Соҳибкорон ва саховатпешагони ноҳияи Муъминобод ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда доранд. Аз ҷумла, чанде пеш дар сойи Хоҷаҳақиқӣ, воқеъ дар назди бозори марказии ноҳия, пули мошингузар бо дарозии 13 метр ва паҳноии 8 метр ба истифода дода шуд, ки иқтидори вазнбардориаш 60 тоннаро ташкил медиҳад.
Тавре сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Муъминобод Бобоёр Бобоёрзода иттилоъ дод, пули мазкур деҳаи Деҳлолоро бо маркази ноҳия мепайвандад.
Дар корҳои сохтмонӣ 15 сокини маҳаллӣ ҷалб гардиданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»