Дар деҳаи Разуҷи деҳоти «Бартанг»- и ноҳияи Рӯшон муассисаи таълимии нави замонавӣ ба истифода дода шуд, ки барои сохтмони он аз буҷети вилоят як миллиону 630 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Корҳои сохтмониро, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шарқ» ба зимма дошт, сохтмончиёнро аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ҷалб намуд. Муассисаи таълимӣ, ки бо дарназардошти талаботи замон барои 96 нафар хонанда бунёд гардидааст, аз шаш синфхона, хонаи омӯзгорон, утоқи компютерӣ ва таҷҳизоти таълимии дорои сифати баланд иборат мебошад.
Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни ифтитоҳ муассисаи мазкурро, ки дар он хонандагони деҳаҳои Разуҷ ва Даржомчи деҳоти «Бартанг» таҳсил менамоянд, туҳфаи арзандаи ҳукумати кишвар ба хонандагону волидонашон арзёбӣ намуд. Ӯ, ҳамчунин зикр кард, ки мутобиқи нақшаи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти «Бартанг» — и ноҳияи Рӯшон бунёд ва азнавсозии боз 13 муассисаи таълимӣ дар зарфи ду соли оянда ба нақша гирифта шудааст.
Ш. Шоҳқосим,«Садои мардум»