Ҳамватанони азизу меҳрубон!
Ҳодисаҳои номатлуби рӯзҳои 4-5 сентябри соли равон, ки дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат аз ҷониби як гурӯҳи хиёнаткору ҷиноятпешаи низомӣ, ки бо роҳбарии генерали хоин Абдуҳалим Назарзода сурат гирифта, дар паяш талафоти ҷонӣ ва харобкорӣ ба амал омад, тамоми мардуми кишварамонро ба ташвиш овард.
Боиси таассуф аст, ки чунин нобасомониҳо дар давоми рӯзҳое анҷом гирифтанд, ки дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар пойтахти зебоямон Душанбешаҳр ба ифтихори ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо ва ташаббусу тантанаҳои ҷолибу шавқовар барпо гардида, кулли мардум, хусусан насли ҷавони мамлакат аз оромию субот, ваҳдату якпорчагии марзу бум ва иттиҳоди халалнопазир ифтихору сарбаландӣ карда, шукргузорӣ аз созандагӣ ва шукуфоии кишвар менамоянд.
Дар ҳоле ки мо имрӯз дар як ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ба сар мебарем, ҳар кас фикру назари худро озодона баён медорад ва эъмори давлатеро ҳадафи худ қарор додаем, ки асоси онро риоя ва мурооти қонун ташкил медиҳад, доман задани чунин воқеаҳои номуносиб барои мардуми мутамаддини мо қобили қабул нест. Тоҷикон аз азал халқу миллати созанда буданд, на сӯзанда.
Дар ҳамин замина тӯли солҳои истиқлолият бо талошҳои мақомоти олии мамлакат Тоҷикистони азизи мо симои худро бамаротиб дигар кард. Солона бо маблағҳои ихтисосдодаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сармоягузории хориҷӣ дар қаламрави кишвар садҳо иншооти нав сохта, мавриди истифодабарӣ қарор мегиранд. Даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис мешаванд.
Бинобар ин, таассуфовар ва боиси нигаронӣ аст, ки бархе мансабдорони низомӣ ва думравони он фирефтаи сухану ваъдаҳои бебунёди душманони миллати тоҷик ва иддае аз доираҳои ғаразҷӯ шуда, даст ба ҷинояткорӣ мезананд ва бо ин васила мехоҳанд, ки ба кору зиндагии осоиштаи мардум халал ворид намоянд.
Лекин бо эътимоду боварӣ мо изҳор медорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи роҳбарияти олии кишвар, пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гашта, намегузоранд, ки осоишу оромии ҷомеаро касе халалдор созад. Мусаллам аст, ки сохторҳои қудратӣ ва мақомоти интизомӣ дар муҳлати кӯтоҳ ҷинояткоронро боздошт ва ба муҷозот кашида, суботи саросариро таъмин менамоянд.
Ба ҳамдиёрони азиз-мардуми сарбаланди Тоҷикистон муроҷиат менамоем, ки фирефтаи дасисаи бадхоҳони халқу миллат нашуда, ваҳдату якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва бо шукрона аз суботу оромии кишвар сарзаминамонро боз ҳам ободу шукуфо гардонем.
Муроҷиатнома дар ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қабул шудааст.
АМИТ «Ховар»