Соҳае, ки таҷдид мехоҳад

Муллоҷон АМИРБЕКОВ: аҳолӣ бояд мушкилотро дарк кунад

№81-82 (3066-3067) 01.07.2013

шарифСоҳаи ветеринарӣ аз ҷумлаи бахшҳои муҳими хоҷагии халқ буда, рушду пешрафти он барои тамоми бахшҳои ҷомеа манфиатовар аст, зеро гӯшту шир ва дигар намуди маҳсулоти чорво аз ҷумлаи маводи мавриди ниёзи аввалия ва ҳаррӯзаи аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Доир ба вазъи имрӯзаи соҳаи ветеринарӣ суҳбате доштем бо сардори Хадамоти назорати давлатии байторӣ, доктори илмҳои байторӣ Муллоҷон Амирбеков.

 - Соҳаи  ветеринарии  ҷумҳурӣ ҳоло дар кадом вазъ қарор дорад ва назорату пешгирии бемориҳои чорво чӣ гуна сурат мегирад?

- Фаъолияти ветеринарӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии хӯрока» танзим мегардад. Барои дар амал татбиқ намудани талаботи қонунҳои мазкур 2400 нафар мутахассисони давлатӣ дар Хадамоти назорати давлатии байторӣ фаъолият доранд. Имрӯз мушкилоти асосӣ бемориҳои сироятие мебошанд, ки аз чорво ба инсон мегузаранд. Чорво даҳҳо намуд касалӣ дорад, лекин имрӯз дар ҷумҳурии мо пешгирӣ ва назорати ҳашт намуди бемориро  пурқувват кардан лозим аст. Инҳо бемории яшур, бурселёз, сил, сӯхтанӣ, ҳорӣ, осба ва чумаи мурғҳо мебошад. Тайи солҳои охир дар заминаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои байторӣ, хушбахтона, бемориҳои сироятии чорво кам шудааст. Масалан, солҳои 2000 — 2001, мутаносибан 530-590 чорво талаф ёфт, дар солҳои 2009, 2010 –ум 230- 127 сар чорво талаф ёфтааст. Талафоти чорвои майда агар дар солҳои 2001-2002 наздик ба 10000 сарро ташкил карда бошад, солҳои 2009-2011 ин рақам 2093, 2053, 2321 сарро ташкил додааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки инҳо маълумотҳои оморианд. Аз касалиҳои зикршуда хатарнокаш бемории сӯхтанӣ мебошад, ки хушбахтона, сол то сол кам мешавад.

Масалан, агар солҳои 2001-2002-юм 47 -28 манбаи сироятёбии касалии сӯхтаниро пайдо карда бошем, пас  соли 2012 танҳо як чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Агар солҳои 2001-2002-юм 153 одам гирифтори бемории сӯхтанӣ шуда бошад, пас ин нишондод соли 2010-ум 15 нафар, соли 2012-ум 30 нафарро ташкил кардааст. Ин маълумотҳои пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

- Ба раванди камшавии бемориҳо кадом омилҳо мусоидат карданд?

- Сабаби  солҳои охир камтар ба беморӣ гирифтор шудани чорво  дар он аст, ки аз соли 2000-ум инҷониб мо аз ҳисоби маблағҳои давлатии зиддиэпизотикӣ чорвои аҳолиро ваксинатсия мекунем. Ҳамин амал ду-се соли дигар давом ёбад, чандин минтақаҳои мамлакат аз бемориҳои сироятии хавфнок озод мешаванд. Масалан, дар ВМКБ ва минтақаи Рашт ин бемориҳо ба мушоҳида намерасад. Эмгузаронӣ дар ин минтақаҳо маҷбурӣ нест, чунки тӯли даҳ сол дар он ҷо ягон намуди беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар дигар минтақаҳо ваксинатсия маҷбурӣ мебошад.

Азбаски мо ва ҳам аҳолӣ имконияти кофии молиявӣ надорем, бо ҳама бемориҳо мубориза бурда наметавонем. Ҳоло ба нақша гирифтем, ки давоми ду-се соли оянда бемории сӯхтаниро пурра рафъ намоем. Мушкилоти дигаре, ки моро ба ташвиш овардааст, бемории буғумдард мебошад. Агар натиҷаи ташхисҳои ҳамасоларо мисол биёрем, маълум мешавад, ки ба ин беморӣ низ чорво зиёд гирифтор мешавад. Масалан, солҳои 2005-2006-ум 553-557 ҳодисаҳои бемории бурселёз ба қайд гирифта шудааст. Тибқи нақшаҳои кории ҳарсола, мо 10 фоизи чорвои аҳолиро ташхис мегузаронем ва рақамҳои пешниҳодшуда  аз мониторинги гузаронидаи мо мебошад.  Аз соли 2007 то соли 2010 Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба мо кӯмаки моливӣ расонид, ки дар натиҷа ин нишондодҳо хеле поин рафтанд, зеро мо тамоми чорвои аҳолии ҳамаи минтақаҳоро эмгузаронӣ кардем. Мушкилоти рақами як айни ҳол бурселёз аст. Сабаб дар он аст, ки замони шӯравӣ дар тамоми минтақаҳо комбинатҳои гӯшту шир фаъолият доштанд ва ҳама маҳсулот дар он ҷо коркард шуда, безарар мегардид ва баъд ба фурӯш мебаромад. Мутаассифона, ҳоло ин корхонаҳо кор намекунанд. Аз ин рӯ, агар чорво касал бошад ҳам, шири онро аҳолӣ истеъмол менамояд. Ҳамаи инро мо назорат карда наметавонем. Хубтараш худи аҳолӣ мушкилотро дарк кунад ва шири коркардшударо истифода барад, зеро корхонаҳои коркарди шир таҳти назорати доимии мо қарор доранд.

