҳм гирифтааст. Бешубҳа, ба рафтуомади мардуми гирду атро

Оре, ин «паҳлавон»-и оҳанӣ беш аз 20 сол мешавад, ки ба касе даркор нест. Дар назди бинои баландошёнаи шафати Сирки давлатӣ беҳуда ва беҳаракат истодааст, мисли муҷассамае. Агар воқеан он муҷассама аст, пас чӣ рамзест?ф халал мерасонад, вале одамон ба ӯ эътибор намедиҳанд. Одат кардаанд дар тӯли беш аз 20 сол!

Вале агар онро фаромӯш кардаанд, шояд замони ба хотир оварданаш расидааст? Бепарвоӣ то ба кай?

Тасаввур кунед, агар Худо накарда ин «муҷассама»-и бузург сарозер биафтад, чӣ оқибате дошта метавонад…

Н.Ҷумъаев,

«Садои мардум»