Муъминобод. Ҳоли табоҳи мактаби мусиқӣ

№146 (4096) 03.12.2019

Ё чаро масъулин ба ваъда вафо накарданд?

sdr4 апрели соли 2017 дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти №36 (3673) зери сарлавҳаи «Муъминобод. Аз санг садо асту аз баъзе масъулон не» мақолаи танқидӣ нашр шуд, ки муаллиф аз ҳоли бади  бинои Мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Муъминобод қисса мекард. Мутаассифона, аз чопи мақола 3 сол сипарӣ гардиду масъулин «ба лаб муҳри хомӯшӣ зада», боре ба масъала таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Чаро? 

Ин дар ҳолест, ки мактаби зикршуда ягона муассисаи фарҳангӣ дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар омода кардани кадрҳои соҳаи санъат ва мусиқӣ саҳм дорад.

Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ва бетаваҷҷуҳии масъулин хостем дубора сари масъала баргардем.

Муассиса аз соли 1975 фаъолият дорад. Набудани бинои таълимӣ, норасогии ҷойи нишаст, мизу курсӣ, асбобҳои мусиқӣ мушкилотест, ки хонандагону омӯзгорони даргоҳро ба ташвиш овардааст.

- Феълан муассиса дар бинои собиқ таваллудхонаи ноҳия ҷойгир буда, он барои гузаронидани машғулиятҳо мувофиқ нест. Дар чунин ҳол афтодани муассисаро ҳам медонанд. Аз набудани синфхонаи таълимӣ бештари омӯзгорон машғулиятҳоро дар бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинои бахши фарҳанги ноҳия мегузаронанд. Айни ҳол дар муассиса 16 омӯзгор ба 170 толибилм дарс мегӯянд, — гуфт директори муассиса Рамазон Саидов.

Бояд гуфт, ки новобаста аз нуқсонҳои ҷойдошта омӯзгорону хонандагони даргоҳ дар чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳангоми боздид маълум гардид, ки муассиса дорои 7 синфхонаи таълимӣ буда, онҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Айни замон дар 4 синфхонаи он хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Тибқи маълумоти дастрасгардида, масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҷойи ислоҳи камбудиҳо 3 синфхонаи дигарро ба иҷора додаанд.

- Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳия собиқ бинои масҷид дар кӯчаи Айнӣ ба ихтиёри ин муассиса гузашт. Як қисматашро таъмир кардем. Маблағ шавад қисмати дигарашро таъмир карда, мактаби мусиқиро ба он ҷо мекӯчонем, — гуфт Нурулло Аврангов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Муъминобод.

Ӯ, ҳамчунин, қайд кард, ки бобати мушкилоти ҷойдошта ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хаттӣ муроҷиат кардаанд. Дар нақша аст, ки то соли 2020 хонандагони даргоҳ ба бинои нави замонавӣ хоҳанд гузашт.

Мутаассифона, ваъдаҳо солҳо боз аз ҷониби масъулини ноҳия дода мешаванд, аммо иҷро не. Чаро? Кӣ ба бетаваҷҷуҳии масъулон нуқта мегузорад?

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»