Муъминобод: Бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфт

№98 (4681) 04.08.2023

20230718_10095Дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар ноҳияи Муъминобод 24 ҳолати бекоркунии ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 ҳолат кам мебошад.

Бино ба иттилои мудири бахши САҲШ — и ноҳия Рухшона Саид­зода, дар давраи зикршуда 2 ҳазору 387 сабти ҳолати шаҳрвандӣ, 46 ҳолати ивази ному насаб, ном ва номи падар ба қайд гирифта шуд. Инчунин, 1370 сабти таваллуд ба қайд гирифта шуд, ки дар қиёс ба соли гузашта 181 ҳолат зиёд мебошад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»