Мукофотҳои Ғалаба

№50 (3351) 07.04.2015

ҚАҲРАМОНИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ

Звезда-Героя-СССР копияМутобиқи Қарори КИМ-и СССР аз 16 апрели соли 1934 унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ таъсис ёфт. Ин унвони олии Иттифоқи Советӣ  барои хизматҳои махсуси шахсони алоҳида ва коллективӣ, хизматҳои шоён дар назди давлат, барои зоҳир намудани  корнамоиҳои  қаҳрамонона дода мешуд.

Дар аввал ин унвон ягон нишон надошт. Танҳо Грамотаи КИМ- и СССР тақдим мегардиду халос. Бори нахуст аввалин Қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ -ёздаҳ лётчик бо ордени Ленин мукофотонида шуданд. Танҳо аз 29 июли соли 1936 мутобиқи Қарори КИМ- и СССР Низомномаи унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ тасдиқ гардид ва шахсоне, ки бо ин унвони баланд сарфароз мешуданд, дар баробари Грамота ба онҳо ордени Ленин супорида мешуд.

Аз 1 августи соли 1939 бо Укази Президиуми Совети Олии СССР ба ин унвон медали тиллоии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» пешбинӣ шуд. 16 октябри соли 1939 бошад, бо Укази Президиуми Совети Олии СССР тарҳи нави медал, ки баъдҳо «Ситораи тиллоӣ» ном гирифт, тасдиқ гардид.

Аз рӯи низомномаи нав як шахс метавонист якчанд бор ба ин унвони баланд сазовор гардад. Шахсе, ки ду бор ба ин унвон шарафёб мегардад, дар зодгоҳаш нимпайкара гузошта мешавад. Шахсоне, ки ба ин унвони олӣ се бор сазовор мегарданд, дар назди Қасри Советҳои шаҳри Москва нипайкараашон гузошта мешуд. Азбаски сохтмони бинои Қасри Советҳо аз сабаби оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба анҷом нарасид, нимпайкараҳои се карат Қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ дар назди девори Қасри Кремл гузошта шудааст.

Дар байни солҳои 1934- 1991-ум 12772 нафар шаҳрвандони Иттифоқи Советӣ ва хориҷӣ ба ин унвони олӣ сазовор гардиданд.

Аз Тоҷикистон баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ду нафар ҷанговарони интернатсионалист Александр Мироненко (баъди марг) ва Набӣ Акрамов сазовори унвони  Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуданд.

 ОРДЕНИ «ҶАНГИ ВАТАНӢ» ДАРАҶАҲОИ I, II ВА III

 vov_med копия20 майи соли 1942 орденҳои «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаҳои I, II ва III  мутобиқи Укази Президиуми Совети Олии СССР «Дар бораи  таъсиси орденҳои «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаҳои I, II ва III таъсис ёфтанд. Бори нахуст дар таърихи системаи мукофотонии шӯравӣ номгӯйи мушаххаси корнамоиҳои ҷангӣ, ки барои он ордени мазкур тақдим мешуд, оварда шудааст.

Ордени мазкурро ҳайати аскарони қаторӣ ва офитсерони Армияи Советӣ, Флоти ҳарбӣ- баҳрӣ, кормандони НКВД ва партизанҳо, ки дар муҳориба бар зидди истилогарони фашизм далерию мардонагӣ зоҳир намудаанд ва ё дар амалиётҳои ҳарбӣ ҷасорат ва корнамоиҳо нишон додаанд, сазовор шудаанд.

Бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи I ҷанговароне мукофотонида мешаванд, ки шахсан ду ё се танки вазнин, сабук ё миёнаи душман ва дигар техникаҳоро нобуд карда бошанд.

Бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи II ҷанговароне сазовор мегарданд, ки шахсан як танки вазнин ё  миёна ва ё ду танки сабук ва ғайраҳоро  нобуд карда бошанд. Бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаҳои I, II ва III аз 2 июни соли 1942 то соли 1991 зиёда аз 9,1 милион нафар мукофотонида шудаанд.

 МЕДАЛИ «БАРОИ ШУҶОАТ»

за отвагуМедали давлатии СССР «Барои шуҷоат» 17 октябри соли 1938 таъсис ёфт. Бо ин медал аскарони Армияи Сурх, Флоти ҳарбӣ- баҳрӣ ва сарҳадбонон барои мардонагӣ ва ҷасорат ҳангоми муҳорибаҳо бо  душманони Иттифоқи Советӣ, инчунин ҳифзи сарҳади давлатии СССР,  мукофотонида мешуданд. Дар байни аввалин дорандагони ин медал метавон номи  сарҳадбонон Н.Гуляев ва Ф.Григоревро ба забон гирифт.

Ин сарҳадбонони ҷасур дар назди кӯли Ҳасан як гурӯҳи диверсантҳоро ба асирӣ гирифтанд. Бо Укази Президиуми Совети Олии Федератсияи Россия аз 2 марти соли 1992 таҳти №2424-як медали мазкур ба феҳристи мукофотҳои давлатии Федератсияи Россия  гузаронида шуд.

Бо медали «Барои шуҷоат» 4000 000 нафар сарфароз гардидаанд.

МЕДАЛИ «БАРОИ ХИЗМАТҲОИ ҶАНГӢ»

боевМедали «Барои хизматҳои ҷангӣ» тибқи Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 17 октябри соли 1938 таъсис ёфт. Бо ин медал хизматчиёни Армияи Сурх, Флоти ҳарбӣ- баҳрӣ, ҳайати сарҳадбонон, қӯшунҳои дохилӣ, шаҳрвандони СССР ва шахсоне, ки шаҳрванди Иттифоқи Советӣ нестанд, мукофотонида мешуданд.

Медали мазкур барои хизматҳои алоҳидаи ҷангӣ, барои маҳорат, иқдоми наҷиб ва амалиёти ҷасурона дар муҳорибаҳо, иҷрои саривақтии супоришҳои ҷангӣ, баланд бардоштани шаъну шарафи ҳарбӣ, ҷасорату мардонагӣ ҳангоми ҳимояи сарҳади давлатии СССР, барои комёбиҳои шоён дар омодагии ҷангӣ ва сиёсӣ, аз худ кардани  техникаи нави ҷангӣ, дар ҳолати баланди омодагии доимии муҳорибавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъу томҳо ва ҳангоми хизмати ҳақиқии  ҳарбӣ тақдим мегардад.

Медали «Барои хизматҳои ҷангӣ» дар тарафи чапи сина дар баробари дигар медалҳои СССР, баъди медали «Ушаков» насб карда мешуд. Бо ин медал то 1 январи соли 1995-ум 5210078 нафар сазовор гардидаанд.

Фароҳамсоз Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

(Идома дар шумораи оянда)