Аз шаҳри Душанбе то ҳудуди Парваришгоҳи давлатии табиии «Алмосӣ» 40 километр масофа аст. Дар он ҷо ҳамеша осмон софу беғубор, кӯҳҳо пурасрор ва рӯди пуршасти Хонақоҳ мисли муъҷиза ба чашм мерасад.
Аз роҳи мошингузар то домани кӯҳҳои Ҳисори шодмон панҷ — даҳ километр роҳ аст. Бо мошини ҷангалбонҳо то пояи кӯҳҳо расидем. Ҳаво салқин буду насими сарди дарёчаи Хонақоҳ сару рӯйро навозиш мекард. Аз пайраҳа чашм наканда, борхалтаамро дуруст намудаму ҷониби кӯҳҳо равон гардидам. Мехостам зудтар болотар барояму кӯҳҳоро аз наздик бинам. Аммо роҳгардӣ барои ман осон набуд. Ҳамроҳам, ҷангалпарвари ҳисорӣ Бахтиёр Юсуфов, мушкилоти маро пай бурда, гуфт:
- То қуллаи кӯҳ расидан роҳ ҳанӯз дароз аст. Минбаъд аз миёни кӯҳу камар гузаштан лозим меояд. Беҳтараш, аспсавор равем.
Ман, ки аз азоби роҳ хаста шуда будам, канори дарёчаи кӯҳӣ дам гирифтам. Дарёча чунон софу зулол аст, ки дар қаъри он моҳичаҳоро бемалол дидан мумкин аст. Пораи нонро ба об тар кардаму аз лаззати оби сард хушҳол гаштам. Дар паси кӯҳпора водии сердолу дарахт ва қуллаҳои ҳанӯз барфпӯш воқеъ гаштааст. Дар рӯбарӯи он мавҷҳои зумуррадгуни бешазор ва маъвои нотакрори табиӣ — қатори арчаҳои худрӯй ва хучу себ бо буттаю алафҳои ёбоӣ паҳн гаштааст.
Моҳи июл гармии ҳаво дар дараи Алмосӣ муътадил аст ва ба 18 — 20 дараҷа мерасад. Аз канори кӯҳҳои Ҳисор насими тоза вазида, рӯҳу ҷони касро навозиш мекунад. Аз атроф гоҳ — гоҳе хониши парандагон ба гӯш мерасад. Бахтиёр аспи сиёҳмушкинеро аз лаҷомаш дошта, назди ман оварду гуфт:
- Марҳамат, савор шав.
Ман бо дидаи ҳайрат ба ҷонвар нигаристам. Бахтиёр чизеро пай бурд, ки афзуд:
- Натарс, аспи бофаҳму ҳалим аст, ҳар як талу пушта, пайраҳаро худаш медонад, танҳо лаҷомашро дурусттар дор.
Парваришгоҳи давлатии табиии «Алмосӣ» дар Ҳисор соли 1984 дар масоҳати шаш ҳазор гектар таъсис ёфтааст. Дар ин мавзеъ соле тақрибан сад рӯз пайваста барф борида, баландии он то 70 — 80 сантиметр мерасад. Аммо тобистонаш салқину муътадил мебошад.
Баъди хеле роҳ паймудан асп дар пошнаи кӯҳи азиме қарор гирифт. Дигар аз ҷой намеҷунбид, гӯё мехкӯб шуда буд. Алафҳои ёбоиро канда мехӯрду шиҳа кашида, аз кӯҳи баланд чашм намеканд. Аз роҳбалад фаҳмидам, ки номи он кӯҳ Тахти Сулаймон будааст. Аз қитъаи Дарвозакан ҷанубтар кӯҳ мисли ҷавонмарди қавипайкаре менамуд. Аз синаи он шаршара ҷорӣ гашта, баъд ба шохобҳо ҷудо мешуд. Ин манзара ба он монанд буд, ки аз даҳони аждаҳое об фаввора мезанад ва аз муқобилаш шакли кӯҳ монанди аҷузае онро мепесонад. Дар назарам чунин намуд, ки дар баландӣ болои тахт — суфаи кӯҳдоман ҳазрати Сулаймон атрофро назорат дорад ва олами парандаю чаранда дар итоаташ ҳастанд.
