Муроҷиати шаҳрвандон механизми муҳими амалигардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳост

№113-114 (4219-4220) 17.09.2020

Сурат барои ГазетаДар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вазифаи муқаддаси ҳар як мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ эътироф гардидааст. Ҳуқуқи муроҷиати шаҳрвандон бошад, дар низоми ҳуқуқу озодиҳои сиё­сӣ мавқеи намоён дорад. Зеро ҳуқуқ ба муроҷиат яке аз воситаҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, ки ба воситаи он субъект метавонад талаботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодиро қонеъ гардонад. Яъне, тавассути арз ё шикоят шаҳрванд мехоҳад ҳалли масъалаи бамиёномадаро дархост намояд ва умедвор аст, ки мақомоти ваколатдор онро дарк ва дастгирӣ менамояд.

Аз ин бармеояд, ки назар ба мавҷуд будани чунин ҳуқуқ дар ин ё он санади меъёрии ҳуқуқии давлатҳо амалигардонии он (ҳуқуқ) одамонро бисёр ба ташвиш меорад. Дар ин хусус мутафаккири барҷаста Шарл де Монтескё гуфтааст: «Ҳангоме ки ман ба ягон давлат ворид мегардам, ба он аҳамият намедиҳам, ки дар он давлат кадом қонунҳо арзи вуҷуд доранд, балки ба он менигарам, ки он қонунҳо чӣ гуна амалӣ мегарданд».

Ҳуқуқ ба муроҷиат на танҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, балки дар Конститутсия низ омадааст, ки аз муҳим будани он дарак медиҳад. Чунончӣ, моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Вобаста ба ин муқаррароти Конститутсия нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва баъдан, 23 июли соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабул гардид, ки механизми амалӣ намудани талаботи моддаи 25-уми Конститутсияро ба таври кофӣ муайян ва танзим менамояд.

Ғайр аз ин, масъалаи муроҷиати шаҳрвандон дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифода меёбанд. Масалан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 апрели соли 2010 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Ҳамчун кафили риояи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон изҳор менамоям, ки баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо бояд омили муайянкунандаи арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад».

Бояд гуфт, баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» доираи муроҷиаткунандагон васеъ гардида, тибқи ном ва матни он ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ метавонанд, ки аз ин ҳуқуқи конститутсионӣ бе маҳдудият истифода баранд. Илова бар ин, аз ин ҳуқуқ шаҳрвандони хориҷӣ низ истифода бурда метавонанд, зеро дар қонуни зикргардида меъёри манъкунанда дар ин хусус ҷой надорад. Ҳамчунин, қонуни амалкунанда намудҳои нави муроҷиатҳоро, аз қабили дархост, таклиф, инчунин муроҷиатҳо тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) пешбинӣ намудааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаҳои 11, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 20 ва 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», кор бо муроҷиати шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Масалан, тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади мусоидат кардан ба барқароркунии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикояти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро (минбаъд муроҷиаткунандагонро) нисбат ба қарор ё амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро вайрон кардаанд, баррасӣ менамояд (агар муроҷиаткунанда нисбат ба ин қарор ё амали (беамалии) ба тариқи судӣ ё маъмурӣ шикоят карда бошад, вале бо қарори оид ба шикояти ӯ қабулгардида розӣ набошад).

Бинобар ин, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи қабули шаҳрвандон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Дар ҳамин асос шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин аз ҷониби мудирони шуъбаҳои соҳавии мақомот вобаста ба ҷадвали қабули шаҳрвандон қабул карда мешаванд. Ин аст, ки ҳар сол дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зиёда аз 2500 муроҷиат ба қайд гирифта шуда, ба муроҷиаткунандагон дар ҳалли масъалаҳои пурсидаашон мусоидат карда мешавад. Масалан, аз давраи таъсисёбӣ то моҳи январи соли 2020 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 27 433 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 5394 адад муроҷиати хаттӣ ва 22039 адад муроҷиати шифоҳӣ мебошанд. Аз ҷумла, дар дастгоҳи марказии мақомот ба ҳисоби миёна соле зиёда аз 240 муроҷиати хаттӣ ва 370 муроҷиати шифоҳӣ ва дар маҷмӯъ 6839 адад (2707 — хаттӣ ва 4132 — шифоҳӣ) баррасӣ гардидааст. Аксари аризаю шикоятҳо аз рӯи иртибот барои баррасӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд.

Дар амалияи ҳаррӯзаи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳам муроҷиатҳои хаттӣ ва ҳам муроҷиатҳои шифоҳӣ, ки ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ворид мегарданд, тибқи таснифоти онҳо асосан ба ҳуқуқ ва озодиҳои зерини инсон ва шаҳрванд тааллуқ доранд: ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа, дигар намудҳои муносибат ва ҷазоҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқ ба саломатӣ, ҳуқуқи шахсони паноҳҷӯяндаю гурезаҳо ва ғайраҳо.

