Вохӯриҳои мунтазами роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома доранд.
Чунин вохӯрӣ бо бонувон ва фаъолони шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки мулоқоти мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва мулоқот бо олимон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар баён гардид, инчунин, бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баргузор мегардад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни суҳбат аз гуруснагӣ, рӯзгори талхи солҳои аввали соҳибистиқлолии мардуми тоҷик, рӯ ба ғарибӣ овардани онҳо ёдовар шуд. Иброз намуд, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ низоми ягонаи иқтисодии он низ аз байн рафт ва барои Тоҷикистони тозаистиқлол мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро дар тамоми соҳаҳо, хосатан энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, ба бор овард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи соҳаҳои кишвар ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуда, Ватани азизи мо имрӯз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор пеш меравад.
Номбурда қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро шарҳу тавзеҳ дода афзуд, ки талаботу меъёрҳои ин қонунҳо ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишвар, баланд бардоштани масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакон равона гардидаанд.
Ҳамзамон, таъкид намуд, ки дар танзими расму оин, талқин намудани урфу одатҳо дар зеҳну шуури наслҳо ягон қувваи дигар бештар аз занону бонувон саҳм гузошта наметавонад.
Раиси кумита аз 2 то ба 5 миллион сомонӣ расидани гранти президентӣ барои бонувони ҳунарманд ва соҳибкор ва дигар ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мисолҳо оварда, аз занон даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон, ки пойдориву устувории давлат аз онҳо сарчашма мегирад, аз заковат ва ақлу хиради солим кор гиранд. Ба хурофоту бегонапарастӣ рӯ овардани онҳоро ҷилавгирӣ карда, расму оин, фарҳангу ҳунарҳои миллиро худро талқин намоянд.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»