Ба ёдбуди аввалин Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродуллоҳи Шерализода
«Дар он рӯзҳои беҳокимиятӣ аз ҷониби хоинони миллати тоҷик депутати мардумӣ, Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», инсони поктинат Муродуллоҳи Шералӣ ба қатл расонида шуд. Ӯ марде буд, ки тамоми ҳаёти худро барои муттаҳидию якпорчагии ҷумҳурӣ, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон сарф мекард. Суханони пурмаънию ҷозибадори ӯ дар сессияҳои Шӯрои Олӣ ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳанд. Хеле хуб аст, ки меҳнаткашони Панҷакент ин марди шарифро бо эҳтироми зиёд пос медоранд. Рӯзи ёдбуди Муродуллоҳ, ки чанде қабл ботантана қайд гардид, мақбараи муҳташаме, ки ба хотири ӯ бунёд шуд, шаҳодат медиҳанд, ки кори ҳақ, мубориза бар зидди зулму истибдод ҳама вақт аз ҷониби халқ дастгирӣ меёбанд ва номи муборизон ҳамеша дар дилу дидаи мардум зиндаю ҷовид хоҳад монд. Мо ҳам имрӯз мазори ин марди шарифро зиёрат карда, ба хешу табор ва наздикони Муродуллоҳ ҳамдардии хешро изҳор намудем. Рӯҳаш шоду мазораш пурнур бод».
Эмомалӣ РАҲМОН, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 июни соли 1993
Тарозуи нодуруст назди ҳама зишт аст, вале санги дақиқ ба ҳама мақбул. Кӯдак нахустин маротиба аз батни биҳишти модар берун меояд, фарёд мекунад. Кӯдаке, ки фарёд намезанад, мариз аст, зеро ӯ аз олами фариштаҳо канда шуда, бо хусусиятҳои ирсӣ по ба замин мегузорад ва ба инсон рӯ ба рӯ гардида, онро ношинос мебинад ва аз тарс фарёд мезанад.
Вақте ки ин ҷо мо дар бораи яке аз инсонҳои равшанзамиру хирадандеша, хушмуомилаю хушгуфтор Муродулло Шерализода ҳарф мезанем, беихтиёр нақли пирони рӯзгори деҳаи Кулолии Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакентро ба ёд меорем, ки ба Муродулло менигаристанду мегуфтанд: — Ӯ дар кӯдакияш бо нури зебое ба дунё омада буд ва имрӯз он нур баръало нурпошӣ мекунад.
Одамони наку аз волидайни арҷманди худ низ мероси хуби инсониро ба худ мегиранд ва бо ҷавҳари инъомкардаи Худованд дар тоза рушд ёфтани олами маънавии худ ҳамчун сарчашмаи пок кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Муродулло шеваи басо латиф дошт. Ӯ бо суханони одилонааш, ки кам сухан мегуфту оқилона ҳарф мезад, чун нуқраи холис шахсони бисёреро ба накукорӣ ҳидоят мекард, аблаҳоне , ки бо бадкирдории худ дилхушӣ мекарданд, аз бани инсон намеҳисобид.
Муродулло Шерализода 5 майи соли 1992 қурбони нахустини роҳи истиқлолият ҳангоми адои вазифа ҳамчун вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Шӯрои Олӣ гардид . Тири нохалаф, тири ҳуққабозон, тири бехирадон, номардон риштаи умри ҷавонмарди марди майдонро канд. Онҳое, ки тир ба ҷони Муродулло заданд, ҳеҷ вақт чӣ будани маргро намедонистанд, зеро онҳо ҳеҷ вақт чӣ будани ҳаётро намедонанд. Инсоне, ки ба қадри ҳаёт, зиндагӣ намерасад ва намедонад, ки ӯ як бор ба ҳаёт меояд, чӣ донад мазмун ва мундариҷаи ин ҳаётро, ин умру ин зиндагиро.