- Мошинҳои ширкашон низ аҳолии шаҳри Душанберо бо шир таъмин мекунанд. Оё маҳсулоти пешниҳодкардаи мошинҳои мазкур зери назорат қарор дорад?

- Бале, мошинҳои ширкашон низ таҳти назоратанд, зеро шумораашон хеле кам аст ва мо манбаъҳои асосие, ки онҳо шир мегиранд,  зери назорати худ гирифтаем. Лекин ҳамаи он шаҳрвандонеро, ки дар кӯчаҳо шир мефурӯшанд, назорат карда наметавонем.

- Зикр кардед, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ пайдоиши бемориҳо камтар ба мушоҳида мерасад. Сабаби ин ва пайдоиши ҳашт беморие, ки пешгириаш зарур аст, гуфтед, дар чист?

- Сабаби асосии дар минтақаҳои кӯҳӣ кам будани беморӣ ҳамин аст, ки он ҷо гардиши чорво камтар аст. Масалан, ноҳияи Файзободро гирем. Шояд рӯзе ҳазорҳо чорво аз ин ҷо гузарад, аммо дар ВМКБ чунин нест. Ин сабаби асосӣ аст. Ҷойивазкунии чорво дар навоҳии Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт камтар аст. Дар ноҳияҳое, ки ҷойивазкунии чорво зиёд аст, бемориҳо низ зиёдтар пайдо мешаванд. Асоси пайдоиши ҳашт намуди бемории зикршуда дар он аст, ки аввалан чорворо эм намекунанд, сониян чорво, ки касал шуд, ба духтури чорво муроҷиат намекунанд. Мушкилоти асосӣ он аст, ки шаҳрвандон дар соҳаи байторӣ маълумоти пурра надоранд. Масалан, дар Федератсияи Россия шахсоне, ки чорво доранд, медонанд, ки духтури ветеринар дар куҷо аст. Дар ҷумҳурии мо баъзеҳо 100 сар бузу гӯсфанд доранд, аммо намедонанд, ки духтури ветеринари ҷамоаташ дар куҷост. Чорво касал шавад, онро забҳ карда истеъмол менамоянд, лекин зарарашро ба саломатии инсон фикр намекунанд.

-Дар як суҳбат аз он изҳори нигаронӣ кардед, ки имрӯз аҳолӣ чорворо дар ҳавлиҳояшон забҳ мекунанд ва танҳо гӯшташро истифода мебаранду баъзе аз узвҳои чорворо партов мекунанд. Мехостем ба ин масъала  рӯшанӣ андозед.

- Ин масъала Хадамоти назорати давлатии байториро бисёр ба ташвиш овардааст. Хадамот фармоиши махсус содир намудааст, ки забҳи чорво дар хонаҳо манъ аст. Мутаассифона, назорати ин ҳам бисёр мушкил. Масалан, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 35 ҷойи забҳи чорво дар ҳавлиҳои аҳолӣ мавҷуд аст, ки бисёрии узвҳои онро партов мекунанд. Дар аксари давлатҳои дунё забҳи чорво тариқи корхонаҳои коркарди гӯшт сурат мегирад. Дар мо ин гуна нест. Аҳолӣ худаш чорвояшро забҳ мекунад, аз ин рӯ  партов хеле зиёд мешавад. Дар арафаи идҳои Қурбону Рамазон ҳисоб кунем, бинед, ки чӣ қадар чорво забҳ мешавад. Агар шаст фоизи ҳамин чорво дар корхонаҳои коркарди гӯшт забҳ шавад, ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, партов ҳосил намегардад, ҳамчунин бехатарии маҳсулот муайян ва кафолат дода мешавад.

