Муколамаи наслҳо

№68 (4488) 04.06.2022

20220528_094838Бо ибтикори ҷДММ «Балоғат» ва шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ чанде пеш дар мактаб — интернати хонандагони лаёқатманди деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ таҳти унвони «Муколамаи наслҳо» маҳфили адабӣ доир гардид, ки дар он сардабири маҷаллаи илмӣ — оммавӣ ва бадеӣ — публитсистии «Душанбе» Садриддин Ҳасанзода, нависанда, публитсист Раҷаб Мардон, шоир Санг Аҳмади Тилло, номзади илмҳои тиб, муовини директори Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон оид ба илм Гурез Азимов ва директори нашриёти «Балоғат» Искандари Носир ҳамчун меҳмони ифтихорӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз меҳмонон аз намоиши китоб ва дастовардҳои эҷодии рӯзноманигор, нависанда Садриддин Ҳасанзода дидан карданд. Тавре зикр шуд, номбурда муаллифи даҳҳо асару ҳикоя, қиссаву очерк буда, дар тӯли фаъолият соҳиби 35 асари пурмуҳтаво ва панҷ дастури таълимист, ки аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар ба чоп тавсия шудаанд.

Зимни қисмати тантанавӣ муовини раиси ноҳияи Восеъ Гулмуродзода Бибинисо иштирок­чиёнро хайра мақдам гуфта, афзуд, ки ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ барои боз ҳам боло бурдани савияи дониши хонандагон ва маърифатнокии насли ҷавон нақши арзанда дорад.

Сипас, аз ҷониби Садриддин Ҳасанзода муҳасиллини муассиса, ки дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзидаю ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

20220528_094843Дар идома хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва №50 ва муҳассилини мактаб – интернати хонандагони болаёқат аз ашъори шоир, нависанда Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва рӯзноманигор Садриддин Ҳасанзода шеър ва пораҳои насрӣ қироат карданд.

Дар охир директори нашриёти «Балоғат» Искандари Носир иштирокчиёни фаъоли маҳфил, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии зикршударо бо ифтихорнома сарфароз гардонид.

Қисмати дуюми чорабинӣ барои дарёфти ҷоми ҷаҳонпаҳлавон Саймаҳмуд Маҳмадрасулов бахшида шуд, ки дар он хонандагон аз рӯи намуди варзиши волейбол сабқат намуда, беҳтаринҳо бо медалу ифтихорнома ва ҷом қадр­донӣ шуданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»