Ҳамватанони азиз!
Имрӯз ҳамаи мо аз воқеаҳои фоҷеабор дар ҷаҳони ислом нигаронӣ дорем. Бо дасисаи доираҳои харобкору манфиатҷӯй иддае аз кишварҳои мусулмонӣ дар гирдоби мухолифатҳою даргириҳои шадид қарор гирифта, ҳазорон нафар одам куштаву беватан мегарданд ва маҳалҳои зисташон ба харобазор табдил меёбад. Аҷаб он аст, ки ҳамаи ин ваҳшоният бо номи ислом ва бо зикри исми мубораки Худои таборак ва таъоло сурат мегирад. Дар ҳоле ки кирдорҳои мазкур мухолифи фармудаҳои Илоҳӣ ва кулли қавонини башарӣ буда, даст задан ба чунин аъмол гуноҳҳои нобахшиданианд.
Ҷаҳони ислом асосан ба он ҷиҳат гирифтори инчунин фоҷеа гардидааст, ки ба арзишҳою муқаддасоти асили исломиамон хурофот, зоҳирбинию зоҳирписандӣ дар ислом таҳдид дорад. Ин чизи нав нест. Кӯшишҳои бо шиорҳои авомфиребонаи ба ном исломӣ қонеъ сохтани ғаризаҳои нопоки гурӯҳию шахсӣ ва ба манфиатҳои хеш истифода кардани ислом дар таърихи башарият бисёр буданд. Талошҳои мазкур имрӯз густаришу тақвияти бештар ёфтанд, ки заминаҳояш фақру нодорӣ, бесаводию тангназарӣ ва бехабарии иддае мусулмонон аз дини муқаддаси ислом мебошанд.
Каломи Худовандӣ кирдорҳои мазкурро маҳкум намуда, касонеро, ки миёни мусулмонон тафриқа эҷод мекунанд ва бо номи ислом аъмоли зиддиисломӣ содир менамоянд, «мушрикону мунофиқон» унвон гузоштааст ва мусулмононро даъват кардааст, то аз пайравӣ ба онҳо худдорӣ намоянд. Худованд мефармояд:
«Аз зумраи касоне мабошед, ки дини Худоро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳар чӣ дошт, дилхуш буд». (Рум; 32).
Ҳамчунин Пайғамбари гиромии ислом дар ин маврид мегӯянд: «Касе, ки ҷудоӣ ва тафриқа меандозад, аз ҷумлаи мо нест».
Бузургони гузаштаамон ҳам ба суханони «Каъба чӣ меравӣ?, дилеро дарёб!» ва садҳо ҳикматҳои ҷовидонаи дигар ҷомеаи мусулмониро даъват ба исломи асил намуда, онҳоро аз нораво будани пайравии кӯркӯрона, авомфиребӣ ва зоҳирписандӣ дар ислом огоҳ сохтаанд.
Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон, сарфи назар аз ҳамаи огоҳкуниҳои мазкур, бисёранд ҳизбу ҷунбишҳо, гурӯҳу дастаҳое, ки ба худ унвони исломиро часпонидаю шиорҳои исломиро боло карда, ин дини поку бегазандро ба арсаи муборизаҳои сиёсӣ миёни қувваҳои мухталиф мекашонанд. Гузашта аз ин, бо номи ислом ба худ ноҷавонмардонатарин ва зиддиисломитарин аъмолро раво мебинанд, то дараҷае, ки одамонро зинда ба зинда месӯзонанд. Ҳол он ки ислом чунин амали нангинро манъ кардааст. Ҳазрати Пайғамбар (с) дар ҳадисе мефармоянд: «Фақат Парвардигор ба василаи оташ азобу шиканҷа мекунад».
Ҳамагон бояд бидонанд, ки ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад. Ислом дар табиати худ фарогирандаи тамоми мусулмонон аст.
Имрӯз мо дар арафаи интихобот қарор дорем, ки дар он ҳизбҳои сиёсӣ ширкат меварзанд. Бояд қайд кард, ки дар ин маъракаи сиёсӣ суиистифода аз номи ислом бо ҳар навъ назару ақидаҳои ботили авомфиребона аз рӯи хираду тафаккури солим нест. Интихобот аз рӯи фаҳму идроки ҳар як аъзои бошуури ҷомеа ва тибқи қонунҳо сурат мегирад. Зимнан, ин ҳуқуқи инсонию мусулмонии ҳар фарди ҷомеа мебошад, ки ба кадом ҳизбу барномаи он ва номзади алоҳидаи пешбаришуда раъй медиҳад. Ба ҳеҷ ваҷҳ бояд ҳизбҳо ва номзадҳо аз боварии мардум ба дини мубини ислом суиистифода накунанд. Чунин шеваи кору роҳнамоӣ на ба муқаррароти ислом, на ба ягон қонуни демократия, озодии баёну афкор ва изҳори иродаи сиёсӣ мувофиқат намекунад.
Дар зимни ин, бояд гуфт, ки бисёранд аҳзобу ашхосе, ки бидуни ягон ғараз, бидуни рӯи саҳна кашидани ислому истифодаи он ҳамарӯза дар зикри Худоянд, барои рушду густариши ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ пайи хидмат қарор доранд.
Қазовати ҳама гуна аъмол дар дасти Худои бузург аст. Танҳо қарзи имонӣ ва инсонии хеш медонем, дар ин даврае ки вақти интихоб пеш омадааст, ҳамватанони азизамонро ба ташхиси ҳушмандонаи роҳи ояндаамон, фардои сарзаминамон даъват кунем. Пас мебояд, ки ҳар як мусулмон вақти интихоб илму дониш, ақлу заковатро рӯи кор гирифта, барои фардои ободу осудаи Ватанамон ва сулҳу суботи он масъулиятро дар ҷои аввал қарор бидиҳад.
Муроҷиатнома дар ҷаласаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврали соли 2015 қабул карда шудааст.