Чанде пеш як гурӯҳ шоирону нависандагони ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот нақши муассири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлат ва рушди босуръати кишвар, иттиҳоди мардум, тарбияи наслҳои ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пойдории оилаҳои ҷавон, тарғиби таъриху фарҳанг ва адабиёти пурғановати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон самараи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, соли 1994 бо ташаббуси Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд таъсис ёфт.
Ҳайатро раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба ҳузур пазируфта, зикр кард, ки маҳз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардид.
Ӯ аз роҳи байналмилалӣ — аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, НБО «Себзор», корхонаҳои саноатӣ ва дигар инфрасохтори муосир ёдовар шуда, онро намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Аҳли зиё аз дастовардҳои фарҳангию иқтисодии вилоят хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки онҳоро бо шеъру асарҳои баландмазмун инъикос менамоянд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»