Дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба таври тантанавӣ аз номи Сарвари давлат ба як қатор кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва хизматчиёни давлатии қаламрави вилоят, ки ба дастовардҳои баланди истеҳсолӣ ноил шудаанд ва дар рушди илму фарҳанги кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, мукофоти давлатӣ супурд.
Аз ҷумла бо медали «Хизмати шоиста» Бекназаров Раҳимназар Абдулназарович — раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, Шамиров Саидрасул Ғуломрасулович — муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Ширинов Раҳматшо — раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ванҷ ва бо медали «Шафқат» Ахмедшарипова Гулийна Абдикадировна — мудири таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ва Иноятова Зебиниссо – директори Маркази саломатии шаҳри Хоруғ мукофотонида шуданд.
Мукофотонидашудагон барои чунин қадрдонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»