Шояд аз тарси шикорчиён буд, ки суғурҳо дар як дам дар лонаҳо пинҳон шуданд. Дуртар аз теппаи шафати кӯҳ лонаи навкандае намудор гашт. Дидам, ки он ҷо суғури хокистарранге ҳайрон-ҳайрон сӯи мо чашм медӯзад. Ба атроф хеле кунҷковона нигоҳ карда, боз дохили лонааш шуд. Ин дам аз болои сарамон калхоте парида гузашт. Аҷиб, ки вай хеле паст парвоз дошт ва дидам, ки дар минқораш калламушеро мебурд. Роҳбалад ҳам дида аз ин манзара наканда гуфт:
- Дар ин кӯҳҳо парандагони тезчангол мисли уқобу бургут ва лошахӯр хеле зиёданд. Хирсҳо аз чизе ҳарос надоранд ва рӯзона ҳам сайругашт мекунанд. Олами бой ва нотакрори гулу гиёҳ ва рустаниҳои шифобахши Парваришгоҳи давлатии табиии «Алмосӣ» ҳамеша мавриди омӯзиши олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти ботаника қарор дорад. Дарахтони нодир, мисли арчаи зарафшонӣ, дӯлона, акатсия, қарағоч, хуч хоси табиати Ҳисор мебошанд. Ҳисор барҳақ диёри рустаниҳои нодир аст. Дар «Алмосӣ» зиёда аз 70 номгӯи рустаниҳои эндемикӣ мерӯяд, ки баъзе навъи онҳо дар натиҷаи ҷамъоварии нодуруст ба ҳадди нестӣ расидаанд. Зира, пиёзи анзур, сиёҳалаф, чукрӣ, шунук барин рустаниҳои шифобахш кам шудаанд. Яке аз рустаниҳои машҳури дунё — Амонқара мебошад, ки танҳо дар мавзеи «Алмосӣ» мерӯяд. Он дар илми тиб ба таври васеъ истифода гардида, дар таркибаш моддаи нодири алкалоиди галантамин дорад.
Нақлу ривоятҳои аҷоиби роҳбалад дар бораи яке аз ҳамин гуна муъҷизаҳои табиат — кӯли пурасрори Ҷувозак маро торафт дарунтари ҳалқаи кӯҳҳои Ҳисор мебурд. Ба он ҷо бо ду сайрхат рафтан мумкин аст. Яке аз маҳаллаи Қаратоғ оғоз шуда, бо роҳи мумфарш қад-қади соҳили рости дарёи Пушти Миёна то деҳаи кӯҳӣ мерасад. Масофа то ба ин мавзеъ қариб 10 километрро ташкил медиҳад. Сипас, ба воситаи пул аз дарё гузашта, ба соҳили чапи дарё рафтан лозим аст. Боқимондаи роҳ қад — қади дарёи Қаратоғ ва Савурғон тӯл мекашад.
То ба дарёчаи Оби борик расидан аспҳо монда шуданд. Бояд дар соҳили дарёча хайма зада, шабро рӯз мекардем. Ҳамроҳи ҳоҷӣ Собир дар назди хоросангҳои калон хаймаи саҳроӣ задем, аспҳоро ҷангалбонҳо бурданд. Баъд гулхан афрӯхта, дам гирифтем. Ҷангалбони пир чой дам карду баъд наздамон чормағзу тут ва себу нон гузошта гуфт:
- Инҳо ҳамааш меваи кӯҳи худамон, нӯши ҷонатон шавад.
- Солҳои пеш дар ин талу пушта ва кӯҳҳои атроф гавазнҳо ва оҳувони бухороиро бемалол дидан мумкин буд, — суханашро идома дод мӯйсафед. Афсӯс, ки вақтҳои охир шумораи шикорчиён зиёд шудаасту ҳайвоноти нодир кам. Кабкҳои раву дарӣ ва сурак аз одамон меҳаросанд.
Шукр, ки солҳои охир бо кӯшиши кормандони Агентии ҷангалу Кумитаи ҳифзи муҳити зист пеши роҳи бисёр қонуншиканиҳо гирифта мешавад.
- Кӯҳгардӣ мушкил нест? – ҳаракатҳои чобуконаи боборо дида пурсидам ман.
Мӯйсафед ба зери чойҷӯш навдаи бурс партофта, бо дастони шахшӯлаш нонро шикасту гуфт:
- Ман дар деҳаи Нилу таваллуд шудаам. Аз кӯдакиям то ба ҳол дар кӯҳистонам. Кӯҳистон одамро бақуввату тансиҳат мекунад. Обаш дору аст.
Пасон, мӯйсафед моро бо гулмоҳӣ зиёфат дода, дар бораи аспи обӣ ва кӯли Ҷувозак нақлҳои мароқангез намуд. Пагоҳӣ аз хоби ноз хеста, бо хаёлҳои ширин роҳи кӯли Ҷувозакро пеш гирифтем. Пиёда аз миёни буттазорҳои роҳ гузаштем. Дар роҳ изҳои тозаи хирс, ҷайра, хукҳои ёбоӣ ба назар расиданд.
