Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ, дар қатори кишварҳои дигари ҷаҳон ва минтақа таҳдиду хатарҳои муосирро, ба монанди терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройии динӣ ба амнияти миллӣ эҳсос менамояд ва бо мақсади муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб дар ҳамгироӣ бо созмонҳои бонуфузи амниятии байналмилалӣ ва минтақавӣ чораҷӯӣ мекунад.
Яке аз роҳҳои муқовимат ба ин зуҳурот такмил додани асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, дар ин самт бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва нақшаи амалишавии он қабул гардида буд. Он сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас карда, дар асоси Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид таҳия шудааст. Ин бори дигар шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалиро дар доираи СММ иҷро мекунад.
Илова бар ин, вобаста ба тағйирёбии авзои ҳарбиву сиёсии ҷаҳон, иваз гардидани тактикаи ҷангии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаройӣ, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб сари вақт тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд.
Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони сиёсии мубориза ва муқовимат бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройии динӣ табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки солҳои 2018 — 2019 дар шаҳри Душанбе ду конфронси сатҳи баланд бо иштироки намояндагони даҳҳо давлат ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» ва «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» гузаронида шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар конфронси соли 2019 чунин изҳори андеша намуданд: «Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дар бар мегирад. Дар ҳоли ҳозир амалҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройӣ пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандони одӣ мегарданд. Айни замон, зуҳуроти терроризми байналмилалӣ ҳар чӣ бештар тақвият меёбанд, ки барои сарнавишти ҷаҳон хатари бузург аст».
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамгироӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ, САҲА, ИДМ, СААД ва ғайра, бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройии динӣ чорабиниҳои муштараки муқовиматӣ меандешад. Ин кор бо роҳи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани машқҳои низомии сохторҳои зиддитеррористию экстремистӣ, амалиёти махсуси фавриву ҷустуҷӯйӣ ва ғайра сурат мегирад.
Сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо Пулиси байналмилалӣ (Интерпол) доир ба масъалаҳои ҷустуҷӯ, боздошт ва истирдоди террористону ифротгароён ба ватан ҳамкории зич барқарор кардаанд. Чунин ҳамкориҳо бо Кумитаи зиддитеррористии СММ низ ба роҳ монда шудааст. Дар нимаи якуми соли 2019 сафари роҳбари кумитаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар рафти вохӯриҳои дуҷониба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо, расонидани кумаки молиявӣ ба сохторҳои зиддитеррористии кишвар дар мубориза бо ин зуҳурот баррасӣ шуданд.
Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит месозад, ки барои муваффақ шудан дар ин роҳ таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯии ба бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашуда зарур аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷараёнҳои глобализатсионии муосир таҳдиду хатарҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройии диниро афзоиш додаанд. Мисоли равшани он Сурия, Ироқ, Афғонистон ва ғайра мебошанд, ки дар онҳо абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ манфиатҳои геополитикии худро пиёда карда истодаанд. Чунончӣ, то ба ҳол таҳдиду хатари созмонҳои террористию экстремистии ДИИШ/ДИ, «Ансоруллоҳ», ҳаракати «Толибон», «Салафия», ПМТ ва ғайра ба амнияти миллии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ аз байн нарафтааст. Аз ҷумла, тибқи омори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли равон аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 226 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва 378 ҷинояти эктремистӣ ошкор ва ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар ин давра як амали террористӣ содир, ду суиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ ва 97 нафар узви ташкилоти террористӣ муайян ва дастгир гардид. Бо доир кардани чорабиниҳои фаврию фаҳмондадиҳӣ 169 нафар шаҳрванде, ки дар амалиёти мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, ихтиёрӣ ба Ватан бозпас оварда шуданд.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон афрод ё шахсоне, ки ба доми фиреби ифротгароён афтода, гумроҳ ва пушаймон шудаанд, агар ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар кишварҳо даст кашида, ба ватан баргарданд, ба шарте ки дар кирдори онҳо аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи кишвар ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа муборизаро дар ин самт рӯз то рӯз пурзӯр намуда истодааст.
Ҳикматулло ХОҶАЕВ,
сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон