Ба «садои мардум» ҷавоб омад

Муъминобод. Баъд аз нашри мақола мушкилиҳо бартараф мегарданд

№ 27.05.2017

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод мақолаи Исломи Раҷабалиро зери унвони «Муъминобод. Аз санг садо асту аз баъзе  масъулон не», ки дар шумораи №36 (3673) рӯзномаи «Садои мардум» 4 апрели соли 2017 нашр шудааст, дар  маҷлиси назоратӣ — истеҳсолии назди раиси ноҳия бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Қайд кардан бамаврид аст, ки мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Муъминобод соли 1975 ба фаъолият шурӯъ намуда, шумораи зиёди шогирдонро дар соҳаи фарҳангу мусиқӣ омода намудааст.

Дар мақола дар боби ба талабот ҷавобгӯ набудани бинои мактаби бачагонаи мусиқӣ ва нарасидани асбобҳои мусиқӣ низ сухан меравад.

Қобили зикр аст, ки дар мактаби бачагонаи мусиқии ноҳия се фортепиано, шаш доира, чор рубоби қашқарӣ, як тор, шаш таблак, як аккордеон, чор дутор, се дастгоҳи барқии мусиқӣ, чор компютер ва ду принтер барои дарсазхудкунӣ ва сайқали маҳорат  мавҷуд мебошад.

Дар ин даргоҳи ҳунар 15 омӯзгор ба 146 нафар толибилм дарс меомӯзонанд. Иштироки ҳунаромӯзон дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия ва берун аз он назаррас мебошад.

Мавриди зикр аст, ки соли 2016 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кохи фарҳанг бо 316 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо истифода аз имкониятҳо кӯшиш ба харҷ  медиҳад, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти зикргардидаро бартараф намояд.

 Л. ШАРИФЗОДА,

муовини раиси ноҳия