МУШКИЛОТ ҲАЛЛИ ХУДРО ПАЙДО КАРД

№ 20.09.2024

1Сокинони деҳаҳои Девдор, Хушкасангоб, Туданӣ ва Зардолуваки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин солҳо буд, ки аз сабаби надоштани пули мошингузар барои рафтуо ба деҳаҳои ҳамсоя мушкилӣ доштанд. Бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Сиёвуш Ҳисайнов дар деҳаи Девдор пули мошингузар ба дарозии 12 метр сохта ба истифода дода шуд.  

Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Шӯрообод Умар Қамарзода иттилоъ дод, деҳаи Девдор аз маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар масофаи 10 км дур ҷойгир буда, аз солҳои пешин то инҷониб пули дуруст барои рафтан ба деҳаҳои ҳамсоя набуд ва сокинон дар фаслҳои зимистону баҳор бо машаққати зиёд ба деҳаҳои ҳамдигар рафтуо менамуданд.

Иншооти мазкур дар доираи таҷлил аз Ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, мушкилоти чандинсолаи сокинон, бахусус баҳри убур аз селроҳа, ки бештар дар фасли баҳор ба сокинон монеа эҷод мекард, бартараф гардид.

 Ҳамчунин, изҳор гардид, ки дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ ва сокинон байни деҳаи Девдор ва Хушкасангоб ба масофаи 3,5 километр роҳ пурра сангфарш гардида, барои асфалтпӯш намудан омода гардидааст.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»