Умри кӯтоҳи Муродулло барои ҳар як инсони дорои ақлу заковат мактаби бузурги ахлоқи ҳамида, мактаби одоби баланди инсонӣ аст, ки аз гуфтору рафтори нобиғаҳои бузурги мо, ки бо хиради пандомезашон афкори тамаддуни башариятро бою ғанӣ гардонидаанд, саршор буд. Ҳатто сухани одитарини ӯ, ки гирди лабони пур аз табассумаш нақш мебаст, бузургтарин ҳарифи ҷангҷӯяшро мағлуб мекард. Дар суханонаш сеҳре буд, ки аз дили пур аз меҳри инсонӣ фаввора мезад ва ҳамчун оби ҳаёт хашми алангазадаи рақибро хомӯш мекард.
Ҳаёт ин фоҷиа аст, вақте ки онро дар нақши калон мебинӣ, ҳаёт мазҳака аст, вақте ба вай аз дур назар меандозӣ. Дар ҳақиқат, касе ҳаётро қадр намекунад, ба қадри он намерасад. Муродулло нисбати халқу миллат ва давлат эътиқоди қавӣ дошт.
Ӯ солҳо дар кишвари Афғонистон хизмати баланди инсондӯстона карда, дар бораи мардуми ин кишвар бо муҳаббату самимият сухан мегуфт. Ба онҳое , ки ин мардумро ба чунин сатҳ оварда буданд, бо нафрат сухан мегуфт. Муродулло таъкид мекард, ки қувваи эътиқод басо бузург аст, ки ҳатто шахси беморро табобат ва сиҳат мекунад. Ӯ боре нақл намуд, ки дар шифохонаи Кобул тарҷумонӣ мекардам. Афғони беморро оварданд, ки ба табибони шӯравӣ эътиқоди қавӣ дошт. Барои давои дарди ҳамон лаҳза доруи зарурӣ мавҷуд набуд ва табибон ба ӯ мефаҳмонданд, ки он доруе, ки бо он ӯро бояд табобат кунанд, дар шифохона нест. Бемор бошад, пофишорӣ мекард, он гоҳ яке аз табибони рус бо номи Владимир Терех бо сӯзандоруи пур аз дору ба назди бемор ҳозир шуду бо як чобукӣ ба ӯ дору гузаронд ва пас аз чанд дақиқа бемор бархесту бо изҳори ташаккур ба роҳаш рафт Пас аз рафтани он бемор сардухтур аз Терех пурсид, ки доруро аз куҷо пайдо кардӣ? Терех посух дод, ки он оби муқаррарӣ буд. Ҳама ба қудрату тавоноии эътиқод тан додем.
То имрӯз мардуми афғон бо некӣ Муродуллоро ёд мекунанд ва боифтихор мегӯянд: — Агар Шӯравӣ 40 нафар шахсони монанди Муродулло закию хирадмандро ба Афғонистон мефиристод, ҳоҷат ба ҷанг набуд.
Муродулло ҳодисаҳои ҳамон давраи Афғонистон ва воқеаҳои дохилии моро, ки нав сӯи истиқлолият гом гузошта буд, таҳлил намуда, роҳбарони вақтро ҳушдор дода буд, ки душманони дохилию хориҷӣ дар кӯшиши ноором кардани кишвар ҳастанд. Бояд ҳушёр бошанд. Сад афсӯс, ки нотавонбинону ҳаннотбасарон, адӯпарастону манфиатҷӯён барои манфиатҳои шахсии худ ҳазорон ҷавонони баруманд, мисоли Муродуллоро, ба коми фано бурданду ҳанӯз ҳам баъзеи онҳо аз панди таърих ибрат нагирифтаанд.
Муродулло Шерализода аввалин Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» — нашрияи Шӯрои Олӣ (ҳоло Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) буд ва ин ном низ тавассути Муродулло ба рӯзнома дода шуд, то ин ки мардуми шарафманди тоҷик аз минбари он фикру андеша, розу ниёзи худро баён намоянд. Муродулло дар кӯтоҳтарин муддат тавонист лаёқатмандтарин рӯзноманигоронро гирдаш ҷамъ орад ва як рӯзномаи барои мардуми ҷумҳурӣ дардошноро омода кард.
