Дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нахустин мулоқоти сардорони ситоди Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, дар ин дидор ҳайати расмии ҷониби Тоҷикистонро муовини якуми сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҳабибулло Сафаров ва ҳайати расмии сарҳадбонони Ӯзбекистонро муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, генерал-майор Н. И. Усманбеков роҳбарӣ намуданд.
Дар мулоқоти мазкур сарҳадбонони ҳар ду давлат зимни натиҷабардорӣ аз муҳофизати сарҳад дар соли 2014, роҳҳои сифатан беҳтар намудани ҳифзи марзи давлатӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолии рустоҳои ҳаммарз,ҷилавгирӣ аз убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, ҳалли муаммо ва муноқишаҳои марзӣ дар сатҳи роҳбарони минтақаҳои сарҳадӣ аз масоили меҳварии ин мулоқот буданд.
Дар поёни ин дидор роҳбарони ҳайатҳо қарордоди ҳамкориҳои судманди дуҷониба барои соли 2015-ро ба имзо расониданд. Зимни ин сафар ҳайати меҳмонон ҳамчунин аз Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва манзили асримиёнагии Хоҷа Камол боздид намуданд.
А.Салимзода