МУКОФОТҲОИ ҒАЛАБА

№55 (3356) 18.04.2015

МЕДАЛИ УШАКОВ

medal-ushakova копияМедали Ушаков бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз      3 марти соли 1944 таъсис ёфт. Медал аз нуқра тайёр шудааст.

Бо ин медал матросҳо ва солдатҳо, старшинаҳо ва сержантҳо, мичманҳо ва прапоршикҳои Флоти ҳарбии баҳрӣ ва қисмҳои ҳарбии баҳрӣ, қӯшунҳои сарҳадбонони баҳрӣ барои диловарӣ ва шуҷоат зоҳир намудан ҳангоми ҳифзи Ватани сотсиалистӣ дар майдонҳои ҷангии баҳрӣ дар замони осоишта ва ҳарбӣ мукофотонида мешуданд. Медали Ушаков инчунин барои ҷасорат ва мардонагии шахсӣ зоҳир намудан ҳангоми муҳорибаҳои ҷангӣ бо душманони Ватани сотсиалистӣ дар майдонҳои ҷангии баҳрӣ; ҳифзи сарҳади давлатии баҳрии СССР; иҷро намудани супоришҳои ҷангии киштиҳо ва қисмҳои Флоти ҳарбии баҳрӣ ва қӯшунҳои сарҳадӣ; ҳангоми иҷро кардани қарз ва уҳдадории ҳарбӣ дар ҳолатҳои вобаста барои ҳаёт хатарнок тақдим мегардад.

Медали Ушаков дар тарафи чапи сина, дар қатори дигар медалҳои СССР, баъди медали «Барои шуҷоат» насб карда мешавад.

ОРДЕНИ НАХИМОВ ДАРАҶАҲОИ I ВА II

НАХИМОВУкази Президиуми Совети Олии СССР аз 3 марти соли 1944 «Дар бораи таъсис додани орденҳои ҳарбӣ: орденҳои Ушаков дараҷаҳои I ва II  ва ордени Нахимов дараҷаҳои I ва II» ба имзо расид. Муаллифи лоиҳаи орден рассом Б.М. Хомич мебошад.

Ордени Нахимов  барои комёбиҳои барҷаста дар таҳияи нақшаи гузаронидан ва таъмин намудани амалиётҳои баҳрӣ, ки дар натиҷаи амалиёт ба душман зарбаи сахт зада ҳуҷуми онҳо гардонида шудааст, инчунин амалиётҳои фаъоли баҳрӣ таъмин гардида, ба душман зарбаи хеле сахт зада шуда, қувваҳои асосии худӣ нигоҳ дошта шудаанд; барои амалиёти  бобарори  мудофиавӣ, ки дар натиҷаи он душман  торумор гаштааст; барои гузаронидани амалиёти хуби зиддидесантӣ, ки ба душман талафоти зиёд расидааст, барои мудофиа кардани коммуникатсия ва базаҳо аз душман, ки дар натиҷа ба несту  нобуд кардани қувваи хеле калони душман ва барбод додани амалиёту ҳамла ва ҳуҷуми душман оварда расондааст, дода мешавад.

Бори нахуст ин медал 16 майи соли 1944 ба баҳрнавардони шуҷоъ тақдим гардид. Шумораи дорандагони ордени Нахимов (дараҷаҳои I ва II)  500 нафар мебошад.

 Ордени Ушаков дараҷаҳои I ва II

 УШАКОВкопияОрдени Ушаков назар ба ордени Нахимов қурби баландтар дошта, аз ду дараҷа иборат мебошад. Ордени Ушаков  дараҷаи I аз платина ва дараҷаи II аз тилло тайёр шудааст.

Барои тайёр кардани орден рангҳои байрақи  тоинқилобии ҳарбӣ- баҳрии Андреевский истифода  шуда, аз рӯи лоиҳаи рассом Б.М. Хомич омода гардидааст.

3 марти соли 1944 Укази Президиуми Совети Олии СССР «Дар бораи таъсис додани орденҳои ҳарбӣ: ордени Ушаков дараҷаҳои I ва II ва ордени Нахимов дараҷаҳои I ва II» ба имзо расид.

Ордени Ушаков барои гузаронидани амалиётҳои фаъолона ва бобарор, ки дар натиҷаи он, бо вуҷуди аз ҷиҳати қувва бартарии зиёд доштани душман ғалаба ба даст овардаанд, тақдим мешуд, инчунин барои задухӯрдҳои бобарор. Ин задухӯрдҳо  метавонистанд задухӯрдҳои баҳрӣ бошанд, ки дар натиҷаи он қувваҳои зиёду аҳамиятноки душман несту нобуд шудаанд.

Барои амалиётҳои бобарори десантӣ низ, ки ба нобуд кардани базаҳои мустаҳкаму пуриқтидори наздисоҳилии душман оварда  расонидааст, ин орден тақдим мегардид.

Баъд аз амалиётҳои ҷасурона, ки дар натиҷаи он киштиҳои  арзишманди ҷангӣ ва боркаши душман ғарқ шуда бошанд,  ин орден метавонист дода шавад.

Дар маҷмӯъ, ордени Ушаков (дараҷаи II) 194 маротиба тақдим шудааст. Сенздаҳ қисми ҳарбии баҳрӣ ва киштиҳои Флоти ҳарбии баҳрӣ ордени Ушаковро сазовор гардида, онро дар байрақи худ насб намудаанд.

МЕДАЛИ «БАРОИ МУДОФИАИ КАВКАЗ»

КАВКАЗМедали «Барои мудофиаи Кавказ» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 1 майи соли 1944, аз рӯи тарҳи расми кашидаи Н.И.Москалёв, тасдиқ шуд.

Бо медали мазкур ҳамаи иштирокчиёни мудофиаи Кавказ- хизматчиёни ҳарбии Армияи Сурх, Флоти ҳарбии баҳрӣ ва қӯшунҳои НКВД, инчунин шахсони алоҳида, ки бевосита дар мудофиа иштирок кардаанд, мукофотонида шуданд. Медали «Барои мудофиаи Кавказ» дар тарафи чапи сина, дар қатори дигар медалҳои СССР, пас аз медали «Барои мудофиаи Киев» часпонида мешавад. То соли 1985 бо медали «Барои мудофиаи Кавказ» 870 000 нафар сарфароз гардидаанд.

Фароҳамсоз Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

(Идома дар шумораи оянда)