Муроҷиатномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба рӯзноманигорон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

№ 03.05.2021

Ҳамкасбони гиромӣ, дӯстони азиз!

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар баробари дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, ки боиси ҳалокати одамон гардид, изҳори нигаронӣ менамояд. Пеш аз ҳама, ба хонаводаи фавтидагон ва ҷабрдидагони ҳодиса арзи тасаллият намуда, сабри ҷамил хоҳонем.

Рисолати касбии мову Шумо, ҳампешагони азиз, тақозо дорад, ки барои расонидани ҳақиқат ва адолат хидмат намоем. Тибқи меъёрҳои касбиву ахлоқӣ вазифаи расонаҳо беғаразона, мунсифона ва бидуни эҳсосот пешниҳод намудани ахбор роҷеъ ба ҳаводис мебошад.

Ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ нобаробарии иҷтимоӣ ва тақсими захираҳои обӣ ба моҷарои марзӣ оварда расонида буд. Вале ба ин даргириҳо ва баҳсҳо нуқтаи охир нагузоштанд. Даргириву талошҳо дар марз ҳодисаи нав нест, аммо ҳадафи аслии мо бояд инъикоси воқеъбинонаи ин масъалаи ниҳоят доғ бошад. Мутаассифона, чӣ дар расонаҳои чопиву электронӣ ва чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди вазъ иттилои хушунатомез, пур аз эҳсосот ва кинаву адоват паҳн мегарданд.

Мо, журналистон дар чунин вазъ бояд ба эҳсосот дода нашавем, балки ҳамаи масоилро дар тарозуи адлу инсоф баркашида, боиси доман задани алангаи нафрату оштинопазирӣ набошем. Бо риояи меъёрҳои ҳирфавӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар расонидани иттилои дурусту беғараз ва орӣ аз ҳангомаҷӯиҳо ба бинанда, шунаванда ва хонанда мусоидат кунем.

Бори дигар аз Шумо, ҳампешагони азиз ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ инъикоси воқеии вазъият, таҳлили боинсофона ва пешниҳоди матлабро бо факту рақамҳои таҳрифношуда хоҳиш дорем.

Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,

раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон