Дар ноҳияи Муъминобод солҳои пеш парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва самаровар маҳсуб меёфт. Аз ин хотир, айни ҳол ба эҳё ва рушди он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Бо ин мақсад, ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Мурғи Муъминобод», ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зуҳуршо Сафаров таъсис ёфтааст, соли дуюм аст, ки фаъолият дорад. Дар он, ки парвариши парандаи зоти гӯштӣ мутобиқ ба технологияи навин ба роҳ монда шудааст, то моҳи марти соли 2019-ум 37,7 тонна гӯшти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол гардидааст. Ҳоло дар ҶСШП «Мурғи Муъминобод» 30700 сар чӯҷаи зоти гӯштӣ парвариш меёбад.
- Агарчӣ ҳоло натиҷаи корӣ назаррас аст, мо кӯшиш намуда истодаем, ки роҳҳои наву самарабахштар дарёфт карда, истеҳсоли гӯштро афзоиш диҳем. Алҳол ҳар як мурғеро, ки ба фурӯш мебарорем, 2,5 — 3 кг вазн дорад. Бо ин роҳ мехоҳем дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузорем, — изҳор дошт Зуҳуршо Сафаров.
Ҳоло дар хоҷагиҳои ноҳия 117278 сар паранда мавҷуд аст. Тибқи маълумот, то 1 марти соли 2019 саршумор нисбат ба соли гузашта 29226 сар зиёд гардидааст.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»