Кӯли Ҷувозакро дидем. Дар самти шимолу шарқии кӯл боз қаторкӯҳҳои пурганҷ қарор доштанд. Об ба кӯл аз ҳамон ҷониб бошаст ҷорӣ мешавад ва дар қисмати ҷануб аз зери сангу рег гузашта, дарёчаи шӯхеро ба вуҷуд меорад. Дар тамоми фасли сол оби он соф буда, хеле хуштаъм аст. Чуқурии кӯл аз 15 то 20 метрро ташкил дода, дар соҳилаш буттаҳои нодир сабз шудаанд.
Ҷувозак шоҳкории табиат буда, релефи тағйирёбанда дорад. Дар болои кӯл доимо абрпораҳо шино карда, ҳар сари чанд вақт борони кӯтоҳмуддат меборад. Атрофи онро дарахтони нодиру обсабзҳо, арчазорон пӯшондаанд.
Миёни мардуми маҳаллӣ дар бораи пайдоиши кӯли Ҷувозак нақлу ҳикоятҳои зиёд мавҷуданд. Масалан, мегӯянд, ки дар он ҷо аспи обиро дидаанд. Ҳоло мутасаддиёни соҳа ва дӯстдорони табиат ният доранд, атрофи оби кӯлро ба маъвои дӯстдоштаи сайёҳон ва туризми экологӣ табдил диҳанд.
Ҳангоми бозгашт аз ин сарзамини биҳиштӣ бори дигар эҳсос намудам, ки Ҳисор, воқеан ,диёри обҳои зулол ва чашмаҳои фаровон будааст. Захираҳои обии Ҳисор аз мавзеи нотакрори деҳаи Шамал ибтидо гирифта, рӯди равоне ба дарёи Хонақоҳ пайваст мегардад. Ин рӯди мусаффо аз миёнаи кӯҳу камар гузашта, бо дарозии 72 километр то ба дарёи Кофарниҳон мерасад. Бештар аз 50 километри он аз ноҳияи Ҳисор гузашта, пасон ба Амударё ва баҳри Арал мерезад.
Ба мавзеи Қаратоғ низ сафар намудем. Қад — қади роҳ аз ду ҷониб доманаҳои густурдаи фарохи кӯҳҳо, дарахтони сарсабзи кӯҳӣ дил мерабоянд. Дарёи Қаратоғ ҳазорсолаҳо бо назокату латофати хосаш аз қалби тангноҳо ҷорӣ гашта, оҳанги якнавохти умри абадро месарояд. Шеъри машҳури шоири тавонои тоҷик Мирзо Турсунзода «Рӯди ман» ба хотирам расид. Шоири зиндаёд ин шеърашро дар соҳили ана ҳамин рӯди равон иншо намудааст:
Рӯди ман олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон,
Сарзаминат пурсамар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон,
Даври ман даври дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон,
Дидаю дил пуршарар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон…
Устод Мирзо Турсунзода дар хотираҳояш даврони наврасиашро ба хотир оварда, аз ҷумла, навиштааст: «Ман дар деҳаи Қаратоғ, ки дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ аст, ба дунё омадаам. «Қаратоғ» ба тоҷикӣ «Сиёҳкӯҳ» аст. Дар ҳақиқат ҳам, ин деҳаро аз чор тараф кӯҳҳои сиёҳфом иҳота кардаанд, ки аз паси онҳо силсилаи теғаҳои дандонавар ва гарданаҳои барфпӯши қаторкӯҳи Ҳисор ба назар менамоянд». Деҳаҳои он ҷо номҳои аҷиб доранд. Чашмаи Маликон, Ҳампая, Сухчашма, Заҳргиёҳ, Аламҷаҳон, Камари Мирон номҳои қадимаи деҳаҳои куҳани Қаратоғ мебошанд. Қобили зикр аст, ки Хоҷагии ҷангалпарварии «Қаратоғ» дар масоҳати зиёда аз 44 ҳазор гектар тӯл кашида, дар он мамнуъгоҳи оҳупарварӣ мавҷуд аст.
Тавре ки сарвари мамнуъгоҳ Маҳмадназар Тӯраев изҳор дошт, ҳоло дар он ҷо 200 оҳуи холдор парвариш меёбанд. Ғизолони нодири холдорро бори нахуст, соли 1974 аз кишвари Олтойи Федератсияи Россия оварда буданд. Ҳамроҳи сарвари мамнуъгоҳ ба тамошои маҳали сукунати оҳувон омадем. Онҳо бе тарсу бим дар ҳалқаи анбӯҳи буттаву олучаҳои ёбоӣ сайругашт доштанд.
Он ҳама муъҷизаҳои табиати Ҳисори шодмон аст.
Маҷид САЛИМ,
нависанда