Яке аз зуҳуроти хавфноку номатлуби ҷомеаи имрӯза коррупсия ва амалҳои коррупсионӣ маҳсуб меёбад, ки дар қонунгузории миллии мо ва байналмилалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин эътироф шудааст. Коррупсия бевосита ба амнияти миллӣ таҳдид намуда, ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии давлат халал мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ — Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро бар зидди коррупсия 25 сентябри соли 2006 ба тасвиб расонид.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 таҳти №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шуда буд: «Дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад».
Аз ин рӯ, мутобиқи дастуру вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миёнгузошта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» тасдиқ гардид, ки татбиқи он бомуваффақият ҷараён дорад.
Ҳамзамон ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воҳидҳои алоҳидаи онҳо дар маҳалҳо, аз ҷумла дар вилояти Хатлон, баҳри муқовимат бо коррупсия ва тарғибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ таъсис дода шуданд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои соҳавӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омӯзиши масъалаҳои марбут ба коррупсия дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ, тарғиб ва ташаккули маърифати зиддикоррупсиониро пеш бурда истодаанд. Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шудаанд, ки онҳо дар баробари масъулони мақомоти давлатӣ дигар табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро низ фаро гирифтаанд. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати иҷрои ин стратегия аз 7 январи соли 2014 таҳти №1 фармоиш ба тасвиб расонида, Барномаи идоравии (соҳавии) зиддикоррупсионӣ ва нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати иҷрои стратегияи мазкур тасдиқ намуд. Баҳри иҷрои дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои зикршуда ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» Раёсати адлияи вилояти Хатлон корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Аз ҷумла курсҳои таълимӣ барои хизматчиёни давлатӣ оид ба риояи одоби хизмати давлатӣ ташкил намудааст ва баҳри тақвият бахшидан ба раванди муқовимат ба коррупсия омӯзишҳои иловагӣ доир мегарданд.
Тавре аз маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бармеояд, танҳо дар шаш моҳи соли равон 417 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои хусусияти коррупсионидошта бо арзу шикоят муроҷиат намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2014-ум 139 адад зиёд мебошад. Яъне, мавқеи шаҳрвандии сокинон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб торафт оштинопазир мегардад. Воқеан ҳам мубориза алайҳи амали номатлуб оштинопазириро талаб менамояд.
Бегиҷон ОДИНАЗОДА, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3