Мухтасари ахбори Тоҷикистон

№ 15.04.2021

14 апрели соли 2021 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор корхонаи истеҳсолӣ: ҶДММ «Ғаюрсаноат», ҶДММ «Ауфен», ҶДММ «Тоҷпласт-1» ва ҶДММ «Шенси» ба фаъолият оғоз кард. Дар ин бора сомонаи интернетии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

***

Зимни вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо роҳбарии Марк Руслан Анатолевич 12 апрели соли равон лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои ёддошти тафоҳум байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ширкатҳои Санкт-Петербург баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки соли 2020 гардиши савдо байни ҳар ду кишвар 973,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

***

Нуҳ объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қароқум»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.  Инҳо «Панҷакенти Қадима», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Токсанкорез» ва Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» мебошанд. Аллакай парвандаҳои номинатсионии онҳоро созмони зикршуда аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ кардааст. Дар ин бора www.vfarhang.tj хабар додааст.

***

Хонандаи синфи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Норак Алия Қурбоналиева дар Озмуни  байналмилалии адабӣ-бадеӣ бахшида ба 115-солагии шоири кӯдаконаи рус Агния Барто миёни 268 иштирокчӣ аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон сазовори ҷойи аввал, Дипломи дараҷаи якум ва  роҳхат ба истироҳатгоҳи тобистонаи «Артек» гардид.

***

14 апрели соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Рӯзи илми тоҷик ва  143 — солагии  Қаҳрамони  Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги халқи тоҷик»  намоиш ва конфронси илмӣ доир гардид. Дар баробари осори санъати тасвирӣ, кандакории рӯи чӯб ва нимпайкараҳо, ҳамчунин якчанд ашёи таърихие, ки бозгӯйи ҳаёту фаъолияти пурсамари устод Садриддин Айнӣ мебошанд, ба монанди қаламдон, рангдон, айнакҳо, худкор, асои мунаққаш, гулдон, курсӣ, чароғи рӯйимизӣ, офтобаи мисӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ, шаҳодатномаи депутатӣ ва ордену медалҳо аз фонди захиравии Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ интихоб гардида, ба намоиш гузошта шудаанд. Намоиш аз 14 апрел то 1 майи соли равон идома меёбад.

***

Дар арафаи Рӯзи илми тоҷик Муассисаи давлатии  телевизиони Тоҷикистон- «Илм ва табиат» ба фаъолият оғоз намуд. Барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабака нашр мешаванд, ба забони тоҷикӣ буда, дастовардҳои олимони тоҷик, инчунин табиату манзараҳои нотакрори мамлакатро инъикос менамоянд.  Ҳоло шабака 18 соати нашр дошта, қарор аст давоми сол ба 24 соат расонида шавад.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»