Мухтасари ахбори Тоҷикистон

№ 19.05.2021

18 майи соли 2021 дар зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макей дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус баррасӣ гардида, роҷеъ ба ҳамкории кишварҳо дар самти тиҷорату иқтисод диққати махсус дода шуд. Дар фарҷом Нақшаи машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.

***

19 — 22 майи соли равон дар шаҳри Душанбе нуҳумин намоишгоҳ — ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия. Тоҷикистон-2021” баргузор мегардад, ки дар он намояндагони 26 муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Россия ва 4 филиали донишгоҳҳои он кишвар дар Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Қисмати аввали намоишгоҳ дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва қисмати дуюм дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад. Ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ фароҳам овардани имкон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, довталабон ва донишҷӯёне мебошад, ки мехоҳанд, таҳсилро дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия идома диҳанд ва волидоне, ки барои фарзандонашон таҳсилоти олии баландсифатро мехоҳанд.

***

Ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз 21 май то 30 июн Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мегардад. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон баскетбол, бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гӯштингирӣ, гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, самбо, таэквондо, ҳэндбол, дзюдо ва шиноварӣ ворид карда шудаанд.

 Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»