Муродулло амалҳои зиштро ҳамеша маҳкум мекард. Чашмони ҳавобаландона, забони дуруғгӯӣ, дастҳое, ки хуни бегуноҳро мерезад, диле, ки қасди бадро мепарастад, пойҳое, ки сӯи бадӣ мешитобад, шоҳиди козибе, ки суханони дурӯғ мебофад ва шахсе, ки дар байни бародарон ситеза меангезад, ин ҳамаро аз ҷумлаи омилҳое меҳисобид, ки ба ахлоқи ҳамида рахна мезанад. Ӯ борҳо мегуфт: — Душмани дохилӣ бадтар аз душмани беруна аст, зеро ӯ дар сурат ба мо монанд аст, аммо дар сират Аҳриман.
Қаҳрамон аз миёни садҳо таваллуд мешавад, шахси хирадманд байни ҳазорҳо кас вуҷуд дорад, аммо шахси ташаккулёфтаро байни садҳо ҳазор ёфтан мушкил аст. Муродулло на қаҳрамон, на хирадманд, балки шахси комиле буд бокамолу соҳибэҳтиром. Ӯ ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан зебо буд. Имрӯзҳо ҳазорон ҷавонон орзу ва умед доранд, ки ба мисоли Муродулло зиндадил, зиндаёд бошанд.
Беҳуда нагуфтаанд: «Шахси оқил ҳамеша аз ҳама гуна ҳолати мураккаб раҳоӣ меёбад. Аммо хирадманд ҳеҷ гоҳ ба ин ҳолат дучор намеояд». Муродулло зери подшоҳи мулки сар — ақл вазифа ва кори худро амалӣ мекард, зеро бидуни ақли комил наметавон кореро ҳал намуд. Бинобар ин, ҳама вақт мегуфт: — Хуб мешуд, ки кам донем, то он даме ки бисёреро намедонем.
Муродулло як истеъдоди табииро доро буд: шунида тавонистани шахси дигарро дошт. Ҳеҷ гоҳ сухани ҳамсуҳбаташро намебурид ё эрод намегирифт. Ба иззати нафси касе намерасид. Барои ин ӯ истеъдоди модарзодӣ дошт. Ақли табиӣ метавонад ҳамаи маълумотро иваз намояд, вале ҳеҷ маълумот ақли табииро иваз карда наметавонад. Шеваи каломи Муродулло монанди навои мусиқӣ дилнишин буд.
Муродулло ҳамчун падар басо шахси арзандаю муносиб буд. Дар симои ӯ писарону духтари ҷавонмаргаш — Нигина дӯсти мушфиқ, раҳнамои сазоворро медиданд. Ибрати Муродулло барои фарзандонаш мактаби бузурги маънавӣ, мактаби ақлу заковат ва ахлоқи ҳамида буд.
Фикр, рӯҳ ва хулқи хушу солиму накуи Муродулло зебу зинати хонааш, осоиши зиндагиаш, рӯзгори хушу ширинаш буд. Дар суҳбати Муродулло соатҳо нишаста боз мехостӣ, ки биншинию ӯро гӯш андозӣ, зеро беҳуда нагуфтаанд: -Онҳое, ки на ҳуши зиёде доранд ва на ақли саршоре мардумони хубу дуруст ҳастанду қобили дӯстӣ ва эътиқод. Мардуми боҳуш, ки аз ақл баҳрае надоранд, зарангу нодуруст ва бевафо мешаванд, аммо он, ки аз ҳушу ақл ҳар ду насиб дорад, фариштаест, ки барои дӯстӣ ва накукорӣ ба ин дунё омадааст. Муродулло дорои ҳам ҳушу ҳам ақл буд ва дар замираш вожаҳои накукорию дӯстӣ маскан дошт. Ӯ ҳамчун фарди асилзодаи ин миллати барӯманд дар дилу дидаи худ ҳамеша сулҳу ваҳдатро ҷо дода буд ва мехост, ки истиқлолияти мардуми шарафманди тоҷик самара диҳад ва самараи он мардумро хушбахту сарбаланд гардонад. Ӯ ин самараи озодию шукуҳеро, ки насиби мардуми мо шудааст, надида бошад ҳам, вале рӯҳи бузурги ӯ аз равзанаи Само ин ҳама самараи истиқлолиятро мебинаду меболаду мефахрад…
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон