17 августи соли равон дар толори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт вохӯрии кормандони воситаҳои ахбори омма бо устодони ин таълимгоҳ баргузор гардид. Ректори донишкада, номзади фанҳои техникӣ Муродалӣ Сангов дар бораи таърихи кушодашавии донишкада ва фаъолияти имрӯзаи он маълумоти муфассал дод.
-Донишкадаи мо, ки ибтидо дар базаи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъсис ёфта буд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, №206 ба донишкадаи мустақил табдил дода шуд. Тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ дар донишкада дар зинаи якуми таҳсилот аз рӯи 16 ихтисос роҳандозӣ шудааст. Соли 2015 дар факултети забонҳо ихтисоси «рӯзноманигорӣ» ва дар факултети асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф ихтисоси «технология ва соҳибкорӣ» кушода шуд.
Имрӯз дар донишкадаи мо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷавонон таҳсил менамоянд. Айни замон 20 нафар аспирант ва унвонҷӯйҳо машғули кори илмӣ мебошанд, ки 4 нафари онҳо дар арафаи дифои рисолаҳои номзадӣ қарор доранд,- гуфт Муродалӣ Сангов.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода зикр намуд, ки мақсади сафари кормандони ВАО ба минтақаи Рашт дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ шинос шудан бо дастовардҳо ва бо мардуми ин диёр аз наздик суҳбат намудан аст.
-Солҳои пеш дар ноҳияи Рашт омӯзишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият дошт ва барои мактабҳои навоҳии минтақа мутахассисони соҳиби таҳсилоти миёнаи касбиро тарбия мекард. Хушбахтона, имрӯзҳо омӯзишгоҳи мазкур ба ҳайси Муассисаи давлатии Коллеҷи омӯзгорӣ вазифаашро иҷро карда истодааст. Омӯзгорони соҳиби таҳсилоти олии касбӣ дар донишкадаҳои омӯзгории шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб тайёр карда мешуданд. Акнун, баъди таъсиси донишкада дар ноҳияи Рашт муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мутахассисон пурра таъмин хоҳад шуд, — гуфт корманди АМИТ «Ховар» Акрами Санг.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асоев иброз дошт, ки ман бори сеюм аст, ки ба донишкадаи мазкур меоям. -Имрӯз бо чашми хеш дидам, ки навигариҳо зиёданд. Донишкада бо техникаи замонавӣ таъмин мебошад. Чунин шароитро на дар ҳамаи донишкада ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дида метавонем. Мо аз дастовардҳои устодон ва донишҷӯёни донишкада шодем ва ният дорем, ки ҳамкориамонро дар оянда боз ҳам хубтар ба роҳ монем. Нашрияи мо барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаи рӯзноманигорӣ дар доираи имконот шароит фароҳам хоҳад овард. Мо кӯшиш менамоем, ки навиштаҳои рӯзноманигорони ояндаи ин донишкадаро дар саҳифаҳои «Садои мардум» ба табъ расонем. Барои беҳтарин рӯзноманигори факултаи рӯзноманигории донишкада ҷоиза таъин мекунем.
Кормандони ВАО баъди анҷоми суҳбат бо аудиторияҳо ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, китобхонаи электронии донишкада, маҷмааи варзиш ва ғайра шинос шуданд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»