Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони вилояту сокинони шаҳри Бохтар вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва сиёсатшинос Абдуллоҳи Роҳнамо иштироку суханронӣ намуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода иброз намуд, ки моро лозим аст ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят муҳтавою нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда якҷоя саъю талош варзем.
Таъкид гардид, ки вақте дар ҷомеа волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои насли имрӯз дар самти риояи қонун намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ гардем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
- Паём як шакли ифодаи истиқлол аст ва дар он тамоми бурду бохти яксолаи соҳаҳои хоҷагии ҳалқи кишвар ба таври мукаммал инъикос гардидааст, — афзуд зимни мулоҳизаронӣ Абдуллоҳи Роҳнамо.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки масъулон бояд бо ҷалби бештари сиёсатшиносону аҳли зиё корҳои фаҳмондадиҳию омӯзиширо дар маҳалҳо зиёд намоянд, то сокинон аз ҳар гуна тундгароию ҳадафҳои норушану ба давлат хатарзо дур бошанд ва ҳарчи бештар баҳри ободии ин миллату сарзамин камари ҳиммат банданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»