Проблема ва мулоҳиза

Мушкилиҳо нархи моҳиро баланд нигоҳ медоранд

№7 (3957) 17.01.2019

Бо вуҷуди он ки дар вилояти Хатлон чанд хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият менамоянд, нархи гӯшти моҳӣ дар бозорҳои вилоят гарон буда, аз 25 то 35 сомониро ташкил медиҳад. Сабаб дар чист? Чаро соҳа ба таври бояду  шояд рушд намекунад?

Ин  дар ҳолест, ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат, аз 2 июли соли 2008 таҳти №306 «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» қабул гардида, бо мақсади зиёд кардани саршумор, маҳсулнокӣ, такмил додани сифатҳои генетикии моҳӣ ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам аст.

Дар доираи барнома 4-уми августи соли 2015 Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон ташкил ёфта, айни ҳол 221 хоҷагии моҳипарварӣ дар 2 240  гектар замин фаъолият доранд. Бояд то соли 2020 теъдоди хоҷагиҳо ба 250 расонида шавад.

Сабаби гаронии нархи гӯшти моҳиро мутахассисону коршиносони соҳа дар баланд будани арзиши хӯроки моҳӣ, фоиз­ҳои баланди қарзи бонкӣ ва нарасидани мутахассисони ҳирфаӣ арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфти сардори Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон Алимаҳмад Гулов, арзиши моҳичае, ки аз хориҷи кишвар оварда мешавад аз 1 сомонию 60 дирам то 2 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад. Барои як килограмм вазн гирифтани моҳӣ 4,7 воҳиди хӯроки консентратӣ лозим аст. Хароҷоти қувваи барқу сӯзишворӣ низ гарон буда, фоидаи кам боқӣ мемонад.

- Калонтарин хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон — «Моҳии хушзот»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Гули сурх»-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Моҳии Хамадонӣ»-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба шумор мераванд. Мутаассифона, онҳо бо иқтидори аз 27 то 40 дарсад фаъолият доранд, — иброз намуд Алимаҳмад Гулов.

Сарзоотехники идораи кишоварзии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Таваккал Гадоев фаъолияти «Парваришгоҳи моҳии хушзот» -и ноҳияро қаноатбахш арзёбӣ намуда, афзуд, ки соли 2018 он 320 тонна моҳӣ истеҳсол намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 20 тонна зиёд мебошад.

- Бо вуҷуди он ки дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарё 90 гектар замини хоҷагӣ осеби ҷиддӣ дид, нақшаро бо сари баланд иҷро намуданд, — изҳор намуд ӯ.

Баҳриддин Талбаков, узви хоҷагии моҳипарварии «Гулмоҳӣ» -и ноҳияи Дӯстӣ, бо таассуф изҳор намуд, ки барои 1 килограмм вазн гирифтани моҳӣ дар як мавсим 60 килограмм ғизо зарур аст. — Гаронии нархи ғизои моҳӣ имкон намедиҳад, ки истеҳсолро хуб ба роҳ монем, — илова кард вай.

Аз баланд будани фоизи қарзи бонкӣ Алимаҳмад Гулов низ изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ аз таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон мисол оварда, зикр кард, ки дар он ҷо бонки махсусе бо 8-9 дарсади солона қарз пешниҳод мекунад.  Чанд сол пеш кишвари ҳамсоя 8 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол мекард. Ҳоло 85 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол мекунад. Соли 2019 дар Ӯзбекис­тон  бояд 165 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол карда шавад. Бонкҳои ҷумҳурӣ низ бояд ҳамин гуна иқдомро роҳандозӣ намоянд. Дар ин сурат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ умед хоҳем баст, — гуфт ҳамсуҳбатам.

Мушкили дигаре, ки боиси нигаронӣ гардидааст, шикори ғайриқонунии моҳӣ мебошад. Барои рафъи ин мушкил иддае аз сокинони вилоят бо ирсоли нома ба унвони раиси вилояти Хатлон тақозо карданд, ки пеши роҳи маҳвсозони насли моҳӣ гирифта шавад.

Мутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Зайниддин Одинаев иброз дошт, ки соли 2018 дар вилоят баҳри пешгирии шикори ғайриқонунии моҳӣ 196 санҷиш гузаронида шуд. Дар натиҷа, нисбат ба вайронкунандагони қонун 106 протоколи маъмурӣ  тартиб дода шуда, 13 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима гардиданд.

Дар умум, метавон гуфт, бо шароити мусоиди иқлим ва захираҳои обие, ки ҷумҳурӣ дорад, метавонад дар оянда ба яке аз кишварҳои содиркунандаи гӯшти моҳӣ табдил ёбад. Танҳо масъулонро зарур аст, ки ҳар чӣ бештар ба соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»