Бозгашт ба мавзӯъ

Муъминобод. 8 маркази саломатӣ ва 5 бунгоҳи тиббӣ дар хона ва мактаб ҷойгиранд

№58 (4478) 14.05.2022

Се сол қабл дар рӯзномаи «Садои мардум» зери сарлавҳаи «Муъминобод. Бунгоҳҳои тиббӣ то ҳол дар хона ва муассисаҳои таълимӣ ҷойгиранд» (12 октябри соли 2019 таҳти №122 (4072)) матлаб нашр гардид, ки дар он аз набудани бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Дегрези ноҳия сухан мерафт. Мутаассифона, бо гузашти се сол тадбире амалӣ нашудааст. Сокинони деҳа дар ҳолати бемор шудан намедонанд, ки ба куҷо муроҷиат кунанд. Бо азобу машаққат роҳи дарозро тай карда, ба беморхонаи марказии ноҳия муроҷиат мекунанд.

Деҳаи зикршуда дар деҳоти «Чилдухтарон» ҷойгир буда, аз маркази ноҳия беш аз 20 километр дур мебошад.

Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари КАТС – и ноҳия Сайдамир Розиқов изҳор дошт, ки аҳолии деҳа 1326 нафар буда, набудани бунгоҳи тиббӣ мушкилоти рӯз аст. Алҳол бунгоҳи тиббии деҳаи Дегрез дар хонаи истиқоматӣ ҷойгир буда, бо дастгирии сокинони деҳа аз тариқи ҳашар таҳкурсии бинои нави он рехта шудааст. Аммо сохтмонаш идома наёфт.

- Шояд камбуди маблағ бошад. На танҳо дар деҳаи Дегрез, балки деҳаҳои Чилдухтарон, Рисқидара, Дошманд, Таги Туто, Балхобӣ, Нуробод, Даҳаначиён, Кӯли Ҳаётбек, Дараи Ҳаваш, Ғуломобод, Чаргии Поён ва деҳаи Ҷавзодара бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дар хона ва муассисаҳои таълимӣ ҷойгиранд. Муъминобод ноҳияи дотатсионӣ аст, шароит нест, ки дар ҳар деҳа бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатӣ сох­та шавад. Бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон корҳо дар ин самт рафта истодаанд, — гуфт ӯ.

Ба иттилои номбурда, айни замон дар панҷ бунгоҳи тиббӣ ва маркази саломатӣ кор идома дошта, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Балхобӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Собиқ роҳбари КАТС – и ноҳия Тӯйбошӣ Шерализода, гуфта буд, солҳои шӯравӣ бунгоҳи тиббии деҳаи Дегрез дар мактаб фаъолият мекард ва баъд аз зиёд шудани шумораи хонандагон онро ба хонаи шахсӣ кӯчониданд. Дар он ду ҳамшираи шафқат ба сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд. Бо дастгирии аҳолӣ аз тариқи ҳашар таҳкурсии бунгоҳи тиббӣ рехта шуда, дар сурати ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар он бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мешавад.

 Таассуфовар аст, ки бо гузашти се сол ваъдаи масъулони ноҳия иҷро нагардид. Сабаб чист? Магар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва Раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб қудрати сох­тани як бунгоҳи тиббиро надоранд?

Ҳоло дар ноҳияи Муъминобод 21 маркази саломатӣ, 33 бунгоҳи тиббӣ, ки 5 ададаш дар мактаб ҷойгир мебошад, амал мекунад.

Сайдамир Розиқов афзуд, ки набудани мошини «Ёрии таъҷилӣ» ва норасоии кадр аз мушкилоти дигари соҳа аст. Ба гуфти ӯ, ҳоло дар ноҳия 67 корманди тиб ва 32 табиби оилавӣ намерасанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»