50 километр шимолу ғарбтари шаҳри Душанбе, дар миёни қаторкӯҳҳои Ҳисор осоишгоҳи Хоҷаобигарм ҷой гирифтааст. Дар даврони шӯравӣ он ба осоишгоҳи умумииттифоқӣ табдил ёфта буд. Ба он тамоми сол аз гӯшаву канори мамлакати паҳновари шӯравӣ истироҳаткунандагон меомаданд.
Дар бораи чашмаҳои оби гарм ва буғи табобатии Хоҷаобигарм муҳаққиқон Пакатилло (соли 1889) ва А. С. Боршев (соли 1894) аввалин маълумоти илмиро дода буданд. Соли 1895 табиатшиноси рус В. М. Липский чашмаҳои оби гарми ин мавзеи зебоманзараро таҳқиқ намуда, хосиятҳои шифобахши чашмаҳоро дар асари машҳури худ «Кӯҳистони Бухоро» (соли 1896) зикр кардааст. Баъди барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ соли 1934 истифодаи тиббӣ – амалии чашмаи гарми маъдании Хоҷаобигарм оғоз ёфт, ки он замон осоишгоҳ ҳамагӣ 25 кат дошт. Соли 1936 шумораи катҳо ба 50 адад расид. Агар дар осоишгоҳ солҳои 60- уми асри гузашта дар як мавсим 1500 нафар ба табобат фаро гирифта мешуданд, ҳоло ин рақам ба 7- 8 ҳазор нафар расидааст.
- Дар осоишгоҳи Хоҷаобигарм бемориҳои узвҳои такяю ҳаракат, сутунмуҳра, асаб, роҳи нафас, гурда, узвҳои ҳозима ва ғайра муолиҷа карда мешаванд, — мегӯяд духтури дараҷаи олӣ Миралӣ Ризоев, ки собиқаи беш аз сисолаи корӣ дорад. — Ба беморони гирифтори касалиҳои сироятӣ ва саратон табобат бо обу буғи радондор тавсия намешавад.
Ба гуфти духтури собиқадори осоишгоҳ Саидҷамол Рафиев, обҳои маъдании Хоҷаобигарм аз элементҳои мис, молибден, оҳан, алюминий, титан, хром, кадмий, литий, барий, фтор, калий, индий ва германий бой мебошанд.
Онҳо таъсири шифобахшии оби чашмаҳои маъдании ин мавзеъро зиёд менамоянд. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи чашмаҳои ин ҷо мавҷуд будани буғи радон аст. Буғи шифобахши радон дар дунё беҳамтост. Радон моддаи радиоактив буда, таъсири шифобахшии он то 3- 4 соати баъди аз буғхона (пароэманаторий) баромадан ҳам идома меёбад.
- Ҳангоми қабули буғ набз нисбатан тез зада, фишори хун каме баланд мешавад, — мегӯяд директори осоишгоҳ Давлаталӣ Самизода. — Вале баъд аз 10 — 15 дақиқаи буғмуолиҷа набз ва фишори хун ба эътидол меоянд. Дар давраи табобат бо буғ беморон бояд аз истеъмоли тамоку ва машруботи масткунанда худдорӣ намоянд. Ба ҳар як истироҳаткунанда духтури табобаткунанда вобаста мешавад. Маҳз духтур баъди муоина ба истироҳаткунандагон усулҳои табобатро тавсия медиҳад. Бе иҷозати духтур худсарона ба буғхона даромадан, дар ваннаи радонӣ дурудароз нишастан ба зарари саломатӣ шуда метавонад.
Дар осоишгоҳ вобаста ба ҳолати истироҳаткунандагон навъҳои гуногуни масҳ, сандалии барқӣ, электрофорез, парафингузорӣ, табобат бо лойқа, шустани рӯдаҳо, варзиши табобатӣ тавсия мешавад. Муолиҷаро духтур ба ҳар истироҳаткунанда ба таври инфиродӣ (вобаста ба вазъи саломатиаш) муайян мекунад. Агар истироҳаткунандагон бо маълумот ва таърихи бемориашон оянд, кори духтурони осоишгоҳ осон мешавад, зеро барои ташхиси иловагӣ вақт беҳуда сарф нашуда, сари вақт ба истироҳаткунандагон тавсияи заруриро медиҳанд.
- Осоишгоҳи Хоҷаобигарм имкон дорад дар як вақт то 600 истироҳаткунандаро қабул намояд, — мегӯяд муовини директори генералиии осоишгоҳ Икром Одинаев. — Муассиса бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, ҳоло дар он 140 мутахассис фаъолият доранд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон осоишгоҳ пурра аз таъмир бароварда шуд. Дар натиҷа, шароити будубош ва табобату истироҳати мизоҷон хеле беҳтар гардид. Ҳоло симои осоишгоҳ дигар гашта, сифати хизматрасонӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Бинобар фаъолона ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ, осоишгоҳ шуҳрати пештараашро соҳиб гашта истодааст. Ҳоло ба ин ҷо на танҳо аз ҷумҳурӣ, балки аз Россияву Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон, Арабистону Хитой низ истироҳаткунандагон меоянд.
Ошхонаи осоишгоҳ (сарвараш Идибек Давлатов) ба истироҳаткунандагон таомҳои лазиз, нӯшобаҳои мевагӣ, хӯришҳои сабзавотӣ ва меваҳои шакаринро пешкаш месозад. Ҳар рӯз дар корхонаи нонпазии осоишгоҳ барои мизоҷон нони гарм мепазанд.
Инсон дар баробари ғизои моддӣ ба ғизои маънавӣ низ эҳтиёҷ дорад. Дар кохи фарҳанги осоишгоҳ, ки роҳбариашро Зайниддин Зиёев ба уҳда дорад, ҳар шаб барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешкаш мегардад. Тайи як ҳафтае, ки мо дар осоишгоҳ будем, ҳунарпешагони маъруф Убайдуллои Каромат, Бахтиёр Раҳимов («Ғарибшо»), ҳунарпешагони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Варзоб табъи истироҳаткунандагонро шод гардониданд.
Хоҷаобигарм дар баландии 1860 — 1900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, обу ҳавои гуворо дорад. Сайругашт дар ҳавои тозаи кӯҳсор низ як навъ табобат аст. Чор тарафи осоишгоҳро анбӯҳи дарахтони чормағз, дулона, беду сафедор, олуболуву гулхор ва ғайра иҳота намуда, ба машоми кас мудом накҳати гиёҳҳои шифобахш мерасад. Умуман, чашмаву буғ ва гулу гиёҳҳои шифобахши ин мавзеъ дар маҷмӯъ муъҷизаест миёни кӯҳсор. Бояд ба қадри ин муъҷиза расида, аз он бе зарар расонидан ба муҳити зист баҳра барем.
Хуб мешуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хусусиятҳои шифобахши ин мавзеи зебои кишварро ба забонҳои гуногун муаррифӣ намоем. Шояд бо ҷалби теъдоди бештари сайёҳон имкони дар оянда кашидани роҳи ҳавоӣ фароҳам ояд. Ба ғайр аз ин, болотар аз осоишгоҳ имкони таъсиси базаи лижаронӣ ҳам мавҷуд аст. Дар сурати амалишавии ин нақшаҳо шуҳрати Хоҷаобигарм боз ҳам баландтар рафта, ҳавасмандони дидани ин мавзеи зебоманзар бештар хоҳанд шуд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»