Ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати кишвар теъдоди зиёди муассисаҳои наву замонавӣ — мактабу литсей, хонаҳои маданият, қасрҳои фарҳанг мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ин соҳаи ҳаётан муҳим ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошту дорад. Зеро мактабу маориф як рукни асоси давлатдорӣ ба шумор рафта, танҳо бо рушди ин соҳа метавон кадрҳои баладихтисосро омода сохт.
Мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Муъминобод аз соли 1975 фаъолият дошта, айни ҳол ба харобазоре табдил ёфтааст.
Рамазон Саидов, директори муассисаи мазкур ҳангоми суҳбат чунин гуфт: «Мактаби бачагонаи мусиқии ноҳия дар бинои садамавию ба талаботи замон ҷавобгӯнабуда фаъолият менамояд. Ҳеҷ кас ба додамон намерасад. Борҳо ба ҷойҳои даркорӣ мактуб кардем. Дар чунин ҳолат қарор доштани муассисаро гуфтем. Мутаассифона, чораҷӯӣ нашуд. Норасоии асбобҳои мусиқӣ мушкилоти дигар аст. Ҳоло дар мактаб танҳо як асбоби мусиқӣ — фортепиано аст. Дар муассиса 15 омӯзгор ба 146 нафар дарс мегӯянд».
Феълан, муассиса дар бинои собиқ таваллудхона фаъолият дорад. Бинобар камбудии синфхона як қатор омӯзгорон машғулиятро дар бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2, рақами 50 ва бинои бахши фарҳанг мегузаронанд.
Ба гуфти Рамазон Саидов, шумораи зиёди волидон барои таҳсил намудани фарзандони хеш дари мактабро мекӯбанд, вале аз сабаби набудани бино талаби онҳо қонеъ намешавад.
Бино ба иттилои Нурулло Аврангов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Муъминобод, яке аз проблемаҳои ҷойдошта норасоии маблағ аст.
- Барои таъмири бино маблағи калон лозим аст, ки онро надорем. Бинои мактаби мусиқӣ соли 2014 — ум бояд сохта мешуд, аммо бо сабабҳои номаълум ба таъхир афтод. То кунун ҳеҷ хабаре аз он нест. Ҳеҷ кас аз он ёд намекунад. Ба қавле, «аз санг садо ҳасту аз баъзе масъулон не».
Шояд масъулини Вазорати фарҳанги кишвар ба ин ҳол афтодани муассисаи фарҳангиро дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳанд?
Исломи РАҶАБАЛӢ,
рӯзноманигор