Ба наздикӣ ҷаласаи навбатии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он Прокурори генералӣ, раисони Шӯрои адлия, Суди Олии иқтисодӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқшиносон иштирок доштанд. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Нусратулло доир ба рӯзномаи ҷаласаи пленум таври мухтасар маълумот дод.
Зикр шуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро баробари ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, аз қабили хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин як падидаи дигари хавфнок, ба монанди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта, ба ташвиш овардааст. Содир гардидани ин қабил ҷиноятҳо ҳамчун ҷинояти вазнин ба амнияти давлат ва ҷомеа таҳдид намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро халалдор месозанд.
Масъалаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта, ба ғайр аз меъёрҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ва Консепсияи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ), инчунин бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба танзим дароварда шудаанд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини дуруст ва якхелаи меъёрҳои қонунгузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии содир гардидани ин намуд ҷиноятҳо ва аз байн бурдани норасоиҳои дар фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва судҳои ҷумҳурӣ ҷойдошта, Қарори нави Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта» қабул карда шуд.
Инчунин Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ марбут ба таъини намуди муассисаҳои ислоҳӣ нисбати шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумгардида» бори аввал қабул гашт. Дар Қарори Пленуми мазкур дар бораи дуруст таъин кардани намуди муассисаҳои ислоҳӣ нисбат ба маҳкумшудагони аз озодӣ маҳрумгардида тавзеҳоти дастурӣ дода шудаанд.
Бинобар қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 246 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқи қонунгузорӣ оид ба баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо марбут ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона ба миён меоянд» тағйиру иловаҳо ворид шуд.
Диққати судяҳо ба он ҷалб гардид, ки ҳуқуқи моликии шахси сохтмони худсаронаро анҷомдода аз ҷониби суд ба шарте эътироф карда мешавад, агар қитъаи замин мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шахс барои сохтмони ҳамин намуди иншоот дода шуда бошад.
Қонунгузории амалкунанда ҳифзи судии ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва шахсони ҳуқуқиро оид ба шаъну шараф ва эътибори корӣ кафолат медиҳад. Бо мақсади таъмини татбиқи дурусту якхелаи қонунгузорӣ, ки муносибатҳои ҳуқуқии дар боло номбаршударо ба танзим медароранд, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2011 таҳти №7 «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ» қабул шуда, мавриди амал қарор дорад.
Бинобар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба қарори зикргардида низ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Диққати ҳозирин ба он нигаронида шуд, ки мутобиқ ба моддаи 1741 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаъну шараф ва эътибори корӣ тариқи туҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахси дигарро паст мезанад ҳифз шуда, таҳқир, яъне беадабона бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар тибқи талаботи моддаҳои 170, 171 ва 174 Кодекс муҷозот мешаванд.
Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ эътироф гардида, иҷрои онҳо барои судҳо, мақомоту шахсони мансабдоре, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда дигар қарорҳои дахлдор низ қабул гардиданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»