Мухтасари хабарҳои Тоҷикистон

№53 (4315) 22.04.2021

19 апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Душанбе, зимни музокироти намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Руденко роҳбарӣ намуданд. Дар мулоқот доир ба лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, мубодилаи афкор сурат гирифт.53

***

19 апрели соли равон даври дуюми ройзаниҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд аз тариқи фосилавӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Нидерланд дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, муҳити зист, маориф, сайёҳӣ, обу энергетика, мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, дар масъалаи мубориза бо COVID-19 ва таҳдиду чолишҳои муосир табодули афкор карда шуд. Дар ин бора сомонаи Взорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

***

Бино ба маълумоти шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат, 19 апрели соли равон вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ роҳбари Дафтари ҳамоҳангсозии барномаҳои СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлуро ба ҳузур пазируфта, ҳамкориҳо дар бахшҳои татбиқи барномаҳои давлатии бахши кишоварзӣ, растанипарварӣ, чорводорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, ташкили марказҳои логистикӣ, дастрасии тухмиҳои аълосифат, бунёду навсозии лабораторияҳо, обёрии қатрагӣ дар мавзеҳои кӯҳӣ, дастрасии техникаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

Чанде пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ хабар дод. Онҳо ҷавони 23-сола ва ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Норак будаанд. Боздоштшудагон моҳҳои март апрели соли ҷорӣ, бо мақсади ба муомилот баровардани асъори хориҷии қалбакии доллари амрикоӣ аз шиносашон ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Норак купюраҳои 100 доллараи амрикоии қалбакиро дастрас намуда, ба ҷавони 28 ва марди 45-солаи сокинони ҳамин шаҳр ба фурӯш баровардаанд. Мувофиқи маълумотномаи Ташхиси судӣ -криминалистӣ купюраҳои мусодирашуда 7 ҳазору 800 доллари амрикоии қалбакиро ташкил медиҳад. Тафтиш аз рӯи ҳодиса идома дорад.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»