Гарону дастнорас

Мушкили иҷора дар Душанбе

№№ 97 (4517) 05.08.2022

image_2022-08-03_13-04-41Иҷора. Ба ин калима аксари нафароне, ки аз деҳоти ҷумҳурӣ ба пойтахт меоянд, шиносанд, балки сабаби ташвишҳои зиёдашон низ гардидааст. Гаронӣ ва дастнорас будани хонаи иҷора дар Душанбе ҳоло мушкили асосии сокинони бешумори шаҳр ба шумор меравад.

Иҷора аз чанд сомонӣ оғоз мешавад?

Дар пойтахт нафароне иҷоранишин мешаванд, ки аз деҳот омадаанд ва дар ин ҷо вобаста ба касбу корашон фаъолият доранд.Табиист, ки ҳоло аксари онҳо аз нархи баланди хонаи иҷораашон шикоят мекунанд. Ба шикоят кардан ҳақ ҳам доранд. Зеро таҳлили мо дар сомонаҳои эълон нишон дод, ки қимати қисми зиёди иҷораҳо аз маоши намояндагони касбу кори гуногун гаронтар аст.

Ба ҳисоби миёна чунин нархро дучор омадем:

 Арзиши иҷораи якхонагӣ аз 1500 сомонӣ боло.

 Арзиши иҷораи духонагӣ аз 1700   сомонӣ боло.

 Арзиши иҷораи сехонагӣ аз 2000 сомонӣ боло.

 Арзиши иҷораи чорхонагӣ аз 2200  сомонӣ боло.

 Арзиши иҷораи панҷхонагӣ аз 2400 сомонӣ боло.

Ин рақамҳоро дилхоҳ нафар метавонад аз сомонаҳои эълон дарёфт кунад ва ё аз нафароне, ки байни иҷорадеҳону иҷорагирон миёнарав мешаванд, пурсад. Муҳимтар аз ин, масъалаи гаронии иҷора мебошад. Яъне, ба фикри инҷониб, мантиқ гум мешавад, вақте ки имзои мо дар шартномаи меҳнатӣ зери 1200 сомонӣ меистад, вале арзиши хонаи иҷораамон аз 1500 сомонӣ болост.

Ба болои ин ҳама гарониҳо, бояд гуфт, ки боз ҳам дар нархҳои зикршуда хонаи иҷора ёфтан мушкил аст: лавозимоти рӯзгор надоранд, макони ҷойгиршавиашон қулай нест (мактаб, боғчаи кӯдакон, фурӯшгоҳ аз хона дур ҳастанд) ва ғайраҳо.

Чӣ гуна метавон дар пойтахт соҳиби иҷора шуд?

Се роҳи мувофиқ мавҷуд аст, ки бисёриҳо дар Душанбе соҳиби иҷора шаванд:

Якум, хонаи хешу табор, дӯст ва ё шиносашонро ба иҷора мегиранд.

Дуюм, дар ду ва ё зиёда корхона кор мекунанд.

Сеюм, дар муассисаву ташкилоти хориҷӣ фаъолият мекунанд ва ё ба тиҷорат машғул мешаванд.

Дар бобати гурӯҳи аввал ба бисёр нафарон вохӯрдан мумин аст, ки танҳо бо ин роҳ имкони дар Душанбе зиндагӣ карданро доранд. Онҳо хешу табор ва ё дӯсту шиносе доранд, ки хонаи иловагӣ дошта, бе пул ё бо пули кам иҷора медиҳанд.

Вобаста ба гурӯҳи дуюм гуфтан мумкин аст, ки ҳоло дар пойтахт чунин нафарон бисёранд. Албатта, дар як вақт ду ҷо фаъолият кардани шаҳрвандони Тоҷикистон расман мумкин нест, вале ин ҳолат ҷой дорад ва инро аксарият медонанд.

Гурӯҳи сеюми одамон бошанд, дар муассисаву ташкилоти хориҷие, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, вобаста ба касбашон кор мекунанд. Фарқи онҳо ин аст, ки маоши баланд мегиранд ва имкони пардохти маблағи хонаи иҷораро доранд.

Мушкили дигар

Бо вуҷуди гарону дастнорас будани хонаи иҷора дар Душанбе боз мушкиле дар миён аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ҳалли он имкон надорад.

Ҳоло мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вақте ки сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ истиқоматкунандаи пойтахти кишвар мешаванд, бояд худро дар маҳали зисташон ба қайд гиранд, дар акси ҳол аз ҷониби масъулин ҷарима мешаванд.

Дар ин маврид, ҳуқуқшинос Беҳрӯз Султонов чунин гуфт:

- Шаҳрвандоне, ки худро аз қайди маҳали зист бароварда, дар муҳлати муқарраргардида ба қайди ҷои лозима ё қайди ҷои минбаъдаи истиқомат намегузоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳангоми санҷиш аз ҷониби шахсони салоҳиятдор ошкор гардид, ки шаҳрванд дар муҳлати муайянгардида худро ба қайд нагирифтааст, мутобиқи талаботи моддаи 469 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод тартиб дода мешавад. Мутобиқи ин моддаи қонун, чунин навъи ҷазо пешбинӣ шудааст:

«Моддаи  469. Маскуният бе шиноснома  ё  бидуни қайд

1. Барои бе шиноснома маскун будани шаҳрвандоне, ки бояд шиноснома дошта бошанд ё бо шиносномаи беэътибор, инчунин бидуни қайд зиндагӣ кардан, ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир кардани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад».

Муаммо ин аст, ки бояд ҳар иҷоранишин худро дар маҳали зисташ ба қайд гирад, вале мутаассифона, иҷорадиҳандагон барои дар қайди хонаашон гузош­тан розӣ намешаванд, зеро онҳо намехоҳанд ба як иҷоранишин, ки барояшон чандон шинос нест, чунин имкон диҳанд.

Ба киҳо дар Душанбе хона  иҷора намедиҳанд?

Ҷои баҳс нест, ки аксари донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт аз навоҳии дурдастанд. Агар бархе дар хонаи хешу табор ва хобгоҳҳо иқомат кунанд, пас, бешубҳа, метавон гуфт, ки қисми зиёдашон дар ҷустуҷӯи хонаи иҷора мешаванд. Мутаассифона, бархе аз соҳибони иҷораҳо ба донишҷӯён ҳоло хонаашонро барои иҷора намедиҳанд. Онҳо ба он фикранд, ки донишҷӯён вазъи хонаашонро хароб мекунанд.

Илова бар ин, дар сомонаҳои эълон ба эълонҳое ҳам дучор меоем, ки соҳибхонаҳо хонаҳояшонро ба иҷора додан мехоҳанд ва дар зер чунин таъкид мекунанд. «Ба донишҷӯён дода намешавад, лутфан нороҳат накунанд».

Хулоса

Ҳоло аксари иҷорадиҳандагон хонаҳояшонро ба қавле пинҳонӣ, бе шартномаи хаттӣ ба иҷора медиҳанд ва ҳар навъе, ки хоҳанд, арзишашро муайян мекунанд. Ба фикри инҷониб, агар масъулин ба бозори иҷора дар Душанбе, ба иҷорадиҳандагон аҳамият диҳанд, мушкилоти мавҷуда то андозае роҳи ҳалро меёбад, дар акси ҳол рӯз аз рӯз иҷораҳо гарону иҷорагирон саргардон мешаванд.

Ҳ. Тоҳирӣ,

«Садои мардум»