Мо соли гузашта дар корхонаҳои гӯшту шири Ҳиндустон будем ва дидем, ки ҳамаи чорво мутамарказ забҳ гардида,  ягон чиз партов намешавад. Ҳатто оби барои шустушӯй истифодабурдаашонро ба фермерҳо мефурӯшанд, чунки ғизонокии он баланд аст. Замони шӯравӣ дар Тоҷикистон чор корхонаи калони коркарди гӯшт амал мекард, ки ҳамааш мутамарказ буд. Ҳоло ҳамон корхонаҳо ҳастанд, аммо бисёраш фалаҷ шудааст. Чунки аҳолӣ чорвоашро асосан дар хонааш забҳ мекунад. Нукоти зикргардида дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» ва  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии хӯрока»  инъикос  ёфтааст. Мутаассифона, ин муқаррарот иҷро намешавад. Хусусан Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ин масъала саҳлангорӣ менамояд. Баҳона пеш меоранд, ки агар мо пеши роҳи дар хона забҳ кардани чорворо гирем, нархи гӯшт баланд мешавад. Мо бояд аз он натарсем, ки нархи гӯшт баланд мешавад, зеро агар дақиқ ҳисоб кунем, нарх баланд ҳам намешавад. Хушбахтона, дар баъзе ноҳияҳо ин корро бисёр ҷиддӣ қабул карданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба умқи масъала сарфаҳм рафтанд. Мо ҳоло дар ин ноҳия се нуқтаи замонавии забҳи чорво дорем. Як соҳибкор аз мо дархост кардааст, ки барои содир кардани 5000 кг рӯда ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон иҷозат диҳем. Онро мебаранд дар Арманистон коркард мекунанд ва аз он ҷо ҳамчун маҳсулоти тайёри ин давлат ба Аврупо содир мешавад, зеро дар аксар давлатҳои Аврупо касалии асаби чорво мавҷуд аст, аз ин рӯ рӯдаву почаву устухони онро истифода бурдан мумкин нест. Азбаски дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бемории фавқуззикр нест, мо метавонем ин маҳсулотро дар соҳаи дорусозӣ истифода барем. Дар дигар давлатҳо гӯшти говро коркард карда, ба давлатҳои Африкаву Арабистон ба фурӯш мебароранд. Устухони чорво бошад, пеш аз ҳама барои саноати паррандапарварӣ зарур аст. Агар мо хоҳем, ки саноати паррандапарвариамон пеш равад, пеш аз ҳама, устухони чорво бояд коркард шавад. Мо бошем, гӯштро мехӯрем, устухонашро мепартоем. Дар кишвари Олмон, вақте ки гӯшти устухондор хариданӣ бошед, намеёбед ва барои ин ба ягон деҳоташ рафтан лозим, ки дар он ҷо гӯшти устухондор ё ягон моли майдаро харидорӣ намоед.

- Оё уҳдадориҳое, ки барои ворид ва содир намудани молу маҳсулот давлат муайян кардааст, аз тарафи соҳибкорон пурра иҷро мешавад. Онҳо кадом талаботро  риоя намекунанд?

- Мо бояд қабл аз он, ки соҳибкор ягон намуди молу маҳсулотро ворид карданӣ мешавад, рафта ташкилотҳоеро, ки истеҳсолкунандаанд, биомӯзем. Ҳамон гунае, ки дар Федератсияи Россияву Қазоқистон аст. Масалан, агар шумо хоҳед, ки аз Амрико гӯшт биёред, намояндаи давлатӣ рафта, онро меомӯзад. Мебинад, ки истеҳсолкунанда аз чӣ гуна маҳсулот истифода мебарад. Дуюм, бояд сертификати давлати истеҳсолкунанда ба талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат кунад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» ин масъалаҳо дарҷ шудааст. Ин корҳоро мо қисман иҷро карда истодаем. Барои мисол, бо Ҷумҳурии Туркия мушкилот надорем. ИМА, Канада ва Бразилия барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулот равон кардан, он қадар таваҷҷуҳ надоранд. Аз ин рӯ, ин мушкилот дар он ҷо ҳал намешавад. Масалан, мо ҳасибчаи Канадаро истифода мебарем, аммо барои он ки миқдори кам  мегирем, таваҷҷуҳ надоранд, ки мо корхонаҳои онҳоро дида бароему баъд иҷозат диҳем, ки маҳсулоташон ворид шавад. Лекин вақте маҳсулот ворид мешавад, дар озмоишгоҳҳо аз  ташхис мегузарад ва пурра санҷида мешавад.

- Мушкилоте, ки гуфтанашро бисёр муҳим медонед,чӣ аст?

- Аз ҳама чизи муҳиме, ки гуфтанашро ҷоиз медонам, музди ночизи кормандони соҳаи ветеринарӣ аст. Агар ин вазъ ҳамин тавр давом ёбад, дар оянда гумон аст, ки ҷавонон ба кор оянд. Аз даҳҳо мутахассисе, ки имрӯз тайёр шуда истодааст, мо як даҳсоларо таҳлил кардем, ҳамагӣ як ё ду нафарашон ба кор меоянду халос. Имрӯз музди маоши мутахассисони соҳаи ветеринарӣ ниҳоят паст аст. Ба ҳисоби миёна 200 сомонӣ маош мегиранд. Ғайр аз ин, масъалаи маблағгузорӣ аст. Ҳашт беморие, ки зикр кардем, пешгириаш аз ҳисоби давлат аст, аммо маблағгузорӣ ночиз мебошад. Дигар мушкилот таҷҳизоти замонавии системаи назоратӣ аст. Мо тӯли 20-30 сол аст, ки таҷҳизоти нав нахаридем. Агар ҳамин мушкилот ҳалли худро пайдо намояд, фаъолияти мо вусъат меёбад.

Мусоҳиб

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,  «Садои мардум»