МУКОФОТҲОИ ҒАЛАБА

№56-57 (3357-3358) 20.04.2015

(Идома аз шумораҳои гузашта)

 МЕДАЛИ «БАРОИ МУДОФИАИ МОСКВА»

za-oboronu-moskvi копияМедали «Барои мудофиаи Москва» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 1 майи соли 1944 тасдиқ гардид. Муаллифи лоиҳаи медал рассом Н.И. Москалёв мебошад.

Бо медали «Барои мудофиаи Москва» ҳамаи иштирокчиёни мудофиаи Москва сарфароз гардидаанд:

-хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати худихтиёриёни Армияи Сурх ва қӯшунҳои НКВД, ки дар мудофиаи шаҳри Москва на кам аз як моҳ, дар мавсими аз 19 октябри соли 1941 то 25 январи соли 1942 иштирок кардаанд;

-шахсони алоҳида аз байни шаҳрвандони маҳаллӣ, ки бевосита дар мудофиаи шаҳри Москва на кам аз як моҳ, дар мавсими аз 19 октябри соли 1941 то 25 январи соли 1942 иштирок кардаанд;

-хизматчиёни қисмҳои ҳарбии минтақаи Москва, қувваҳои  мудофиаи зиддиҳавоӣ ва қисмҳои қувваҳои баҳрии зиддиҳавоӣ, инчунин шахсони алоҳида аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ, ки  дар мудофиаи Москва аз ҳуҷуми ҳавоии душман дар муҳлати аз 22 июли соли 1941 то 25 январи соли 1942 фаъолона иштирок кардаанд;

- хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони алоҳида аз сокинони маҳаллии Москва ва вилояти Москва, ки дар сохтмони иншооти мудофиавии ҳудуди сарҳадӣ, иншооти мудофиавии Фронти захиравӣ- эҳтиётии сарҳадӣ, сарҳадҳо ва ҳудуди Можайск, Подольск ва гирду атрофи Москва фаъолона ширкат варзидаанд;

-партизанҳои вилояти Москва ва иштирокчиёни фаъоли мудофиаи шаҳрҳои қаҳрамон- шаҳри Тула.

Медали «Барои мудофиаи Москва» дар тарафи чапи сина, дар қатори дигар медалҳои СССР, пас аз медали «Барои мудофиаи Ленинград» часпонида мешавад.

То 1 январи соли 1995 бо медали «Барои мудофиаи Москва» тахминан 1 028 600 нафар сарфароз гардидаанд.

МЕДАЛИ «БАРОИ МУДОФИАИ ЗАПОЛЯРЬЯИ СОВЕТӢ»

 zapoljrie копияМедали «Барои мудофиаи Заполярьяи Советӣ» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 5 декабри соли 1944 тасдиқ шудааст.

Муаллифони тасвири медал подполковник В.Алов ва коркарди рассом А.И. Кузнетсов мебошанд. Бо медали мазкур ҳамаи иштирокчиёни мудофиаи Заполярья- хизматчиёни ҳарбии Армияи Сурх, Флоти ҳарбии баҳрӣ ва қӯшунҳои НКВД, инчунин шахсони алоҳида ва шаҳрвандони муқиме, ки дар мудофиаи он бевосита иштирок кардаанд, мукофотонида шудаанд. Давраи мудофиаи Заполярья 22 июни соли 1941 то моҳи ноябри соли 1944- ро дар бар гирифтааст.

Медали «Барои мудофиаи Заполярьяи Советӣ» дар тарафи чапи сина, дар қатори дигар медалҳои СССР, пас аз медали «Барои мудофиаи Кавказ» насб мешавад.

То ҳолати 1 январи соли 1995 бо медали «Барои мудофиаи  Заполярьяи Советӣ» тахминан 353 240 нафар мукофотонида шудаанд.

МЕДАЛИ «БАРОИ ОЗОД КАРДАНИ БЕЛГРАД»

 белградМедали «Барои озод кардани Белград» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР 9 июни соли 1945 тасдиқ гардид.

Муаллифи лоиҳаи медал рассом А.И. Кузнетсов мебошад. Бо медали «Барои озод кардани Белград»  хизматчиёни ҳарбии Армияи Сурх, Флоти ҳарбии баҳрӣ ва қӯшунҳои НКВД, ки дар давоми аз 29 сентябр то 22 октябри соли 1944 бевосита дар ишғол кардану озод намудани Белград, инчунин ташкилотчиён ва роҳбарони амалиётҳои ҷангӣ баҳри озодкунии ин шаҳр иштирок кардаанд, қадр гардидаанд.

Медали «Барои озод кардани Белград» дар тарафи чапи сина, дар қатори дигар медалҳои СССР, пас аз медали «Барои ишғол кардани Берлин» ҷойгир карда мешавад. Бо медали «Барои озод кардани Белград» 70 000 нафар сарфароз гардидаанд.

 МЕДАЛИ «БАРОИ ИШҒОЛ НАМУДАНИ ВЕНА»

za-vzyatie-veni копияМедали «Барои ишғол намудани Вена» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 9 июни соли 1945 ба ифтихори ишғол намудани Вена дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасдиқ шудааст.

Бо медали «Барои ишғол намудани Вена»  хизматчиёни ҳарбии Армияи Сурх, Флоти ҳарбии баҳрӣ ва қӯшунҳои НКВД, ки дар ҳуҷум ва ишғол намудани Вена, дар давраи аз 16 март то 13 апрели соли 1945 бевосита иштирок кардаанд, инчунин ташкилотчиён ва роҳбарони  амалиётҳо барои ишғол намудани ин шаҳр, мукофотонида шудаанд.

Медали мазкур дар тарафи чапи сина, дар қатори дигар медалҳои СССР, баъди медали «Барои ишғол намудани Кёнигсберг» овехта мешавад.

То 1 январи соли 1995 бо медали «Барои ишғол намудани Вена» тахминан 277 380 нафар  мукофотонида шудаанд.

Фароҳамсоз Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

(Идома дар шумораи оянда)