Бояд зикр намуд, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони Дастгоҳи он муроҷиати шаҳрвандонро мунтазам баррасӣ намуда, барои сари вақт ва ҳамаҷониба қонеъ гардонидани арзу шикоятҳои онҳо, пешгирӣ намудани сабабҳои такроран воридшавии муроҷиатҳо ба мақомот, кори зиёдро ба анҷом мерасонанд. Масалан, ҳолати кор бо муроҷиати шаҳрвандон мунтазам дар ҷаласаҳои назоратии мақомот мавриди баррасӣ қарор гирифта, сари вақт ҳал намудани арзу шикоятҳои хаттӣ, талаб намудани ҷавобҳо аз мақомоти марбута, тибқи муқаррарот аз назорат баровардани муроҷиатҳои назоратии ҳалшуда, зери назорат қарор додани шикоятҳо нисбат ба санадҳои судӣ ва ғайра радду бадал мегарданд.

Яке аз хусусиятҳои кор бо муроҷиати шаҳрвандон дар он ифода меёбад, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ташкили сафарҳои корӣ ба маҳалҳо баромада, қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, ки барои ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон ва аризаю шикояти онҳо таъсири мусбат мерасонад. Зеро баррасӣ ва санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз вазифаҳои муҳими мақомот ба ҳисоб меравад.

Чунин ҳолат соли ҷорӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шуда, зимни сафари корӣ ба ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувони вилояти Хатлон, дар маҷмӯъ, 30 муроҷиаткунанда қабул гардид. Маълум шуд, ки сокинони ноҳияҳои номбурда бештар ба проб­лемаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон, аз қабили тақсимоти молу мулки муштарак зимни қатъ гаштани ақди никоҳи ҳамсарон, ба даст овардани қитъаи замин, зӯроварӣ дар оила, саркашӣ аз супоридани алимент, норозӣ будан аз ҳалномаи судӣ, ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаи судӣ, ба сатҳи кофии зиндагӣ, ба таҳсил ва саломатӣ, дастрас набудан ба оби ошомиданӣ ва ғайраҳо муроҷиат намудаанд. Ин самти кор бо муроҷиати шаҳрвандон бештар қобили таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мебошад, чунки имкон медиҳад, ки аксар проблемаҳои мавҷуда дар ҷояш ҳал гардида, қисми дигари онҳо ба мақомоти дахлдор барои ҳал равон карда шаванд. Аз ҷониби дигар, проблемаҳои мавҷуда дар назди роҳбарият ва масъулини шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардида, ҳолати онҳо муайян мегарданд. Масалан, зимни қабул дар ноҳияи Восеъ, бо ҳузури муовини раиси ноҳия, аз ҷониби якчанд муроҷиаткунандаи шаҳраки Восеъ муайян гардид, ки то ҳол мушкилоти оби ошомиданӣ, хусусан дастрас набудани оби ошомиданӣ дар маркази ноҳия мавҷуд аст. Гузашта аз ин, дар арафаи оғози соли нави таҳсил аз ҷониби муроҷиаткунанда (муаллимаи мактаби шаҳрак) иброз шуд, ки то ҳол мактаб ба соли нави хониш омода набуда, шумораи зиёди кӯдакон барои ворид гаштан ба таҳсил дар синфи якум муроҷиат менамоянд, аммо дар мактаб ҷойи кофӣ то ҳол вуҷуд надорад. Ба ҳамин монанд проблемаҳо зиёд буданд.

Ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд самти кор бо муроҷиати шаҳрвандонро тақвият медиҳад, зеро зимни қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо проблемаҳои асосии ҳуқуқи инсон муайян гардида, муҳтавои онҳо дар маърӯзаҳои ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки вобаста ба вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дар қонун муайянгардида ирсол мегарданд, ифода меёбанд.

Бисёр муҳим аст, ки пеш аз оне, ки муроҷиаткунандагон дар ин ё он мақомот қабул карда мешаванд, нахуст бояд шароити кофӣ баҳри онҳо муҳайё гардад. Хусусан, барои шахсони дорои имконияти маҳдуд шароити заруриро муҳайё кардан зарур аст. Масалан, бояд барои қабул утоқи алоҳида, бо дарназардошти мизу курсиҳои кофӣ ва дигар таҷҳизоти лозима мавҷуд бошад. Мутаассифона, аз санҷишҳое, ки кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мақомоти давлатӣ гузаронидаанд, бармеояд, ки дар бисёре аз онҳо то ҳол утоқи қабул, ҷойи навиштани ариза вуҷуд надорад. Ҳол он ки аксар муроҷиаткунандагон аз шаҳру навоҳии дурдасти мамлакат ба ин ё он мақомот ворид мегарданд.

Ҳамин тариқ, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти гуногуни давлатӣ яке аз падидаҳои муҳими демократия буда, баррасии ҳамаҷониба, саривақтӣ ва босамари он дар шароити давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳамчун механизми баамалбарории ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, омили баланд бардоштани салоҳиятнокӣ, масъулиятнокии шахсони мансабдор мусоидат мекунад.

Умед БОБОЗОДА,

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  номзади илмҳои ҳуқуқ